Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Макфол: Дар ҳифзи манофеи ИМА Клинтон "прагматик" аст


Майкл Макфол, сафири собиқи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Русия ва мушовири раиси ҷуҳури Амрико гумон намекунад, ки Ҳиллари Клинтон дар робита ба Русия бисёр сахтгирӣ кунад. Макфол, ки бо хабаргузории "Интерфакс" сӯҳбат мекард, гуфт, ки Клинтон "дар ҳифзи манофеи миллии Иёлоти Муттаҳида ва манфиатҳои шариконаш дар масоили амният ва иқтисодӣ бисёр прагматик аст."

Майкл Макфол, ки дар даври аввали раёсати Обама бо Ҳиллари Клинтон ҳамкор будааст, гуфт, ки Клинтон аз вазъи байналмилалӣ огоҳ ва бидуни шубҳа бо Владимир Путин ва Сергей Лавров ошноии хуб дорад ва метавонад бо онҳо ҳамкорӣ кунад. "Агар ӯ президент шавад, барои пешбурди манфиатҳои Амрико бо ҳар раҳбаре метавонад муомила кунад"- гуфт Макфол.

Ба гуфтаи Майкл Макфол, комилан табиист, ки Клинтон аз вокуниши Амрико дар баробари ишғоли Қрим пуштибонӣ кард. "Танҳо соддатарин одами сайёра метавонад фикр кунад, ки ин гуна амалҳо ҷавобгарӣ надоранд",- гуфт сафири собиқи Амрико дар Русия ва афзуд, "вақте ман дар зери дасти ӯ кор мекардам, ман медидам, ки бо назардошти манофеи Амрико ӯ бо раҳбарони ҷаҳон, бо шумули раҳбарони Русия, озодона муколама мекард"- таъкид кард Майкл Макфол.

XS
SM
MD
LG