Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳусайнӣ ва Ҳаит ҳабси абад гирифтанд, дигарон - аз 2 то 28 сол (ВИДЕО)


Наздикони бархе аз аъзои маҳкумшудаи ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ. 2-юми июн, шаҳри Душанбе.
Наздикони бархе аз аъзои маҳкумшудаи ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ. 2-юми июн, шаҳри Душанбе.

Саидумар Ҳусайнӣ ва Муҳаммадалӣ Ҳайит, муовинони раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, рӯзи 2 июн аз сӯи Додгоҳи олии кишвар ба ҳабси абад маҳкум шуданд. Бино ба иттилои вакилони дифоъ ва наздикони боздоштшудаҳо, Зарафо Раҳмонӣ ба ду соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум шуда, бақия аз 14 то 28-солӣ гирифтаанд:

Раҳматуллои Раҷаб - 28 сол

Абдуқаҳҳори Давлат - 28 сол

Қиёмиддин Авазов - 28 сол

Саттор Каримов 28 сол

Зубайдуллоҳи Розиқ - 25 сол

Муҳаммадалии Файзмуҳаммад - 23 сол

Саъдидини Рустам - 20 сол

Воҳидхон Қосиддинов - 20 сол

Ҳикматулло Сайфуллозода - 16 сол

Муҳаммадашариф Набиев - 14 сол

Абдусамад Ғайратов - 14 сол

Резагул, ҳамсари Зубайдуллоҳи Розиқ
Резагул, ҳамсари Зубайдуллоҳи Розиқ

ВОКУНИШҲО

Яке аз хоҳарони Муҳаммадалии Ҳаит, ки барои ҳабси абад маҳкум шудааст, аз ин қарори додгоҳ норизоӣ кард ва гуфт, барои бозбинии ҳукм тамоми талошашонро хоҳанд кард. Ӯ гуфт, ки “бародарамро бар асоси 14 модда маҳкум карданд. Ягон далел надоштанд. Ҳеч хел адолат набуд. Муҳаммадалӣ Ҳаит, ки то ин вақт аз мушкили Тоҷикистон мегуфту аз мушкили ҷавонон мегуфт, бояд як умр дар зиндон нишинад?” Хоҳари Муҳаммадалии Ҳаит афзуд, додгоҳ фарзандони ноболиғи ӯро низ ба назари эътибор нагирифтааст: “Аз хонаи ӯ ягон чиз наёфта буданд, яроқ наёфта буданд. Ман солҳои 90-ум як бародарамро беному нишон гум карда будам, ҷавоби ӯро то ҳол касе надодааст. Акнун ин бародарамро бе асос маҳкум карданд.”

Резагул, ҳамсари Зубайдуллоҳи Розиқ, гуфт, ки шавҳараш як марди кӯҳансоли, ба қавли ӯ, мариз аст, ки ҳар дам ба табобат ниёз дорад ва вазъаш дар зиндон бад хоҳад шуд. “Наход ӯ ҳам солҳои тӯлонӣ дар зиндон бимонад? Барои додхоҳӣ ба куҷо биравем?”

Вокуниши хонаводаҳои аъзои ҲНИТ баъд аз эълони ҳукми суд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:53 0:00

ВОКУНИШИ АҲЗОБ

Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ мегӯяд, аз додгоҳ дигар натиҷае дар нисбати ҳукми аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон интизор шудан мумкин набуд. Зеро ба гуфтаи ӯ, ҳукумати Тоҷикистон дар миқёси ҷаҳон ин ҳизбро ҳамчун ҳизби сиёсӣ террористӣ муаррифӣ кард ва мусалламан дар ҳоли ҳозир ангезаи сиёсӣ дар Тоҷикистон аз арзишҳои ҳуқуқи инсон боло меистад. Аз ин рӯ, додгоҳ дар нисбати онҳо ҳукмҳои сангинро раво дидааст.

Шокирҷон Ҳакимов изҳори таассуф кард, ки ҳукумати Тоҷикистон тавсияҳои созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои алоҳида дар нисбати сарнавишти аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ба инобат нагирифт.

НАЗАРИ ТАҲЛИЛГАР

Саймуддин Дӯстов
Саймуддин Дӯстов

Саймуддин Дӯстов, таҳлилгари тоҷик, ҳукми 14 узви аршади ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро аз як сӯ “пешгӯишаванда” ва аз тарафи дигар “бениҳоят шадид” номид. Ӯ рӯзи 2 июн дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, “инҷо ягон ҷойи тааҷҷуб надорад. Дар таърихи сиёсии минтақа ҳадди ақал дар даҳ асри охир ҳамеша бар рақибони сиёсӣ муносибати бераҳмона сурат гирифтааст. Ҳоло масъалаи дигаре, ки дар робита ба ин ҳодиса матраҳ мешавад, ин аст, ки роҳбарияти ҳанӯз боздоштнашудаи ҳизби мамнӯи наҳзатро чӣ ҳукмҳо онҳоро интизор аст? Интригаи рӯзи сиёсати Тоҷикистон барои тобистону тирамоҳи соли ҷорӣ ҳамин аст.”

Ин таҳлилгари тоҷик афзуд, “Душанбеи расмӣ баъди ин ҳукм интизор аст, ки исломи сиёсӣ тадриҷан аз байн меравад, бахше аз ҷонибдорони ҳукумат дар ҷомеа низ ҳаминро интизоранд. Аммо сенарияи дигар ҳам рӯшантар шуд: баъди ин ҳукм ва дарозо шудани афв шояд бори нахуст дар 15 соли ахир заминаҳои молӣ барои фаъолияти экстремистӣ дар Тоҷикистон пайдо хоҳанд гашт.”

ТАЛАБИ ДОДСИТОНӢ

Қаблан, дар мурофиаи рӯзи 11 май, намояндаи додситонӣ ё айбдкоркунандаи давлатӣ аз додрас тақозо карда буд, ки панҷ узви аршади ин ҳизб - Саидумар Ҳусайнӣ, Муҳаммадалии Ҳаит, Қиёмиддин Авазов, Абдуқаҳҳори Давлат ва Раҳматуллои Раҷаб ба ҳабси абад маҳкум шаванд.

Дигар айбдоршавандаҳо - Ҳикматулло Сайфуллозода ва Зубайдуллоҳи Розиқ 30-солӣ, Муҳаммадалии Файзмуҳаммад 29 сол, Саттор Каримов 28 сол, Саъдиддини Рустам 24 сол, Воҳидхон Қосиддинов 22 сол, Муҳаммадшариф Набиев ва Абдусамад Ғайратов 16-солӣ аз озодӣ маҳрум шаванд. Додситон тақозо карда буд, то Зарафо Раҳмонӣ, ҳуқуқшиноси ҳизб ва танҳо зан дар миёни айбдоршавандаҳо ба 5 соли зиндон маҳкум бишавад.

Як иттиҳоми асосӣ алайҳи ин аъзои баландпояи ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ҳамдастӣ дар ошӯби генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли гузашта мебошад. Дар сухани охирини худ ҳар як нафар аз ин муттаҳамон ба бегуноҳии худ таъкид карда, аз додгоҳ хоста буданд, ки нисбат ба онҳо ҳукми одилона содир шавад. ​

XS
SM
MD
LG