Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикасти “Истиқлол” аз “Триполи”дар Душанбе


Дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон аз дастаи «Триполи»-и Лубнон бо ҳисоби 1:3 мағлуб шуд.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони чоркаратаи Тоҷикистон, дар бозии даври шашум ва ниҳоии сабқати гурӯҳии Ҷоми AFC(Конфедератсияи футболи Осиё)-2016 дар гурӯҳи “В” аз тими “Триполи”, собиқ қаҳрамон ва барандаи дукаратаи Ҷоми Лубнон, бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд. Ин бозӣ шаби сешанбеи 10-уми май дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд.

Ҳарсе гол дар нимаи дувуми бозӣ зада шуд. Саъд Юсуф, бозигари “Триполи”, дар дақиқаи 46-ум ҳисобро боз кард. Фатҳулло Фатҳуллоев, нимҳимоятгари “Истиқлол”, дар дақиқаи 69-ум бо зарбаи сахт аз масофаи дур ҳисобро баробар намуд. Вале баъдан дар муддати чор дақиқа меҳмонон ду бор тӯбро вориди дарвозаи мизбонон карданд. Голи дувуми лубнониҳоро Майкл Кафу Ҳелегбе дар дақиқаи 82-юм ва голи севумро Валид Фаттоҳ дар дақиқаи 86-ум ба ҳадаф расонданд.

Ёдовар мешавем, бозии аввали ин ду даста дар Лубнон бо пирӯзии «Триполи» бо ҳисоби 2:1 хотима ёфта буд.

Дар бозии дигари даври шашуми мусобиқаи гурӯҳи “В” рӯзи 10 май дастаи «Нафт Ал-Васат»-и Ироқ дар майдони худ тими «Ал-Файсалӣ»-и Урдунро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод.Голи ягонаро Ҷасим Муҳаммад дар дақиқаи 52-юм зад.

Ба ин тартиб, дар мусобиқаи гурӯҳи “В” дастаи «Нафт Ал-Васат» бо 15 имтиёз ғолиб шуд. ”Ал-Файсалӣ” бо 11 имтиёз ҷойи дувумро соҳиб гашт. Ҳарду даста ба даври баъдӣ роҳ ёфтаанд.

“Триполи” бо 7 имтиёз дар ҷойи севум қарор гирифт. “Истиқлол” бо як имтиёз дар зинаи охирин ҷойгир шуд. Футболбозони Лубнон ва Тоҷикистон аз ҳаққи ширкат дар даври баъдии мусобиқаи Ҷоми AFC-2016маҳрум шуданд.

Ҳайатҳои дастаҳо дар ин бозӣ чунин буд:

«Истиқлол» (Тоҷикистон): Никола Стошич, Сиёвуш Асроров, Ҷаҳонгир Ҷалилов (Фаридун Шарифов, 57), Парвизҷон Умарбоев, Нуриддин Давронов (капитан), Петро Ковалчук, Дилшод Восиев (Нозим Бобоҷонов, 70), Фатҳулло Фатҳуллоев, Аҳтам Назаров, Давронҷон Эргашев, Манучеҳр Ҷалилов.

«Триполи» (Лубнон): Абду Тафеҳ, Эммануэл Офори Тейе, Муҳаммад Истанбелӣ (МустафоЭл-Кассаа, 60), Саъд Юсуф, Абдул Азиз, Майкл Кафу Ҳелегбе (Муҳаммад Мақсуд, 90+2), Ҳамза Алӣ, Аҳмад Муғрабӣ (Абдуллоҳ Муғрабӣ, 55), Валид Фаттоҳ, Аҳмад Диаб, Абдуллоҳ Толиб (капитан).

Огоҳонида шуданд:Давронҷон Эргашев, Манучеҳр Ҷалилов (ҳарду аз “Истиқлол”), Мустафо Эл-Кассаа (“Триполи”).

Сардовар:Фу Мин (Чин).

Нозири доварон: Виктор Колпаков (Қирғизистон).

Комиссари бозӣ: Ҳамид Муъминӣ (Эрон).

Душанбе, 10 май, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ,6000 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастиигурӯҳи “В”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Нафт Ал-Васат» (Ироқ)

6

5

0

1

9-3

15

2

«Ал-Файсалӣ» (Урдун)

6

3

2

1

10-6

11

3

«Триполи» (Лубнон)

6

2

1

3

8-10

7

4

«Истиқлол» (Тоҷикистон)

6

0

1

5

4-12

1

XS
SM
MD
LG