Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Референдум аз нигоҳи як аробакаши бозори "Шоҳмансур"


Ҳамзиддин Наҷмиддинов
Ҳамзиддин Наҷмиддинов

Ҳамзиддин Шамсиддинов мегӯяд, дар бораи ислоҳи Қонуни асосӣ ҳеч иттилоъ надошт, вале мақомоти маҳаллашон гуфтаанд, ки баъди қабули тағйирот зиндагии онҳо беҳбуд хоҳад ёфт.

Ҳамзиддин Наҷмиддинов аробакаши бозори "Шоҳмансур"-и шаҳри Душанбест. Масири маъмулии роҳи ин марди 58-сола имрӯз, 22 май, ба макони кораш аз ҳавзаи райъдиҳӣ гузашт.

Ҳарчанд ӯ дар бораи бандҳо ва ҷузъиёти тағйирот ба Қонуни асосӣ маълумоти зиёд надошт, аммо дар баробари ҳазорҳо шаҳрванди кишвар мавқеи худро ба ислоҳи беш аз 40 банди Сарқонун рӯшан кард. Аз се узви қобили раъй дар хонавода ӯ ягона нафар аст, ки дар ин ҳамапурсӣ ба хотири ислоҳи Конститусия ширкат кард.

Писари бузург ва ноновари ӯ, Муҳиддин Наҷмиддинов соли пеш дар Русия ҳалок шуд ва ҳоло ҳама тасмимгириҳо ва бори зиндагӣ бар дӯши ин мард аст.

Гулчеҳра Пирова
Гулчеҳра Пирова

Гулчеҳра Пирова, ҳамсари Ҳамзиддин шавҳарашро ба кор ва ширкат дар референдум гусел кард. Ӯ бинобар дурии роҳ наметавонад, шавҳарашро ҳамроҳӣ кунад.

Гулчеҳра мегӯяд, ҳоло ҳама бори зиндагӣ ба дӯши ин мард афтодааст: "Як бача дорам. Як бачаи дигарам дар Русия мурд. Ман як бандаи сӯхтагии дари даргоҳам. Сад бор шукри мӯйсафедам, ҳазор бор шукр, ки зиндагиамро бо ҳамон аробааш пеш мебарад. Роҳ дур аст, мо имрӯз ба интихобот намеравем. Ҳамин мардак овоз диҳад, бас аст."

Ҳамзиддин Наҷмиддинов дар маҳаллаи маъруф ба "Теппаҳои шарқӣ", воқеъ дар маҳаллаи Шоҳмансури шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунад.

Референдум аз нигоҳи як аробакаши бозори "Шоҳмансур"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:04 0:00

Аз хонаи Ҳамзиддин то ба қитаъи наздиктарини райъдиҳӣ 4 километр роҳ аст. Ӯ дар бораи бандҳои дигаргунӣ ба Қонуни асосӣ огоҳӣ надорад. Танҳо масъулони маҳаллӣ барояш гуфтаанд, ки агар дар ин ҳамапурсӣ иштирок кунад, зиндагии ӯву дигар ҳаммаҳаллаҳояш иваз хоҳад шуд.

Дар маҳалле, ки ӯ зиндагӣ мекунад, мактабу беморхона нест: "Мумкин барои маҳаллаи мо мактаб кунанд, боғчаи бачагона кунанд. Баъд аз ду-се сол ба нафақа мебароям. Шояд нафақа ҳам зиёд шавад. Гуфтанд, ки рафта овоз диҳед, мо ҳамин масъалаҳоро мебинем. Ин дар нақша ҳаст. Моро гуфтанд, овоз диҳед, ҳатман беҳбудӣ мешавад. Дигар мо чӣ кор дорем, ки чӣ мешавад, ё намешавад. Ҳукумат, ки гуфт, албата ягон беҳбудӣ мешавад."

Барои ҷалби раъйдиҳандагон дар ин қитаъи раъйдиҳӣ сарояндагон сурудхонӣ мекунанд. Ҳамзиддин имкони зиёди истодан дар ин маъракаро надошт ва зуд маҳалли райъдиҳиро тарк кард, ки то бегоҳ барои харидани нон пул кор кунад.

Ҳамзиддин Наҷмиддинов
Ҳамзиддин Наҷмиддинов

Ҳамзиддин ду сол аст, ки дар бозори Шоҳмансури Душанбе аробакашӣ мекунад. Ӯ пештар ронанда буд, аммо пас аз марги писараш дар Русия дар биноияш заъф пайдо шуд ва тавони ронандагиро аз даст дод.

Ҳамзиддин қонунҳоро дуруст намефаҳмад ва аз он ки дар ҷомеа чӣ мегузарад, огоҳӣ ҳам надорад. Бо ҳама мушкилот дар кор, ӯ аз зиндагии худ ризост: "Як рӯз 30 сомонӣ, як рӯзи дигар 20 сомонӣ меёбам. Шукри Худо, ба зиндагӣ мерасад. Ҳамин ҷангу ҷанҷол нашавад, тарақ-парақ нашавад, парон-парон нашавад, халқ як роҳи зиндагиашро пеш мебарад. Як кас ароба мегирад, як кас посбон меистад ва рӯзаш мегузарад. Нооромӣ, ки бошад, на аробакаш зиндагии хуб карда метавонад, на вазир."

Маълум нест, ки як раъйи ин аробакашӣ бозори Шоҳмансур ба раванди ҳамапурсӣ чӣ таъсир мегузорад. Ҳарчанд, худи ӯ ҳам чизе дар бораи ҳамапурсӣ намедонад, аммо умедвор аст, ки бо ширкаташ дар ин маърака ҳатман зиндагӣ тағйир меёбад. Ҳадди ақалл дар маҳалли онҳо мактаб месозанд ва роҳи набераҳои ӯ то мактаб наздиктар хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG