Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дилшод Назаров варзишгари сол эълон шуд. САДО


Дилшод Назаров
Дилшод Назаров

Дилшод Назаров, қаҳрамони олимпӣ, дар садри феҳристи даҳ варзишгари беҳтарини Тоҷикистон ҷой гирифт. Анҷумани журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) рӯзи 20 декабр аз таҳияи ин феҳрист хабар дод. Дилшод Назаров дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейро гурзро ба масофаи 78 метру 68 сантиметр ҳаво дод ва бо медали тилло ба ватан баргашт. Гурзандози машҳури тоҷик, инчунин, имсол чанд бор дар мусобиқоти ҷаҳонӣ аз силсилаи «IAAF Hammer Throw Challenge» ҳам соҳиби ҷоизаҳо гардид.

Дар феҳристи даҳ варзишгари беҳтарини сол паҳлавони маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар мақоми дувум қарор дорад.

Нарзулло Латифов, раиси Анҷумани журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон, зимни муаррифии даҳ варзишгари беҳтарини сол гуфт, медали Дилшод Назаров дар Олимпиадаи Рио-2016 аввалин медали тиллои мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпӣ ба шумор меравад. Ба гуфтаи Латифов, даҳ варзишгари беҳтарини солро беш аз 70 журналисти риштаи варзиши нашрияву хабаргузориҳо ва телевизиону радио тавассути пурсиш муайян карданд.

Комроншоҳи Устопириён
Комроншоҳи Устопириён

Дар феҳристи даҳ варзишгари беҳтарини сол паҳлавони маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар мақоми дувум қарор дорад. Ӯ имсол дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба ҷудо дар вазни 90 кило дар шаҳри Тошканди Узбакистон бо медали тилло мукофотонида шуд.

Дилшод Назаров - варзишгари соли Тоҷикистон шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:34 0:00
Линки мустақим

Зимнан, Комроншоҳ дар байни гуштигирони тоҷик аввалин шуда ба унвони қаҳрамони Осиё оид ба ин намуди олимпии варзиш даст ёфт. Вай, инчунин соли равон соҳиби роҳхат ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ шуда буд. Ба ҷуз ҷудо, Комроншоҳ дар риштаи самбо низ имсол дастоварди хуб дорад. Ӯ дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар шаҳри Софияи Булғористон соҳиби медали биринҷӣ гардидааст.

Анвар Юнусов
Анвар Юнусов

Муштзани тоҷик Анвар Юнусов, ки соли ҷорӣ дар мусобиқаи ҷаҳонии литсензионӣ дар вазни 60 кг дар шаҳри Бокуи Озарбойҷонҷойи дувумро гирифт, ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Рио-2016 мушарраф шуд. Ӯдар феҳристи АЖРВТ дар мақоми севум ҷой гирифтааст.

Ба даҳгонаи варзишгарони беҳтарини сол, инчунин инҳо дохил шуданд:

Ҳамроз РАҶАБОВ (самбо) – ҷойи якум дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар вазни 74 кг дар шаҳри Ишқободи Туркманистон, ҷойи севум дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Софияи Булғористон;

Моҳрӯ ҲАЛИМОВА (таэквондо ВТФ) – ҷойи дувум дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар вазни 73 кг ва ҷойи севум дар мусобиқаи интихобии қитъавӣ дар шаҳри Манилаи Филиппин;

Шаҳриёр Даминов
Шаҳриёр Даминов

Шаҳриёр ДАМИНОВ (қаиқронӣ) – ҷойи дувум дар каноэи яккаса ба масофаи 1000 метр, ҷойи севум дар каноэи яккаса ба масофаи 500 метр ва ҷойи севум дар каноэи дукаса ба масофаи 1000 метр дар Ҷоми Осиё дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон;

Зӯҳро ХОЛОВА (кикбоксинг) – ҷойи якум дар аввалин мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар вазни 52 кг дар шаҳри Чҳонҷӯи Кореяи Ҷанубӣ;

Фаррух АМОНАТОВ (шоҳмот) – ҷойи якум дар Ҷоми Авруосиё дар шаҳри Алматии Қазоқистон ва ғолиби ду мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳрҳои Таганроги Русия ва Тошканди Ӯзбекистон;

Моҳрӯ Ҳалимова
Моҳрӯ Ҳалимова

Вера СЕМАШКО (кӯҳнавардӣ) - қуллаи баландтарини Тоҷикистон -Исмоили Сомониро, ки баландиаш 7495 метр аст, дар байни бонувони кишвар аввалин шуда фатҳ кардааст;

Ҷаҳонгир МАҶИДОВ (дзюдо) – ҷойҳои якум дар Ҷоми Осиё байни наврасон дар вазни 81 кг дар шаҳри Чирчиқи Ӯзбекистон, Макаои Чин ва Ҳонконг, ҷойи дувум дар Бозиҳои VI байналмилалии варзишии “Бачагони Осиё” дар шаҳри Якутски Русия, ҷойи севум дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё байни наврасон дар шаҳри Кӯчии Ҳиндустон.

XS
SM
MD
LG