Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии паҳлавонони тоҷик дар Боку


Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Grand Slam” дар Боку шикаст хӯрданд.

Дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо бо номи “Grand Slam” (“Тоскулоҳи бузург”), ки рӯзҳои 6-8 май дар пойтахти Озарбойҷон - Боку - баргузор шуд, 447 варзишгар (279 мард ва 168 зан) аз 76 кишвари ҷаҳон иштирок карданд. Дар ин мусобиқа, ки байни мардону занон дар 7 вазн сурат гирифтааст, варзишгарон, инчунин, барои имтиёзҳои олимпии Бозиҳои соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия мубориза бурданд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи пурнуфуз се гуштигири маъруф – Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, Саидҷалол Саидов ва Фарҳод Раҳимов - намояндагӣ карданд.

Нахуст Фарҳод Раҳимов дар рақобатҳо дар вазни то 81кило рӯзи 7-уми май дар даври аввал аз Карлос Луз (Португалия) шикаст хӯрд.

Ду паҳлавони дигари тоҷик дар рӯзи охирини мусобиқа – 8-уми май – вориди рақобат шуданд. Саидҷалол Саидов дар вазни то 100 кило дар нахустин қувваозмоияшро ба Рафаэл Бузакарини (Бразилия) бохт.

Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар вазни беш аз 100 кило, ки дар даври аввал Мичел Ҳоракро аз Ҷумҳурии Чех мағлуб кард, дар даври дувум аз Темуулен Баттуғла (Муғулистон) шикаст хӯрд.

Маблағи ҷавоизи мусобиқа 154 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медод: ҷойи 1-ум: 5000 доллар, ҷойи 2-юм: 3000 доллар, ҷойи 3-юм: 1500-долларӣ.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо 3 медали тилло, 1 нуқра ва 2 бириҷӣ мақоми аввалро касб кард. Испания (2-0-1) ҷойи дувум ва Нидерланд (1-2-0) ҷойи севумро соҳиб шуданд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа:

Мардон
60 кг

1. ГАНБАТ Болдбаатар (Муғулистон)
2. НАГАЯМА Рюҷи (Ҷопон)
3. МАККЕНЗИ Ашлей (Британияи Кабир)
3. УРОЗБОЕВ Диёрбек (Узбакистон)

66 кг
1. ПУЛЯЕВ Михаил (Русия)
2. МУКАНОВ Азамат (Қазоқистон)
3. КАРИМОВ Тарлан (Озарбойҷон)
3. УРИАРТЕ Сугои (Испания)

73 кг
1. ШАРИПОВ Миралӣ (Узбакистон)
2. БОБОЕВ Ғиёсҷон (Узбакистон)
3. ОРУҶОВ Рустам (Озарбойҷон)
3. САИ Йинҷиригала (Чин)

81 кг
1. НАГАСЕ Таканори (Ҷопон)
2. ИВАНОВ Ивайло (Булғористон)
3. МАРКОННЧИНИ Маттео (Италия)
3. САЛВА МОРАЛЕС Иван Фелип (Куба)

90 кг
1. НЮМАН Маркус (Шветсия)
2. КУКОЛИ Александр (Сербия)
3. КЛЕРГЕТ Аксел (Фаронса)
3. ДЕНИСОВ Кирилл (Русия)

100 кг
1. ГВИНИАШВИЛИ Бека (Гурҷистон)
2. КИРҶЕНИКС Миклос (Маҷористон)
3. ПЕТЕРС Дмитрий (Олмон)
3. ВОЛФ Аэрон (Ҷопон)

+100 кг
1. ХАММО Якив (Украина)
2. МЕЙЕР Рой (Нидерланд)
3. БОР Барна (Маҷористон)
3. МОУРА Давид (Бразилия)

XS
SM
MD
LG