Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонуни ҷазо дар Тоҷикистон "нармтар" мешавад?


Ҳукумати Тоҷикистон барои гуманизатсия ва худ башардӯстона намудани “Кодекси ҷиноӣ”-и кишвар комиссияи кории даҳнафара аз ҳисоби намояндагони Дастгоҳи раёсати ҷумҳур, Додситонии кулл, Додгоҳи олӣ, Маҷлиси намояндагон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ таъсис додааст.

Як мақоми Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 6 август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин комисия бо машварати Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар ба ҳадафи мутобиқ намудани қонунҳои кишвар ба меъёрҳои байналмилалӣ, таъсис шудааст.

Дар ҳайати ин гурӯҳи корӣ ба иловаи мақомоти расмӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва вакилони дифоъ низ шомил мебошанд. Гулчеҳра Холматова ба унвони намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин гурӯҳи корӣ рӯзи 6 август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамакнун ин комиссия дар бахши гуманизатсия намудани ҷазоҳо кор мебарад: “Кӯшиш дорем, ки ҳаҷми ҷазоҳо ва ҷаримаҳо камтар ва қисмҳои моддаҳо тағйир дода шаванд.”

Созмони дифоъ аз ҳуқуқи башари Тоҷикистон низ аз иқдоми ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди гуманизатсия кардани Кодекси ҷиноӣ истиқбол кард ва онро як қадами муҳим барои расидан ба ҷомеаи шаҳрвандӣ донист.

Дилбар Самадова, раиси созмони Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бар асоси баррасии комиссияи корӣ, дар назар аст ҷазоҳои марбут ба қисми 1-и моддаҳои кайфарии Кодекси ҷиноӣ, ки ҷазоҳои начандон вазнин ба шумор мераванд, бо пардохти ҷарима иваз карда хоҳанд шуд: "Ҳоло гурӯҳи корӣ ҳама талош доранд, ки ҷазоҳо кам шаванд.”

Бар бархе аз қисмҳои 1-и моддаҳои Кодекси ҷиноӣ ҷазоҳои маҳрум кардан аз озодӣ ба муддати аз 2 то 5 сол пешбинӣ карда шудааст. Аммо дар сурати тағйир додани ин бахшҳо, шахси айбдоршаванда бо пардохти ҷарима озод мешавад.

Ҳамчунин комиссияи корӣ дар назар дорад дар нисбати навъҳои ҷазо ба монанди маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян, маҳрум кардан аз рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо, унвонҳои махсус, мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои ифтихории Тоҷикистон, корҳои ислоҳӣ, маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ, маҳдуд кардани озодӣ, мусодираи молу мулк, маҳрум сохтан аз озодӣ таҷдиди назар намуда, шумораи онҳоро кам кунад.

Азизмат Имомов, узви Кумитаи ҳуқуқ ва қонунгузории Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мегӯяд, гуманизатсияи қонуни ҷазоӣ дар гузашта ҳам мавриди назари як комиссияи давлатӣ сурат гирифта буд. Ба гуфтаи вай, дар соли 1997 чанд моддаҳое, ки дар нисбати амалҳое ба мисли “ҳаннотӣ” ҷазо ба мӯҳлати аз 3 то 9 соли маҳрум сохтан аз озодиро пешбинӣ мекарданд, аз миён бардошта шуд ва онҳо ҳамчун фаъолияти соҳибкорӣ дониста шуданд. Вай мегӯяд, нарм кардани Кодекси ҷазои кишвар ба суди мардум, яъне ба манфиати ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.

Ҷаноби Имомов афзуд, ки комиссияи ҳукуматӣ баъзе моддаҳоеро, ки ба ҷавобгарии ҷиноӣ иртибот доранд, вале ҷиноятҳои вазнин ва ё махсусан вазнин нестанд, баррасӣ намуда, бо назардошти барои ҷомеа хатарнок набудан, ба “ҷавобгарии маъмурӣ” мансуб мекунанд.

Азизмат Имомов мегӯяд, ҳоло комиссия ба тозагӣ кори худро шурӯъ кардааст ва дар назар дорад, то поёни соли равон тарҳи пешниҳодии худро такмил намуда ва ба парлумони кишвар барои баррасӣ пешниҳод кунад.

XS
SM
MD
LG