Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзишгарони тоҷик ба Бразилия расиданд


Ҳайати варзишии Тоҷикистон, ки 28-уми июл барои ширкат дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ тавассути ҳавопаймо бо хатсайри Душанбе-Истамбул-Сан-Паулу-Рио-де-Жанейро сафар кард, баъди як шабонарӯз ба Бразилия расид.

Маросими гусели варзишгарон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе 28 июл соати сеи шаб баргузор шуд. Дар ин маросим муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳииТоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода, ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов профессор Шодӣ Сафаров ва собиқадори варзиш Усто Устопиров ба варзишгарони тоҷик роҳи сафед ва муваффақият орзу карданд.

Дар айни ҳол ҳайати варзишии Тоҷикистон бо шумули 15 нафар, ки 6 нафари онҳо варзишгарон, 5 нафар мураббиён ва 4 нафари дигар ашхоси расмӣ мебошанд, дар Деҳаи олимпӣ истиқомат мекунанд.
Ба ҷуз гурзандоз Дилшод Назаров, ки ҳамроҳи ду мураббиаш аз Ҷумҳурии Чех рӯзи 3 август ба Рио-де-Жанейро меояд, паҳлавонони тоҷик Комроншоҳи Устопириён (вазни то 90 кг) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (вазни +100 кг) дар риштаи дзюдо, муштзан Анвар Юнусов (вазни то 60 кг), шиноварон Олим Қурбонов ва Анастасия Тюрина (ҳарду дар шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод), даванда Кристина Пронженко (давидан ба масофаи 200 метр) дар Деҳаи олимпӣ бо мураббиёни худ тамрин мекунанд.

Варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Рио-2016 дар чор риштаи варзиш – бокс, варзиши сабук, дзюдо ва шиноварӣ рақобат хоҳанд кард.
Гурзандози машҳур Дилшод Назаров парчамбардори Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ, ки 5 август дар варзишгоҳи “Маракана”-и Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузор мешавад, интихоб шудааст. Олимпиадаи навбатӣ барои Дилшод Назаров чорумин ба шумор меравад.

Ба иттилои Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ки раҳбари ҳайати варзишии кишвар мебошад, рӯзи 1 август дар Деҳаи олимпӣ маросими барафрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Тақвими мусобиқоти варзишгарони тоҷик дар Рио-2016:

6-16 август, бокс

Анвар ЮНУСОВ, дар вазни то 56 кг

10 август, дзюдо

Комроншоҳи УСТОПИРИЁН, дар вазни то 90 кг

12 август, дзюдо

Муҳаммадмурод АБДУРАҲМОНОВ, дар вазни +100 кг

11-12 август, шиноварӣ

Олим ҚУРБОНОВ, бо тарзи озод ба масофаи 50 метр миёни мардон

12-13 август, шиноварӣ

Анастасия ТЮРИНА, бо тарзи озод ба масофаи 50 метр миёни занон

15-17 август, варзиши сабук

Кристина ПРОНЖЕНКО, давидан ба масофаи 200 метр миёни занон

17, 19 август, гурзандозӣ

Дилшод НАЗАРОВ

20 август, маросими супурдани медалҳо ба ғолиб ва ҷоизадорони мусобиқаи гурзандозӣ баргузор мешавад.

Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия аз 5-ум то 21-уми август баргузор мешаванд. Мусобиқот аз рӯи футбол, инчунин дар шаҳрҳои дигари ин кишвар – Белу-Оризонти, Бразилиа, Салвадор ва Сан-Паулу барпо мегардад.

Ин аввалин Бозиҳои олимпӣ дар Америкаи Ҷанубӣ, дувумин Бозиҳои олимпӣ баъди Олимпиадаи соли 1968 дар Мехико дар Америкаи Лотинӣ ва нахустин Бозиҳои олимпӣ сар аз соли 2000-ум дар нимкураи ҷанубӣ маҳсуб мешаванд. Дар ин Олимпиада шумораи маҷмӯи медалҳо (301) ва теъдоди кишварҳои ширкаткунанда (206) рекордист.

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистони соҳибистиқлол сар аз соли 1996 ширкат меварзанд. Ба ин тартиб, барои шашумин бор аст, ки Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпӣ беҳтарин варзишгарони кишвар намояндагӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG