Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон шикори сангпуштро манъ кард (ВИДЕО)


Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон сангпуштро ба Китоби Сурх ворид карда, шикорашро манъ намудааст. Ба ин китоб асосан номгӯи растаниву ҳайвоноте, ки ба онҳо хатари нестшавӣ таҳдид мекунад, шомил карда мешаванд.

Абдусаттор Саидов, муҳаққиқи Пажӯҳишгоҳи зоология ва паразитологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон, рӯзи 13 июн дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, мушоҳидаҳои олимон нишон додааст, ки шумораи сангпуштҳо дар қаламрави Тоҷикистон ба шиддат коҳиш ёфтаанд. Ӯ афзуд, “саршумори сангпуштон дар Тоҷикистон ба таври ҳалокатбор кам шудаанд. Аз ин рӯ, бо пешниҳоди мо сангпушт ба намуди ҳайвоноти осебпазир дар Китоби Сурхи Тоҷикистон ворид карда шуд.”

Саидов мегӯяд, пажӯҳишҳои охирини гузаронидаи Пажӯҳишгоҳи золоогия ва паразитология собит кардааст, ки саршумори сангпуштҳо дар Тоҷикистон ба якборагӣ 3 баробар коҳиш ёфтаанд. Ба таъкиди ин ҳамсуҳбати мо, шумораи сангпуштҳо дар макони сукунати маъмулиашон - нимбиёбонҳо агар дар солҳои 70-ум дар як километри мураббаъ аз 30 то 40 буд, мушоҳидаҳои охир нишон додаанд, ки ҳоло дар ҳамин миқдор масоҳат замин 10 сар сангпушт боқӣ мондааст.

40 сомонӣ барои нест кардан
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:32 0:00

Бинобар хулосаи пажӯҳишгарони ин пажӯҳишгоҳи Академияи илмҳо яке аз сабабҳои рӯ ба инқироз ниҳодани популятсияи сангпуштон дар Тоҷикистон ин тиҷорат ва қочоқи он ба хориҷ аз кишвар аст. Абдусаттор Саидов гуфт: “Сангпушт, мутаассифона, ба як объекти тиҷоратӣ табдил ёфтааст. Солҳои пештар саросар доштани сангпуштон ва интиқоли миқдори зиёди онҳо ба хориҷи кишвар ҷой дошт. Албатта, ин ҳама омилҳо дар кам шудани саршумори он дар табиати Тоҷикистон бетаъсир намемонад”.

Аммо Абдуқодирхон Маскаев, роҳбари Шӯъбаи назорати давлатии назорат ва ҳифзи набототу ҳайвоноти Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, коркарди саросарии кишорвазии заминҳо, яъне омили антропологӣ низ яке аз сабабҳои аслии кам шудани сангпуштон буда метавонад. “Вақте заминҳо шудгор мешавад дар бисёре аз марвид тухми он нест мешавад, ҳангоми дарави алаф низ дар дашту даман саршумори он метавонад кам шавад,” –гуфт ӯ.

Маскаев афзуд, бо ворид шудани сангпушт ба Китоби Сурх шикори он манъ карда шуда, барои онҳое, ки ин муқарраротро нақз мекунанд, ҷарима пешбинӣ шудаст. Ниҳоди масъули назорати вазъи набототу ҳайвонот дар Тоҷикистон маҳз Кумитаи ҳифзи муҳити зист муайян шудааст.

Аммо бо вуҷуди таъин шудани ҷазо барои сайди сангпушт, дар сомонаҳои ройгони эълон дар Тоҷикистон эълонҳое ба мушоҳида мерасанд, ки дар он гуфта мешавад: “Сангпушт мехарем. 40 сомонӣ!” Аз муҳтавои ин эълонҳо бармеояд, ки сангпушт дар Тоҷикистон ба таври озоди хариду фурӯш мешавад.

Овозаҳо дар мавриди хариду фурӯш ва қочоқи сангпушт аз Тоҷикистон замоне бештар шуд, ки шумораи шаҳрвандони Чин, ки дар сохтмонҳои Тоҷикистон ширкат мекарданд, бештар шуд. Бори охир масъулони Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар арзёбии таъсири зистмуҳитии навсозии роҳи Душанбе-Турсунзода гуфтаанд, ки онҳо дар бораи фурӯши ғайриқонунии сангпуштҳо ба коргарони чинӣ гузориш гирифтанд, ки мухолифи меъёрҳои ҳифзи муҳити зист ҳангоми кор ба ҳисоб меравад.

Дар ин арзёбӣ гуфта мешавад, дар соли 2014 гузоришҳое расид, ки коргарони чинӣ аз мардуми маҳаллӣ сангпушт мехариданд ва истеъмол мекарданд. Хадамоти гумурки Тоҷикистон низ борҳо аз мавридҳои ҷилавгирӣ аз қочоқи сангпушт ба Чин хабар дода буд. Гӯшти сангпушт дар Чин ҳамчун ғизо ва таоми хушлаззат харидорони зиёд дорад.

XS
SM
MD
LG