Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавонон: Пулис бояд мефаҳмонд, на дашном мекард


Бархе аз раҳгузарони хиёбонҳои Душанбе гуфтанд, ки бархӯрди, ба қавли онҳо, номуносиби пулис бо боздоштшудаҳои ҷашни "ҳолӣ" бовари сокинонро ба нозирони тартибот коста хоҳад кард.

Навори бадрафторӣ бо гурӯҳе аз боздоштшудаҳои ноболиғ дар шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт сару садои зиёдеро барангехт. Бархе аз сокинон рафтори маъмурони милисаро маҳкум карда ва хостори ҷазо додани онҳо шудаанд.

Дар як пурсиши сарироҳӣ бархе аз раҳгузарони хиёбонҳои Душанбе ба хабарнигорони Озодӣ гуфтанд, ки чунин муносибати маъмурони пулис бовари сокинонро ба нозирони тартибот коста хоҳад кард. Онҳо гуфтанд, ки истифодаи алфози қабеҳ ва дашномҳои гушношунид аз сӯи пулис нисбат ба ширкатдорони ин ҷашн ва дар маҷмуъ афроди боздоштшуда ғайри қобили қабул аст.

НАЗАРИ СОКИНОНРО ДАР ИН ВИДЕО БИБИНЕД:

Ҷавонон: Пулис бояд мефаҳмонд, на дашном медод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:41 0:00

ВКД: КАСЕ МУРОҶИАТ НАКАРДААСТ

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки алакай барои таҳқиқи қазияи боздошту бозпурсии иштирокдорони ҷашни ҳиндии "Ҳолӣ" дар Душанбе ва навори бадрафторӣ супориш додааст. Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи вазорат, рӯзи 20 май ба Озодӣ гуфт, ин масъала таҳти назорати онҳост ва хулосаашонро баъди анҷоми таҳқиқ эълон хоҳанд кард.

Як рӯз қабл аз ин, Садриддинов гуфта буд, ки дар воқеъ, гурӯҳе аз ҷавонон рӯзи 15 май баъд аз таҷлили ҷашни "Ҳолӣ" дар кӯчаҳо дастгир шуда, вале баъди бозпурсӣ ҳамаашон озод гардидаанд. Ӯ аз ҷавононе, ки ҳангоми боздошт дар як ҷашни солонаи ҳиндуҳо аз ҷониби милисаҳо дашному таҳқир шунидаанд, дархост кардааст, ба ин ниҳод муроҷиат кунанд.

Манобеи огоҳ мегӯянд, ки модари яке аз ин наврасон ба вазорат аз рафтори маъмурони милиса бо фарзандаш шикоят кардааст.

Ҷалолиддин Садриддинов
Ҷалолиддин Садриддинов

​Дар навори савтии 16-дақиқаӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, шунида мешавад, чӣ гуна маъмурони милиса модарони боздоштшудаҳо ва бахусус духтаронро дашноми қабеҳ медиҳанд ва садои торсакӣ меояд. Дар ин савт, ки пинҳонӣ дар телефони ҳамроҳ сабт шудааст, шунида мешавад, ки як нафар бо доду фарёд ва ба муроҷиат ба каси дигар мегӯяд: "Ҳиндустондаӣ? Дар куҷоен Шумо? Тинҷӣ намефоратон?" ва сипас дашномҳои қабеҳе медиҳад, ки ба далоили ахлоқӣ зикри онҳо ҷоиз нест.

Навори бозпурсӣ ва бадрафторӣ бо гурӯҳе аз боздоштшудагон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:08:35 0:00
Линки мустақим

"25 БОР БА САРИ БОЗДОШТШУДАҲО ДАСТ БОЛО КАРДААНД"

Бино ба гузоришҳо ин ҷавононро маъмурони милисаи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дастгир кардаанд. Яке аз наврасон мегӯяд, ки дар мактаби рақами 13-и шаҳри Душанбе таҳсил мекунад.

Дар ин навор як духтар бо садои гиряолуд хоҳиш мекунад, ки ӯро назананд, аммо марде, ки зоҳиран маъмури милиса аст, дашномдиҳиро идома медиҳад ва сару садо онҷо идома мекунад. Ба хабарнигори Озодӣ муяссар нашуд, то ин лаҳза шарҳи мақомоти шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомониро ба даст орад.

Эътилофи созмонҳои мубориза бо шиканҷа гуфтааст, ки омода аст, дар сурати муроҷиати ҷабрдидагон ба додситонӣ аз ҳуқуқи онҳо ҳимоят кунад. Дилрабо Самадова, як узви эътилоф мегӯяд, онҳо навори мазкурро таҳлил карда ба ин хулоса омадаанд, ки “милисаҳо дар давоми 16 дақиқа 25 маротиба ба сари боздоштшудаҳо даст боло кардаанд ва садои 7 милиса шунида мешуд”. Дилрабо Самадова ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо омодаанд, дар сурати муроҷиати волидони ҷабрдидагон ё худашон онҳоро ройгон бо адвокат ва ё вакили дифоъ таъмин кунанд.

Насиба Каримова, раҳбари созмони “Алегрия”, ки баргузоркунандаи ҷашни Ҳолӣ дар Душанбе буд, ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо барои баргузории ҷашн аз мақомот иҷозат гирифтанд. Каримова гуфт, ин наврасону ҷавонон замоне боздошт шуданд, ки баъди ҷашни Ҳолӣ бо дасту рӯи ношуста ба хонаҳояшон мерафтанд.

Насиба Каримова
Насиба Каримова

"Ҳатто барои вайрон накардани тартибот ҳудуди даҳ нафар кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия ҳам ҳузур доштанд. Аз соати 16 то 18 баргузор шуд. Ҳудуди 400 нафар иштирок доштанд, вале дақиқ намедонам он бегоҳ чанд нафар боздошт шудаанд," - гуфт Насиба.

Ҳолӣ ё “Ҷашни рангҳо” як ҷашнвораи миллӣ-мазҳабӣ аст, ки дар Ҳиндустон, ба вижа таввасути ҳиндуҳо дар моҳи март ва ҳангоми шурӯи фасли баҳор баргузор мешавад. Ин ид дар тамоми Ҳиндустон рӯз таътили расмӣ аст. Дар Тоҷикистон ҳам чанд сол аст, ки як гурӯҳ аз ин ҷашн истиқбол мегиранд.

Бадрафторӣ бо боздоштшудаҳо чанд рӯз баъд аз он сурат мегирад, ки намояндагони ҳукумати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал гуфтанд, ки барои аз байн бурдани бадрафториву шиканҷа дар муассисаҳои ислоҳотӣ ва боздоштгоҳҳо чораҳои зиёд меандешанд.

XS
SM
MD
LG