Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анвар Юнусов дар Боку дувум шуд


Анвар Юнусов, варзишгари маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ оид ба бокс байни мардон дар Боку мақоми дувумро касб кард.

Вай дар ин мусобиқа, ки аз 16 то 25 июн дар пойтахти Озарбойҷон бо ширкати 375 варзишгар аз 92 кишвари ҷаҳон баргузор шуд, дар вазни то 60 кило дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Энрико Лакруз аз Нидерланд бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд. Вале сарфи назар аз натиҷаи ин қувваозмоӣ, ки бегоҳи шанбе сурат гирифт, муштзани пуртаҷрибаи тоҷик соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Рио-2016 гардид.

Ёдовар мешавем, дар ин мусобиқа Анвар Юнусов баъди се пирӯзӣ бар Эдгарас Скурделис (Литва), Алӣ Аҳмад (Покистон) ва Доменеко Валентино (Италия) бо ҳисоби якхелаи 3:0, дар даври чорякниҳоӣ Волкан Гоксекро аз Туркия бо ҳисоби 3:0 шикаст дод. Ӯ дар даври ниманиҳоӣ бар Ҷун Шан аз Чин бо ҳисоби 3:0 дастболо шуд.

Ба ин тартиб, дар мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ дар Боку аз ҳашт муштзани тоҷик - Файзен Раҳматшоев (52 кг), Баҳодур Усмонов (56 кг), Анвар Юнусов (60 кг), Шавкатҷон Раҳимов (64 кг), Бахтиёр Мирзомуҳаммад (69 кг), Шаббос Неъматуллоев (75 кг), Меҳрубон Сангинов (81 кг) ва Ҷаҳон Қурбонов (91 кг) – танҳо як нафар - Анвар Юнусов - соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Рио-2016 гардид.

Бояд тазаккур дод, муштзанҳое, ки дар мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ дар Боку дар вазнҳои аз 52 то 81 кило ҷойҳои аз 1-ум то 5-умро гирифтанд, соҳибони роҳхатҳои олимпӣ шуданд. Инчунин финалистони вазни то 49 кило ва ғолибони вазнҳои 91 ва беш а 91 кило роҳхатҳои олимпӣ ба даст оварданд.

Бояд гуфт, ки то имрӯз ҳамагӣ панҷ варзишгари тоҷик ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия мушарраф шудаанд.

Гурзандози машҳури тоҷик Дилшод Назаров аз байни варзишгарони Тоҷикистон аввалин шуда соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Рио-2016 гардидааст. Олимпиадаи Рио барои ӯ Олимпиадаи чаҳорум ҳисоб мешавад.

Баъдан ду паҳлавони тоҷик - Комроншоҳи Устопириён ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов - дар риштаи дзюдо ҳуқуқи ширкат дар Олимпиадаи Рио-2016-ро ба даст оварданд. Ҳарду барои аввалин бор дар Бозиҳои олимпӣ ширкат меварзанд.

Муштзани тоҷик Анвар Юнусов бошад, барои севумин бор дар Бозиҳои олимпӣ иштирок хоҳад кард.

Инчунин Даврон Атабоев, варзишгари тоҷик, соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи соли 2016 гарддааст. Вай дар мусобиқаи 19-уми байналмилалӣ оид ба варзиши сабук барои ҷоизаҳои қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ Татяна Колпакова, ки дар пойтахти Қирғизистон – Бишкек – доир гашт, масофаи 200 метрро дар зарфи 20,50 сония тай намуд. Ин натиҷа ба ӯ имкон дод, ки меъёри муқарраршударо иҷро кунад ва соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Рио-2016 шавад.

Дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев рӯзи 26 июн ба “Озодӣ” гуфт, ки ба Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар риштаи шиноварӣ 2 квота (1 мард ва 1 зан) ва дар намуди варзиши сабук 1 квота (зан) ихтисос дода мешавад. Инчунин дар риштаҳои тирандозӣ ва вазнабардорӣ низ ба Тоҷикистон ҷудо кардани квота дар назар аст.

XS
SM
MD
LG