Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин бохти “Саройкамар” дар мусобиқаи Лигаи аввал


Дар даври панҷуми мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон “Саройкамар”-и Панҷ барои аввалин бор шикаст хӯрд.

Дастаи “Саройкамар”-и ноҳияи Панҷ, ғолиби феълии мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон, дар даври панҷум дар меҳмонӣ аз тими “Парвин”-и ноҳияи Бохтар бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд. Ин аввалин бохти футболбозони ноҳияи Панҷ дар мусобиқаи имсола ба шумор меравад. “Саройкамар” дар ҷадвали мусобиқа бо 12 имтиёз ба ҷойи дувум фуромад.

Дастаи «Панҷшер»-и ноҳияи Румӣ, ки бар тими мизбон – “Коммуна”-и Фархор – бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд, дар ҷадвали мусобиқа ба ҷойи аввал баромад. “Панҷшер” низ 12 имтиёз дорад ва таносуби тӯбҳояш нисбат ба “Саройкамар” беҳтар аст.

Дастаи «Помир»-и Душанбе, ки дар майдони худ тими «Чашма»-и Шаҳритусро бо ҳисоби бузурги 6:3 шикаст дод, бо 10 имтиёз дар зинаи севум қарор дорад.

Мусобиқаи лигаи аввали Тоҷикистон. Даври 5-ум

«Канд» – «Кӯктош» – 0:2

Голҳо: Некрӯз Козимов, 53 (0:1). Некрӯз Козимов, 76 – аз пеналтӣ (0:2).

«Помир» – «Чашма» – 6:3

Голҳо: Фаридун Неъматов, 4 (1:0). Фирдавси Зайнуллозода, 11 – аз пеналтӣ (1:1). Фаридун Неъматов, 12 (2:1). Фирдавси Зайнуллозода, 45+1 (2:2). Ҳувайдо Малиев, 57 (3:2). Тоҳир Малодӯстов, 78 (4:2). Тоҳир Малодӯстов, 84 (5:2). Саидмухтор Азимов, 90+2 (6:2). Фирдавси Зайнуллозода, 90+5 (6:3).

Аз майдон хориҷ шуд: Ҳусейн Нурматов («Помир»), 90+4, Сулаймон Гадоев («Чашма»), 90+4.

«Локомотив» – «Исфара» – 0:1

Гол: Сӯҳроб Баҳодуров, 28.

«Коммуна» – «Панҷшер» – 0:1

Гол: Абдухалил Боронов, 52.

Аз майдон хориҷ шуд: Абдухалил Боронов («Панҷшер»), 81 – корти 2-юми зард.

«Парвин» – «Саройкамар» – 3:1

Голҳо: Шаҳбоз Солиев, 34 (1:0). Анвар Авазов, 63 (1:1). Фозилҷон Сатторов, 75 (2:1). Анушервон Валиев, 90+4 (3:1).

«Ваҳдат» – «Зарафшон» – 2:1

Голҳо: Хушбахт Қараев, 34 (1:0). Хушбахт Қараев, 44 (2:0). Самариддин Бадеҳов, 56 (2:1).

Аз майдон хориҷ шуд: Беҳрӯз Сафаров («Ваҳдат»), 78 – корти 2-юми зард.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Панҷшер» (Румӣ)

5

4

0

1

9-2

12

2

«Саройкамар» (Панҷ)

5

4

0

1

9-4

12

3

«Помир» (Душанбе)

5

3

1

1

14-7

10

4

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

4

3

0

1

6-2

9

5

«Парвин» (Бохтар)

4

2

1

1

7-6

7

6

«Ваҳдат» (Ваҳдат)

4

2

1

1

6-6

7

7

«Исфара» (Исфара)

4

2

1

1

4-4

7

8

«Чашма» (Шаҳритус)

5

1

2

2

10-10

5

9

«Коммуна» (Фархор)

5

1

1

3

5-7

4

10

«Канд» (Конибодом)

5

1

1

3

3-7

4

11

«Локомотив» (Душанбе)

5

1

1

3

3-10

4

12

«Ҳулбук» (Восеъ)

4

1

0

3

5-10

3

13

«Зарафшон» (Панҷакент)

5

0

1

4

4-11

1

Нишонзанҳо: Фирдавс Зайнуллозода («Чашма») – 7 тӯб, Абдухалил Боронов («Панҷшер») – 6 тӯб, Шаҳром Самиев («Помир») – 5 тӯб, Давлатмурод Наимов («Коммуна»), Тоҳир Малодӯстов («Помир») Некрӯз Козимов («Кӯктош») – 4-тӯбӣ.

Даври 6-ум:

20 май (ҷумъа)

«Панҷшер» – «Помир»

«Исфара» – «Коммуна»

«Кӯктош» – «Локомотив»

«Ҳулбук» – «Канд»

21 май (шанбе)

«Саройкамар» – «Ваҳдат»

«Чашма» – «Парвин»

Оғози бозиҳосоати 17:00

XS
SM
MD
LG