Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Канд” пешакӣ ба даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфт


Дастаи футболи “Канд”-и Конибодом ба ҳаққи ширкат дар даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон мушарраф шуд.

Бозиҳои аввали марҳилаи пешакии мусобиқоти Ҷоми Тоҷикистон-2016 оид ба футбол баргузор шуданд. Аа панҷ бозӣ дар чортоаш мизбонон ғалаба карданд ва як бозӣ бо натиҷаи мусовӣ анҷом ёфт.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи “Канд”-и шаҳри Конибодом дар бозӣ бо тими “Исфара бо ҳисоби фаннии 3:0 ғолиб дониста шуд, ки зеро футболбозони шаҳри Исфара ба бозӣ наомаданд. Дар натиҷа “Канд” пешакӣ ба 1/8 финали Ҷоми Тоҷикистон-2016 баромад.

Бозиҳои ҷавобии марҳилаи пешакии Ҷоми Тоҷикистон рӯзҳои 31 май ва 1 июн баргузор мешаванд.

Ҷоми Тоҷикистон-2016

Марҳилаи пешакӣ. Бозиҳои аввал

«Помир» (Душанбе) – «Кӯктош» (Рӯдакӣ) – 3:0

Голҳо: Тоҳир Малодӯстов, 47 (1:0). Далер Ёдгоров, 67 (2:0). Шаҳром Самиев, 81 (3:0).

«Саройкамар» (Панҷ) – «Ҳулбук» (Восеъ) – 3:0

Голҳо: Хуршед Ямоқов, 15 (1:0). Хуршед Ямоқов, 23 (2:0). Ҷонибек Ғаффоров, 80 (3:0).

«Коммуна» (Фархор) – «Парвин» (Бохтар) – 1:1

Голҳо: Парвиз Саидмуродов, 61 (0:1). Беҳрӯз Мамедов, 85 (1:1).

«Панҷшер» (Балхӣ) – «Чашма» (Шаҳритус) – 4:1

Голҳо: Абдухалил Боронов, 2 (1:0). Шавкат Худойназаров, 19 (2:0). Эраҷ Неъматуллоев, 61 (2:1). Шавкат Худойназаров, 77 (3:1). Фирӯз Одинаев, 83 (4:1).

«Ваҳдат» (Ваҳдат) – «Локомотив» (Душанбе) – 4:1

Голҳо: Хушбахт Қараев, 40 (1:0). Абубакр Сайфов, 49 (2:0). Фазлиддин Сафаров, 67 (2:1). Хушбахт Қараев, 74 (3:1). Хуршед Назаров, 90+2 (4:1).

«Канд» (Конибодом) – «Исфара» (Исфара) – 3:0 (натиҷаи фаннӣ)

Марҳилаи пешакӣ. Бозиҳои ҷавобӣ

31 май (сешанбе)

«Кӯктош» (Рӯдакӣ) – «Помир» (Душанбе)

1 июн (чоршанбе)

«Ҳулбук» (Восеъ) – «Саройкамар» (Панҷ)

«Парвин» (Бохтар) – «Коммуна» (Фархор)

«Чашма» (Шаҳритус) – «Панҷшер» (Балхӣ)

«Локомотив» (Душанбе) – «Ваҳдат» (Ваҳдат)

Оғози бозиҳо соати 17:00

XS
SM
MD
LG