Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

4 даста рақибони Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё шуданд


Мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон (U-19) бо тимҳои Узбакистон, Тайван, Ҳонконг ва Покистон бозӣ мекунад.

Бар асоси қуръакашии мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2017 миёни духтарони синашон то 19-сола, ки рӯзи 19 май дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё, дар Куала-Лумпури Малайзия, баргузор шуд, мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-19) дар гурӯҳи «В» бо тимҳои Узбакистон, Тайван, Ҳонконг ва Покистон рақобат мекунад.

Бозиҳои гурӯҳи «В» аз 29 октябр то 6 ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.

Мунтахаби Тоҷикистон нахустин бозиашро дар ин мусобиқаи интихобӣ 29 октябр бо дастаи Покистон анҷом медиҳад. Духтарони футболбози тоҷик дар даври дувум 31 октябр бо мунтахаби Узбакистон, дар даври севум 2 ноябр бо Тайван ва дар даври ниҳоӣ 6 ноябр бо Ҳонконг бозӣ мекунанд.

Бояд гуфт, ки мувофиқи қуръакашӣ дастаҳо ба чор гурӯҳ тақсим шудаанд. Чор дастаи ғолиби гурӯҳҳо ба мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2017 роҳхат мегирад ва ба чор дастаи беҳтарини мусобиқаи охирини қитъавӣ – Ҷопон, Кореяи Шимолӣ, Кореяи Ҷанубӣ ва Чин – ҳамроҳ мешавад. Дар марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё миёни духтарони то 19-сола ҳамагӣ ҳашт даста ширкат меварзад.

Натоиҷи қуръакашии мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2017 миёни духтарони то 19-сола:

Гурӯҳи «A»: Австралия, Урдун, Лубнон, Сингапур, Ҷазоири Мариани Шимолӣ.

Гурӯҳи «B»: Узбакистон, Тайван, Ҳонконг, Тоҷикистон (мизбон), Покистон.

Гурӯҳи «С»: Тайланд (мизбон), Мянмар, Фаластин, Қирғизистон.

Гурӯҳи «D»: Эрон, Ветнам (мизбон), Ҳиндустон, Филиппин.

Тақвими бозиҳо дар гурӯҳи “В”

Даври 1-ум

29 октябр (шанбе)

Ҳонконг – Тайван

Покистон – Тоҷикистон

Даври 2-юм

31 октябр (душанбе)

Тоҷикистон – Узбакистон

Покистон – Ҳонконг

Даври 3-юм

2 ноябр (чоршанбе)

Узбакистон – Покистон

Тайван – Тоҷикистон

Даври 4-ум

4 ноябр (ҷумъа)

Тайван – Покистон

Ҳонконг – Узбакистон

Даври 5-ум

6 ноябр (якшанбе)

Тоҷикистон – Ҳонконг

Узбакистон – Тайван

XS
SM
MD
LG