Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши сокинон ба болоравии нархи об дар Душанбе


Идораи обу корези Душанбе (Душанбеводоканал) эълон кард, ки аз моҳи октябри имсол нархи об барои сокинони пойтахт ва корхонаҳои ғайрибуҷавӣ то 20 дар сад афзуда, дар маҷмуъ, барои як метри мукааб 61 дирамро ташкил хоҳад дод. Ҳоло сокинон барои ҳар метри мукааб об 52 дирам пардохт мекунанд.

Фирдавс Ҷабборов, сардори раёсати фурӯши оби Идораи обу корези Душанбе, 17 сентябр ба Озодӣ гуфт, афзоиши қимати об бо ризояти Хадамоти зиддиинҳисорӣ ё зиддимонополии Тоҷикистон сурат гирифтааст ва қарори расмӣ дар ин бора охири моҳи июн имзо шудааст.

Ин буҳрон, албатта, дарозмуддат нест ва ҳадди ақалл маҳз дар ҳамин шабу рӯзҳо давлат вазъияти моро бояд дарк кунад. Агар вазъ хуб гардад, мо ҳам тарафдор ҳастем, ки ба буҷаи давлат ёрӣ кунем.
Фаррух Салимов

Вай гуфт, корхонаҳои ғайрибуҷавӣ, ки феълан барои як метри мукааб об 4 сомониву 48 дирам пардохт мекунанд, баъди якуми октябр барои ҳар метри мукааби об 5 сомониву 38 дирам хоҳанд дод.

Ҷабборов гуфт, аммо қиммати обро барои идораҳои буҷавӣ аз аввали соли 2017 боло хоҳанд бурд. Ба қавли ӯ, чунин тасмим барои он гирифта шудааст, ки марҳилаи боло бурдани қимати об барои корхонаҳои давлатӣ вақти зиёдтар мехоҳад. "Сокинон ва корхонаҳои ғайрибуҷавӣ аз ҳисоби худашон маблағро пардохт мекунанд, аммо корхонаҳои буҷавӣ сметаи маблағгузориашон аз оғози сол муайян мегардад. Агар ҳоло барои онҳо ин муқарраротро пешниҳод кунем, тавони пардохти маблағро надоранд", - шарҳ дод ӯ.

Баъзан дар сурати қатъ шудани интиқоли оби ошомиданӣ сокинони бархе маҳаллаҳо аз чунин усул кор мегиранд. Акс аз моҳи январи 2013
Баъзан дар сурати қатъ шудани интиқоли оби ошомиданӣ сокинони бархе маҳаллаҳо аз чунин усул кор мегиранд. Акс аз моҳи январи 2013

Дар Душанбе 172 ҳазор хонавода ба сифати мизоҷ обро истифода карда, ҳар моҳ барои он пул месупоранд. Ҳоло на ҳамаи онҳо хабари боло рафтани қиммати обро ба хушӣ пазируфтаанд. Шаҳло Сабурова, ки ҳамроҳи чор фарзандаш дар канори пойтахт, зиндагӣ мекунад, гуфт, солҳо боз Тоҷикистон ҳамчун "саргаҳи об ва маҳалли пиряхҳои бузург" муаррифӣ мешавад ва барои намуна бояд қимати обро поинтар мебурд, на боло.

Ӯ гуфт, "мо ҳисобкунак надорем, аммо тақрибан 80 сомонӣ пули об месупорем. Аз он ки ду фарзандам донишҷӯ аст ва кори шавҳарам низ дар муҳоҷират хуб нест, барои мо супоридани пули барқу обу партов каме мушкилӣ мекунад. Агар аз ин қиммат шавад, намедонем чӣ кор мекунем."

Фаррух Салимов, раҳбари як ширкати тиҷоратӣ мегӯяд, аз он ки се моҳ пештар аз корхонаҳои буҷавӣ ин муқарраротро ба корхонаҳои ғайрибуҷавӣ ҷорӣ мекунанд, кори боадолатона нест. Чунки, ба қавли ӯ, аксар корхонаҳои ғайрибуҷавӣ дар замони авҷи буҳрон танҳо ба хотири аз байн нарафтани тиҷораташон бо фоидаи кам кор мекунанд ва ҳар омили барзиёд ситондани маблағ ба кори онҳо таъсир мегузорад. Салимов гуфт, "ин буҳрон, албатта, дарозмуддат нест ва ҳадди ақалл маҳз дар ҳамин шабу рӯзҳо давлат вазъияти моро бояд дарк кунад. Агар вазъ хуб гардад, мо ҳам тарафдор ҳастем, ки ба буҷаи давлат ёрӣ кунем."

Дар баъзе аз баландошёнаҳои Душанбе об аз табақаи дувум ё севум ба боло намебарояд
Дар баъзе аз баландошёнаҳои Душанбе об аз табақаи дувум ё севум ба боло намебарояд

Дар ҳамин ҳол, бархе аз коршиносон мегӯянд, мақомот дар баробари боло бурдани қиммати об бояд сатҳи хадамот ва, инчунин, сифати махсусан оби ошомиданиро дар пойтахт болобибаранд. Вагарна, ба гуфтаи Акбар Субҳонов, масъули Пажӯҳишгоҳи демография ва иқтисодиёт, сокинон аз пардохти пули об мегурезанд ва мақомот ҳосилеро, ки интизор доранд, гирифта наметавонанд.

"Ҳоло мардум барои пардохтани пули барқ ба мушкил рӯ ба рӯ гардидаанд ва саривақт намесупоранд. Агар пули об низ қиммат шавад, айнан ҳамин ҳол бо онҳо рух медиҳад. Ҳатто як фоиз қиммат шудани ҳама намуди хизматрасонӣ ба мардум гаронӣ мекунад", - гуфт Субҳонов.

Дар гузашта низ мақомоти Тоҷикистон чанд дафъа нархи обро барои сокинон ва корхонаҳо боло бурда, далелашро харҷи зиёди ниҳоди таъмини об ва беҳтар кардани хадамот унвон карданд. Вале сокинон мегӯянд, бо гузашти солҳо натанҳо хадамоти ин ниҳод ба таври зарурӣ беҳбуд наёфтааст, балки ҳанӯз ҳам дар баъзе аз минтақаҳои пойтахт ба ошёнаҳои аз дувум боло об намебарояд ва ё сокинон дар рӯзҳои боронӣ оби лойолуд мегиранд.

XS
SM
MD
LG