Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Футболбозони навраси тоҷик дар Сочи дувум шуданд


Дастаи футболи хурди Тоҷикистон дар Бозиҳои дувуми ҷаҳонии ҳамватанони наврас дар Сочи ҷойи дувумро соҳиб шуд.

Дастаи Тоҷикистон оид ба футболи хурд дар Бозиҳои дувуми ҷаҳонии ҳамватанони наврас, ки аз 24 то 29 апрел дар Сочии Русия баргузор шуд, ҷойи дувумро соҳиб гашт. Ин бозиҳо бо ширкати беш аз 600 варзишгари наврас аз 46 кишвар барпо гардид.

Дар маросими ифтитоҳи бозиҳо ширкаткунандагонро қаҳрамони секаратаи Бозиҳои олимпӣ Ирина Роднина, вакили Думаи давлатӣ, президенти Федератсияи варзиши мактабии Русия, муборакбод гуфт ва ба онҳо муваффақият орзу намуд.

Ба барномаи бозиҳо шаш намуди варзиш дохил буд: футболи хурд, волейбол, шиноварӣ, шоҳмот, теннис рӯи миз ва стрит-бол ё баскетболи 3х3.

Варзишгарони навраси Тоҷикистон дар намуд - футболи хурд вабаскетболи 3х3 – ширкат карданд.

Дастаи Тоҷикистон дар сабқати футболи хурд дар гурӯҳи «А» бар тимҳои Туркманистон бо ҳисоби 10:1, Олмон - 8:0 ва Осетияи Ҷанубӣ - 6:1 пирӯз шуда, бо 9 имтиёз мақоми аввалро касб кард ва ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт. Футболбозони навраси тоҷик дар чорякфинал бар дастаи Канада бо ҳисоби 11:3 ғолиб омаданд. Баъдан дар даври ниманиҳоӣ мунтахаби Қирғизистонро бо ҳисоби 2:1 шикаст дода, ба финал баромаданд. Вале дар бозии ниҳоӣ аз дастаи мизбонон – Русия – бо ҳисоби 1:2 мағлуб гаштанд. Футболбозни навраси тоҷик барои ҷойи дувум бо медалҳои нуқраи Бозиҳои дувуми ҷаҳонии ҳамватанони наврас мукофотонида шуданд.

Дастаи Тоҷикистон аз ҳисоби бозигарони тими «Солор»-и Душанбе бо раҳбарии мураббӣ Насим Набиев тартиб ёфтааст. Ба ҳайати даста Гурез Холов (дарвозабон), Ислом Зоиров, Эмомалӣ Аҳмадхон (капитан), Шӯҳрат Элмуродов, Азизбек Ҳасанов ва Ҳасанҷон Латипов дохил буданд.

Натоиҷи сабқати наврасон оид ба футболи хурд:

Ҷойи 1-ум— Русия

Ҷойи 2-юм — Тоҷикистон

Ҷойи 3-юм — Қирғизистон

Ҷойи 4-ум — Туркманистон

Ҷойи 5-ум — Украина

Ҷойи 6-м — Юнон

Ҷойи 7-ум — Канада

Ҷойи 8-ум — ИМА

Ҷойи 9-ум —Осетияи Ҷанубӣ

Ҷойи 10-ум — Ирландия

Ҷойи 11-ум — Латвия

Ҷойи 12-ум — Литва

Ҷойи 13-ум — Олмон

Ҷойи 14-ум — Қазоқистон

Ҷойи 15-ум — Беларус

Ҷойи 16-ум — Туркия

Ҷойи 17-ум — Люксембург

Дастаи Тоҷикистон оид ба баскетболи 3х3, ки аз ҳисоби бозигарони«ЮНИКС-1» ва «СДЮШОР №5»-и Душанбе ташкил шуда буд, дар Бозиҳои дувуми ҷаҳонии ҳамватанони наврас дар Сочи ҷойи панҷумро соҳиб шуд.

Натоиҷи сабқати наврасон оид ба баскетболи 3х3:

Писарон

Ҷойи 1-ум— Сочи

Ҷойи 2-юм — Ҷумҳурии Қрим

Ҷойи 3-юм — Узбакистон

Ҷойи 4-ум — Гурҷистон

Ҷойи 5-ум — Тоҷикистон

Ҷойи 6-ум — Абхазия

Ҷойи 7-ум — Вилояти Ленинград

Ҷойи 8-ум — Муғулистон

XS
SM
MD
LG