Дар чанд ҷумла
Тазоҳурот алайҳи амалиёти ҳарбии Русия дар Сурия
Дар Воронеж алайҳи иштироки Русия дар ҷанги Сурия тазоҳурот баргузор шудааст. Яке аз иштирокдорон рӯзи 20 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин маърака ҳудуди 50 нафар ҳузур доштанд. Тазоҳургарон аз мақомоти давлатӣ хостанд, пули буҷаро ба ҷойи амалиёти ҳарбӣ дар Сурия дар бахши тандурустӣ, маориф ва фарҳанги кишвар харҷ кунанд. Фаъолон қасди баргузории чунин тазоҳуротро дар Маскав низ доштанд, аммо шаҳрдорӣ аризаи онҳоро рад кард. Русия аз моҳи сентябри соли гузашта дар Сурия амалиёти ҳарбӣ баргузор мекунад. Бино ба ҳисоби хабаргузории РБК, ин амалиёт то кунун 60 миллиард рубли буҷаи Русияро "хӯрдааст". Бар илова, кишварҳои ғарбӣ Русияро барои бомбаборони Ҳалаб дар ҷинояти ҷанг низ муттаҳам мекунанд. Вале Русия гуфтааст, асосан мавқеи террористҳоро ҳадаф қарор медиҳад.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Зеленский аз мардуми Русия хост, ба Путин фишор биоранд
Владимир Зеленский, президенти Украина, рӯзи 18-уми июн гуфт, шаҳрвандони Русия бояд фишорро ба раисҷумҳур Владимир Путин бештар кунанд, то ӯ ҷанги зидди ин кишварро бас кунад.
Зеленский ин ҳарфро дар шарҳи ҳамлаҳои шаби гузаштаи Украина ба Русия гуфт, ки боис ба сӯхтор дар чанд корхонаи истеҳсоли нафт шуда, роҳҳо ва фурудгоҳҳоро дар чанд минтақаи Русия баст.
Ӯ гуфт, дар ниҳоят бояд мардуми Русия дарк кунанд, ки “танҳо як одам, Путин, президенти Русия ҷанг кардан мехоҳад, аммо баҳояшро тамоми мардуми ин кишвар мепардозанд.”
Пештар Зеленский гуфта буд, ки тибқи иттилои ӯ, ҳоло 60 дарсади аҳолии Русия муқобили ҷанг ҳастанд, аммо дар атрофи Путин одамоне ҳастанд, ки аз идомаи ҷанг пуштибонӣ мекунанд.
Дар се рӯзи охир бори дуюм аст, ки паҳподҳои Украина ба як корхонаи бузурги коркарди нафт дар вилояти Маскав зарба мезананд. Ин ҳамлаҳо муваққатан боис ба баста шудани роҳ ва қатъи парвозҳо дар аксар фурудгоҳҳои Русия мешаванд.
Дар охирин ҳамла бозори бузурги "Садовод" ва як баландошёна дар Маскав осеб дидааст. Мақомоти Русия хабар додаанд, ки дар ҳамлаҳои 18-уми июн 17 нафар захмӣ шуданд.
Зеленский ҳамлаҳоро дар посух ба таҷовузи Русия "комилан одилона" номид.
Ӯ гуфт, ҷаҳон шоҳид аст, ки Русия бо Украина чӣ кор мекунад ва ҳоло посухи ин кишварро мебинанд. Зеленский гуфт, агар Путин нахоҳад, ки ҷанг поён ёбад, онҳо ором намешинанд.
Украина чанд вақти охир ҳамлаҳои паҳподиро ба дуртарин минтақаҳои Русия ва аслан корхонаҳои коркарду истеҳсоли нафт афзоиш додааст.
Дар зарбаҳои Украина ба Маскав бозори "Садовод" оташ гирифтааст
Дар ҳамлаҳои паҳподии Украина ба Русия бозори "Садовод" дар Маскав, ки макони кори садҳо муҳоҷири тоҷик низ ҳаст, оташ гирифтааст. Дар наворҳое, ки рӯзи 18-уми июн дар Телеграм нашр шуд, ин бозорро дуду оташ фаро гирифтааст. Ҳанӯз маълум нест, ки дар ин ҳамла муҳоҷирони тоҷик зиён дидаанд ё на.
Украина дар посух ба таҷовузи Русия ба хоки ин кишвар ҳамлаҳои паҳподиро бештар кардааст. Мақомоти ин кишвар мегӯянд, ҳадафашон ҳамла ба корхонаҳои истеҳсоли нафт аст, ки Русия аз фурӯши маҳсулоти онҳо дар ҷанги зидди Украина истифода мекунад.
Дар вилояти Маскав дар пайи ҳамлаҳои паҳподҳои Украина чанд корхонаи истеҳсоли нафт низ оташ гирифтааст.
Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав гуфтааст, ки ба вилояти Маскав бо 200 паҳпод ҳамла шудааст. Ӯ сӯхтор дар корхонаҳои истеҳсоли нафт ва бозори "Садовод"-ро тасдиқ кардааст.
Дар наворҳои нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ дида мешавад, ки дар ҳамлаҳои субҳи 18-уми июн дар панҷ минтақаи атрофи Маскав корхонаҳои истеҳсоли нафт оташ гирифтаанд.
Тамоми фурудгоҳҳо барои чанд соат парвози ҳавопаймоҳоро қатъ кардаанд ва чанд шоҳроҳ низ барои ҳаракати мошинҳо баста шуд.
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, дар як навор гуфт, ин посухи одилона ба ҳамлаҳои Русия аст, ки ҳар рӯз Украинаро хароб мекунанд.
Русия панҷ сол боз зидди Украина меҷангад ва қисме аз хоки ин кишварро ишғол кардааст. Дар посух Украина низ ба иншооти низомӣ ва нафтии Русия зарба мезанад.
Раҳмон имзои тафоҳумномаи сулҳро ба Трамп ва Пизишкиён табрик гуфт
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, имзои эъломияи тафоҳумномаи сулҳ байни Амрико ва Эронро, ки мумкин аст, ба муноқиша байни ду кишвар поён диҳад, табрик гуфтааст.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ рӯзи 18-уми июн барқияҳои алоҳидаи Эмомалӣ Раҳмонро ба Доналд Трамп ва Масъуди Пизишкиён нашр кард, ки дар онҳо аз имзои тафоҳумнома истиқбол ва гуфта шудааст, ки имзои ин санад ба амният дар тамоми ҷаҳон мусоидат мекунад.
Дар барқия ба номи Доналд Трамп омадааст: "Ин рӯйдоди воқеан ҳам муҳим, ки маҳсули иродаи матин ва заҳматҳои пайвастаи Шумо мебошад, барои истиқрори сулҳу суботи фарогир дар минтақаи Ховари Миёна, ҳамчунин, таҳкими низоми амнияти ҷаҳонӣ аҳаммияти калидӣ дошта, ҷиҳати роҳандозии иқдомҳои нави сулҳомез дар ин ҷода заминаҳои мусоиди устуворро фароҳам меорад."
Айни замон Эмомалӣ Раҳмон ба Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон гуфтааст: "Мо медонем, ки дастрасӣ ба ин созиши муҳим барои миллати Эрон осон набуд ва маҳсули талошҳои зиёду иродаи қавии он мебошад. Бовар дорам, ки мувофиқаҳои дар ин зимн ҳосилшуда барои таъмини сулҳи устувор ва фарогир дар Ховари Миёна, таҳкими низоми амнияти байналмилалӣ ва фароҳам овардани заминаҳои мусоид ҷиҳати рушди иқтисодиву иҷтимоии пойдор аҳаммияти калидӣ доранд."
Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин ба номи Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон, ки миёнҷигари асосӣ байни Амрикову Эрон буд, барқияи табрикӣ фиристода ва нақши ӯро дар расидан ба тавофуқ байни ду тараф муассир номидааст.
Раҳбарони Амрикову Эрон пас аз музокироти дарозу печидае рӯзи 18-уми июн ба эъломияи тафоҳумномаи сулҳ байни ду кишвар имзо гузоштанд, ки хатми тамоми даргириҳоро дар Халиҷи Форс дар назар дорад.
Ҷанг байни Амрикову Эрон ва Исроил моҳи феврали имсол ва баъд аз ҳамлаҳои Амрико ба иншооти атомии Эрон оғоз шуд.
Бо идомаи даргириҳо, Эрон тангии Ҳурмуз, яке аз оброҳаҳои муҳими ҷаҳониро баст, ки 20 дарсади нафту гази моеи ҷаҳон аз он мегузарад. Қатъи ҳаракати киштиҳо аз Ҳурмуз, боис ба болоравии нархи нафту газ дар ҷаҳон, аз ҷумла дар худи Амрико шуд ва иқтисоди ҷаҳониро ҳам ба мушкилот гирифтор кард.
Ҳалокати як коргар дар ҳавзи заршӯӣ дар Дараи Зарбуз
Як сокини 37-солаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар ҳавзи заршӯӣ ғарқ шуда, ҷон бохтааст.
Як манбаъ дар ҳукумати ноҳия рӯзи 18-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, Раҷабалӣ Шарифов барои кор ба Дараи Зарбуз рафта, ҳангоми оббозӣ дар ҳавз ғарқ шудааст. Ҳодиса рӯзи 16-уми июн рӯй дод. Манбаъ гуфт, ҷасадро баъди ду рӯз ёфта, ба пайвандонаш доданд.
"Ҳоло дар Дараи Зарбуз баъди рафтани чиниҳо, тоҷикҳо ва аслан мардуми таҳҷоии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин кор мекунанд", - афзуд мусоҳиби Радиои Озодӣ.
Дараи Зарбуз дар лаби дарёи Панҷ ва дар сарҳад бо Афғонистон ҷойгир аст. Ҳоло дар ин минтақа ду ширкат ба заршӯӣ машғуланд.
Давоми моҳҳои май ва июни имсол чанд мавриди ҳалокати шаҳрвандон дар конҳои заршӯии минтақаи Кӯлоб сабт шудааст.
Рӯзи 8-уми июн дар кони тилои Шугнов дар ноҳияи Ховалинг, Рӯҳулло Кабирови 30-сола зери экскватор монд ва ба ҳалокат расид.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода пештар дар бораи ҷон бохтани Меҳроҷиддин Давлатзодаи 19-сола дар ҳамин кони тило гузориш дода буд. Ӯ бо мошини хокбардори худ рӯзи 9-уми июн ба ҳавз афтод.
Охири моҳи майи имсол ба болои коргарон дар Шугнов як кӯҳпора чаппа шуда, чаҳор тан ҷони худро аз даст доданд. Мақомот сабаби ин ҳодисаро риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ номиданд.
ВКД: "Раиси ВМКБ ва ҳамсару як фарзандаш ба дарё афтодаанд"
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тасдиқ кард, ки мошини ҳомили Алишер Мирзонабот, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба садама дучор шуда, ба дарёи Панҷ афтодааст. Ин хабарро Радиои Озодӣ пештар дар такя бо манобеаш нашр карда буд.
Дар гузориши дафтари матбуоти ВКД омадааст, дар дохили мошин Алишер Мирзонабот, ҳамсару фарзанди хурдсолаш, ёвари раиси ВМКБ Садоншо Ҷанобилшоев ва ронанда Сино Муборакшоев қарор доштанд.
Мақомот мегӯянд, ҳодиса соати 10:40-и 17-уми июн дар байни деҳаҳои Яхчисор ва Зиғари ноҳияи Дарвоз рух дод. Сабаби садама “суръати баланд” ва “аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадани” ронанда гуфта шудааст.
“Бинобар суръати баланд воситаи нақлиёт ба иншооти муҳандисӣ-сарҳадӣ бархӯрда, ду сутунпоя ва симхорро зер карда, ба дарёи Панҷ сарозер мешавад. Аз ҷойи ҳодиса рақами қайди давлатии 287 ТҶ ва қисмҳои алоҳидаи воситаи нақлиёт пайдо карда шуд”, - омадааст дар хабари расмии ВКД.
Мақомот мегӯянд, раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон қазияро пайгирӣ дорад ва бо дастури ӯ вазири корҳои дохилӣ, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва роҳбари Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба ҷойи ҳодиса рафтаанд.
Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ ва ҳамзамон муовини раиси Маҷлиси Миллӣ аст ва рӯзи 16-уми июн дар ҷаласаи палатаи болоии порлумон дар Душанбе ширкат дошт.
Алишер Мирзонабот 46-сола аст ва аз соли 2021 раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад. Пеш аз он раиси шаҳри Хоруғ ва то соли 2018 муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон буд.
Ӯро дар ҳукумати Тоҷикистон барои ба истилоҳ “ҷорӣ кардани тартибот дар вилояти Бадахшон” тавсиф мекунанд, аммо баъзе аз сокинон ӯро ба саркӯби даҳҳо озодандеш муттаҳам медонанд.
Дар давраи роҳбарии Алишер Мирзонабот соли 2022 Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шоҳиди саркӯби эътирози сокинон шуд.
Банд мондани даҳҳо муҳоҷири тоҷик дар "Домодедово"
Як гурӯҳ аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Фурудгоҳи "Домодедово"-и Маскав банд мондаанд ва ба гуфтаи худашон, се рӯз боз наметавонанд ба шаҳри Кӯлоб парвоз кунанд.
Муҳоҷирон бо фиристодани видео ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки тахминан 300 нафар дар фурудгоҳ ҳастанд.
Ин мусофирон бояд 14-уми июн бо ҳавопаймои ширкати русии "Урал" аз Маскав ба Кӯлоб меомаданд. Аммо ба гуфтаи мусофирон, парвози онҳо бидуни шарҳ ба таъхир афтод ва барояшон шароити лозим фароҳам оварда нашуд.
Ба гуфтаи муҳоҷирон, дар миёни онҳо занон ва кӯдакон ҳам ҳастанд.
Онлайн-таблои Фурудгоҳи "Домодедово" ҳам нишон медиҳад, ки парвоз ба шаҳри Кӯлоб ба таъхир афтодааст. Ширкати "Урал" дар ин бора шарҳ надодааст.
Дар рӯзҳои охир ин ягона ҳолати ба таъхир афтодан ё қатъи парвоз аз Русия ба Тоҷикистон нест.
Рӯзи 14-уми июн ҳудуди 170 мусофир аз шаҳри Душанбе натавонистанд, ба Русия бираванд..
Ҳар рӯз байни Тоҷикистон ба Русия ҳудуди 20-25 парвози ҳавопаймо амалӣ мешавад.
Ихроҷи 30 муҳоҷири афғон аз Олмон
Олмон шумори дигаре аз муҳоҷирони афғонро, ки ба ҷиноятҳои гуногун, аз ҷумла, таҷовузи ҷинсӣ, қатли на барқасдона ва озори ҷинсӣ маҳкум шуда буданд, ихроҷ кардааст.
Хабаргузории Олмон гузориш додааст, ки рӯзи 16 июн 30 тан аз ин афрод бо як парвози чартерӣ аз фурудгоҳи Лейпсиг ба Кобул интиқол дода шуданд.
Ҳамзамон шуморе аз афрод дар терминали ин фурудгоҳ дар эътироз ба ин иқдом ҷамъ шуданд.
Ҳукумати Олмон ин ихроҷро дар чорчӯби созиш бо мақомҳои Толибон ва бо ҳадафи бозгардониднаи афроди маҳкум ба ҷиноятҳои ҷиддӣ анҷом медиҳад. Иқдоме, ки бо интиқодҳое дар бораи ҳамкорӣ бо Толибон рӯбарӯ шудааст.
Ин дар ҳоле аст, ки пеш аз ин, як парвози барномарезишуда барои поёни моҳи бинобар худдории Толибон аз ҳамкорӣ бекор шуда буд.
Ҳамчунин Олмон раванди ихроҷи муҳоҷирони бидуни иқомоти афғонро оғоз кардааст ва барои интиқоли ин афрод бо Толибон дар тамос аст.
Иттиҳоди Аврупо низ дар талоши бозгардонидани он муҳоҷирони афғон аст, ки санади иқомат надоранд. Ҳафтаи гузашта Комиссияи Иттиҳоди Аврупо гуфта буд, ки дар ин замина чорае ҷуз гуфтугӯ бо Толибон барои бозгардонадини муҳоҷирони афғон вуҷуд надорад.
Порлумони Тоҷикистон қонуни афвро баррасӣ кард
Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон, рӯзи 16-уми июн қонуни афвро баррасӣ кардааст.
Дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон бе овардани ҷузъиёт гуфт, лоиҳаи қонун “Дар бораи авф” баррасӣ ва "қарори дахлдор қабул карда шуд".
Қонуни афвро барои вакилон Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон муаррифӣ кардааст. Тафсилот маълум нест.
Дар гузашта қонуни афв баъд аз тасдиқи Маҷлиси намояндагон нашр шудааст.
Пештар манобеи огоҳ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, қонуни афви маҳбусон бахшида ба 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон қабул мешавад.
Сафорат: боздошти навраси 16-соларо дар Русия пайгирӣ дорем
Сафорати Тоҷикистон боздошти шаҳрванди 16-солаи кишварро дар Русия бо иттиҳоми куштор пайгирӣ дорад.
Дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар посухи хатӣ ба Радиои Озодӣ навишт, "Хадамоти консулии сафорат бо мақомоти Русия тамоси мустақим дошта, ҷараёни тафтишотро пайгирӣ менамояд".
Дар Вазорати корҳои хориҷӣ гуфтанд, тафтиши ҳодиса идома дорад ва баъд аз гирифтани маълумоти иловагӣ расонаҳоро дар ҷараён хоҳанд гузошт.
Рӯзи 11-уми июн Кумитаи тафтишотии Русия аз боздошти як шаҳрванди хориҷӣ бо иттиҳоми куштаву захмӣ кардани як падару писар хабар дод. Расонаҳо навиштанд, ҳамлавар 16-сола ва зодаи Тоҷикистон аст.
Назари наздикони наврас ба қазия ва ҳамин тавр ангезаи ӯ барои ин кор маълум нест.
Дар гузашта ҳам шаҳрвандони Тоҷикистон бо иттиҳоми содир кардани ҷиноят дар Русия дастгир шудаанд. Пайвандони баъзе аз муҳоҷирон ба бегуноҳии наздиконашон пойфишорӣ кардаанд.
Шикояти як намояндаи "Гурӯҳи 24" аз фишори мақомот ба падараш
Як узви "Гурӯҳи 24", созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, мегӯяд, мақомот дар ноҳияи Вахш фишорро ба падару модараш зиёд кардаанд, то ӯ ва амакҳояш – Ҳасан ва Ҳусейн Ашӯровҳо – танқиди ҳукуматро бас карда, аз хориҷа баргарданд. Фаъолияти ин созмон дар Тоҷикистон мамнуъст.
Исломиддин Ашӯров аз соли 2016 дар Аврупо қарор дорад. Амакаш, Ҳусейн Ашӯров, муовини раиси Кумитаи иҷроия ва ҳамзамон масъули бахши равобити хориҷии “Гурӯҳи-24” аст.
“Барои бозгаштани мо ба Тоҷикистон ба падарам фишор овардаанд. Панҷ сол пеш низ маҷбур карда буданд. Падарам он вақт дар як видео ба амакҳоям гуфта буд, ки ба Исломиддин роҳи нодуруст нишон надиҳед ва монед, ба Тоҷикистон баргардад. Вале мо хуб медонем, ки агар баргардем, моро ҷазои сангин медиҳанд,” – гуфт Исломиддин Ашӯров рӯзи 16-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.
Вай афзуд, нисбат ба ӯ ва ду амакаш дар Тоҷикистон бо гумони “тундгароӣ бо истифода аз расонаҳо ва интернет” парванда боз шуда, аксҳояшон дар қатори шахсони мавриди ҷустуҷӯ дар ноҳияи Вахш қарор дода шудааст.
Ҳусейн Ашӯров дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонро ба худкомагӣ ва фишор ба фаъолону маҳдудияти озодиҳои сиёсӣ, динӣ ва баён танқид мекунад.
Кӯшиши мо барои гирифтани шарҳи мақомот то ин дам имконпазир набуд.
"Гурӯҳи 24" соли 2012 дар Русия таъсис ёфта, соли 2014 бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон созмони экстремистӣ ва мамнуъ эълон шуд. Пайравонаш ин қарорро намепазиранд.
То кунун даҳҳо нафар дар Тоҷикистону Русия ва кишварҳои дигари пасошӯравӣ бо иттиҳоми тарафдорӣ аз “Гурӯҳи 24” боздошту зиндонӣ шудаанд. Ин созмонро тоҷири норозӣ Умаралӣ Қувватов бунёд гузоштааст. Худи ӯ соли 2015 дар шаҳри Истанбул кушта шуд.
Баъди имзои Путин муҳлати ташхиси муҳоҷирон кам шуд
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия қонунеро имзо кард, ки бар асоси он муҳлати ташхиси ҳатмии муҳоҷирон кам карда мешавад. Санад дар махзани қонунгузории Русия нашр шудааст.
Бар асоси ин қонун, муҳлати ташхиси ҳатмии муҳоҷирон аз 90 ба 30 рӯз кам карда мешавад.
Муҳоҷирон то ин вақт баъди ворид шудан ба Русия вазифадор буданд то 90 рӯз аз муоинаи ҳатмии пизишкон гузаранд, то маълум шавад, ки гирифтори бемориҳои хатарнок нестанд.
Аммо тибқи қонуни нав, муҳлати гузаштан аз ташхиси тиббӣ то 30 рӯз муқаррар шуд. Натиҷаи ташхис барои гирифтани иҷозаи кор ё патент дар Русия зарур аст.
Ин қоида аз 1-уми сентябри имсол иҷроӣ мешавад.
Қонуни нав ҳамчунин барои саркашӣ аз супоридани ташхиси ҳатмӣ аз 25 то 50 ҳазор рубл ҷарима ва ихроҷ аз Русияро пешбинӣ кардааст.
Ғайр аз ин, барои сохтакорӣ ва фурӯши маълумотномаҳои қалбакӣ то 1 миллион рубл ҷарима ва ё то чор сол зиндон пешбинӣ шудааст.
Намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия аз муҳоҷирони тоҷик хостааст, минбаъд ҳангоми ворид шудан ба Русия талаботи нав дар бораи гузаштан аз ташхиси ҳатмиро риоя кунанд.
Сафари Трамп ба Фаронса барои ширкат дар нишасти Гурӯҳи 7
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар нимаи дувуми рӯзи 15 июн барои ширкат дар нишасти раҳбарони ҳафт кишвари саноатии дунё маъруф ба G 7, вориди шаҳри Женева шуд ва сипас ба шаҳри Эвиан-ле-Бен дар Фаронса рафт, ки ҷаласа онҷо баргузор мешавад.
Нишасти раҳбарони Гурӯҳи 7 имсол билофосила пас аз эълони созиши сулҳ байни Эрон ва Амрико барои поёни ҷанг, доир мешавад. Интизор меравад, ки ин мавзуъ меҳвари аслии гуфтугӯи раҳбарони кишварҳои узв бошад.
Амрико, Фаронса, Бритониё, Олмон, Канада, Италия ва Ҷопон кишварҳои узви Гурӯҳи 7 ҳастанд.
Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса, ки мизбони ин давра аз нишасти раҳбарон аст, рӯзи 15 июн дар пайи эълони созиши сулҳи Амрико ва Эрон гуфт, ки дар нишасти Гурӯҳи 7, "паёмадҳо"-и созиш бо Эрон аз назари таъсири он ба Лубнон, бозкушоии пойдори тангаи Ҳурмуз ва барномаи мушакии Эрон, баррасӣ хоҳад шуд.
Илова бар масъалаи Эрон ва ҷанг дар Ховари Миёна, интизор меравад ҷанг дар Украина ҳам аз мавзӯъҳои дигари мавриди баҳси нишасти имсоли Гурӯҳи 7 бошад. Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина қарор аст рӯзи сешанбе дар нишаст иштирок кунад.
Бритониё дастрасии кӯдаконро ба шабакаҳои иҷтимоӣ манъ мекунад
Кейр Стармер, нахуствазири Бритониё рӯзи 15 июн эълон кард, ки истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ барои афроди то 16-сола дар ин кишвар манъ хоҳад шуд.
Ӯ гуфт, ки ин шабакаҳо кӯдакон ва навҷавононро дар рӯбарӯи мӯҳтавои "хатарнок" қарор медиҳанд, ки "хатарнок" аст ва "барои мӯътод кардан тарроҳӣ шудаанд".
Тибқи эълони ҳукумати Бритониё, ин мамнуият шомили платформаҳое чун Снапчат, Тикток, Ютуб, Инстаграм, Фейсбук ва Х мешавад, аммо шомили хадамоти паёмрасон монанди Вотсапп намешавад.
Ин тасмим аз сӯи бархе ниҳодҳои хайрияи ҳомии кӯдакон истиқбол шуд, аммо бархе фаъолони дигар ҳушдор доданд, ки чунин тасмим метавонад наврасонро дар фазои онлайнӣ камтар эмин нигаҳ дорад.
Нахуствазири Бритониё гуфт, ин мамуният зери таъсири таҷрибаи Австралия анҷом мешавад, ки дар моҳи декабри соли гузашта аввалин кишваре буд, ки дастрасии афроди зери 16-сола ба шабакаҳои иҷтимоиро манъ кард.
Кейр Стармер ибрози умедворӣ кардааст, ки оинномаи манъи истифодаи кӯдакон ва навҷавонон аз шабакаҳои иҷтимоӣ то охири декабри соли ҷорӣ қабул шавад ва дар моҳҳои аввали соли оянда ба иҷро дарояд.
Канада ҳам ахиран истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои шахсони то 16-соларо манъ кард.
Дар ҳамлаҳои Русия ба Украина 9 кас кушта шудааст
Шаби 15-уми июн дар ҳамлаҳои густурдаи Русия ба Украина дастикам 9 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шуданд. Калисои зери ҳимояи ЮНЕСКО дар Киев низ ҳадафи ҳамла қарор гирифт.
Игор Клименко, вазири корҳои дохилии Украина, гуфт, панҷ маъмури наҷот дар вақти хомӯш кардани сӯхтор дар Харков ҳадафи ҳамлаи артиши Русия қарор гирифта, кушта шуданд. Дар инҷо ҳамчунин панҷ тани дигар захм бардоштанд.
Мақомоти Украина гуфтанд, дар пайи зарбаи нерӯҳои Русия ба осорхонаи рассомии вилояти Харков шаш нафар, аз ҷумла як хурдсол захмӣ шудаанд.
Виталий Кличко, шаҳрдори Киев низ гуфт, ҳамлаҳои густурдаи Русия боис ба сӯхтор дар тақрибан ҳама гӯшаҳои пойтахти Украина шуд. Аз кушта шудани чор нафар ва захмӣ гардидани 23 тани дигар дар шаҳри Киев гузориш шудааст.
Дар айни ҳол Украина низ ҳамла ба иншооти энергетикӣ, аз ҷумла корхонаҳои нафти Русияро давом медиҳад. Киев мегӯяд, ин корхонаҳо сарчашмаи маблағгузории ҷанг алайҳи Украина ҳастанд.
Гуфтугӯи Трамп бо роҳбарони Русия ва Украина
Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар рӯзи зодрӯзаш бо роҳбарони Украина ва Русия телефонӣ гап задааст. Трамп рӯзи 14-уми июн 80-сола шуд.
Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина суҳбат бо Трампро "ҷолиб" номид ва афзуд, "бисёр масъалаҳои калидиро" баррасӣ кардаанд.
Дар бораи суҳбати Доналд Трамп бо Владимир Путин ёвари раиси ҷумҳури Русия Юрий Ушаков хабар дод. Ин суҳбат қариб як соат идома кардааст.
Ба қавли Ушаков, ду тараф дар бораи сафари қарибулвуқуи фиристодаи вижаи президенти Амрико ба Маскав тавофуқ кардаанд.
Ба гуфтаи ёвараш, Владимир Путин гуфтааст, ҳамлаҳои Украина ба зерсохтҳои Русия ба раванди ҷанг таъсир намерасонанд.
Худи Трамп дар бораи суҳбаташ бо роҳбарони Русия ва Украина чизе нагуфтааст.