Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амри Путин. Ба дипломатҳои амрикоӣ нарасед


Владимир Путин гуфт, барои беҳтар шудани муносиботи Русия ва Амрико бо раиси ҷумҳури мунтахаб Доналд Трамп кор мекунад.
Владимир Путин гуфт, барои беҳтар шудани муносиботи Русия ва Амрико бо раиси ҷумҳури мунтахаб Доналд Трамп кор мекунад.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, гуфтааст, бо вуҷуди рондани 35 дипломати рус аз Амрико, кишвараш ба Вашингтон посухи дигар медиҳад ва ягон нафар аз дипломатҳои Амрикоро ихроҷ намекунад. Дар як баёнияи расмии Владимир Путин, ки дар вебсайти Кремл нашр шуд, омадааст, ҳарчанд бар асоси таҷрибаи ҷаҳонӣ метавонистанд, дипломатҳои амрикоиро аз кишвар хориҷ кунанд, аммо барои "беҳтар кардани муносибот бо Амрико" ин корро намекунанд.

Владимир Путин ихроҷи дипломатҳои русро як иғво ва бар зарари мардуми Амрикову Русия номидааст. Аз ин пештар мақомоти расмии Маскав гуфтанд, ҳукумати Русия дар посух ба таҳримоти эъмолкардаи Амрико ба зидди дипломатҳо ва ниҳодҳои амниятӣ посухи ҳамвазн медиҳад. Дмитрий Песков, сухангӯи раиси ҷумҳури Русия гуфт, ки посухи кишварашро Владимир Путин муайян мекунад. Ӯ қарори Амрико дар бораи ихроҷи 35 дипломати рус аз Иёлоти Муттаҳидаро танқид кард ва гуфт, ки ин қарор нишонаи сиёсати ба гуфтаи вай пархошҷӯёнаи ҳукумати Барак Обама аст, ки мӯҳлати раёсаташ як моҳи дигар ба поён мерасад.

Ин амалкардҳои ҳукумати феълии Вашингтон, мутаасифона баёнгари сиёсати ғайриқобили пешбинӣ ва ҳатто метавон гуфт, сиёсати пархошҷӯёнаи хориҷӣ аст.

Дмитрий Песков, ҳамчунин гуфт, ки Русия инро ҳам ба инобат мегирад, ки таҳримотро ҳукумати Барак Обама ҷорӣ кард, на ҳукумати Доналд Трамп, раиси ҷумҳури мунтахаби Амрико, ки як моҳ баъд расман ба кор шурӯъ мекунад.

Баъди ин Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия гуфт, ки пешниҳод кардаанд, то ки 35 дипломати амрикоӣ аз Русия хориҷ карда шаванд. Вазорат ба раиси ҷумҳур Владимир Путин ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки дипломатҳои амрикоӣ аз ҳаққи истифодаи осоишгоҳи ҷангалзори Серебрянний бор ва як анбор дар шаҳри Маскав маҳрум карда шаванд.

Сафорати Русия дар Амрико
Сафорати Русия дар Амрико

Рондани дипломатҳои рус ва таҳримот ба зидди Хадамоти федералии амнияти Русия, ФСБ ва ГРУ, Сарраёсати ҷосусии низомии Русия ба гуфтаи мақомоти Амрико посухе ба рахнаи шабакаҳои интернетӣ дар Иёлоти Муттаҳида аст, ки онро кори дасти Русия меноманд. Ба гуфтаи мақомоти Амрико, Русия аз ҷумла бо ҳадафи таъсиргузорӣ ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, серверҳои Ҳизби демократи Амрикоро рахна карда ва мукотибаҳои аъзои ҳизбро нашр кардааст.

Рӯзе аз ин пештар, шаби 29 декабр ҳукумати Амрико ба 35 дипломати рус амр дод, ки Иёлоти Муттаҳидаро дар муддати 72 соат тарк кунанд. Илова бар ин ду иншооти мутаалиқ ба Русия дар Амрикоро ҳам бастанд, ки ба гуфтаи мақомоти Амрико ҳамчунин барои ҷамъоварии иттилоъ истифода мешуд.

Ниҳодҳои амниятии Амрико ба ин хулоса омадаанд, ки рахнаи шабакаҳои компютерии Ҳизби демократи Амрико ва дуздии номаҳои аъзои ҳизб бо огаҳии мақомоти баландпояи Русия сурат гирифтааст. Баъзе аз ин номаҳо дар ҷараёни интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико нашр шуданд.

Рӯзномаи Вашингтон Пост рӯзи 9-уми декабр навишт, ки Хадамоти Истихборотии Амрико ба ин натиҷа расидааст, ки рахнагарони Русия на танҳо қасд доштаанд, ба Доналд Трамп, номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ кӯмак кунанд, балки эътимоди мардум ба низоми интихоботии Амрикоро аз байн баранд.

Ба навиштаи рӯзномаи Ню Йорк Таймс, ҳарчанд рахнагарони интернетӣ, ба компютерҳои Ҳизби ҷумҳурихоҳ низ ворид шудаанд, аммо мукотибаҳои зиёновар барои ҳизбро нашр накардаанд.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури мунтахаби Амрико батакрор иддаоҳои ҳукумати Обама дар бораи рахна шудани компютерҳои Ҳизби демократ ва нашри мукотиботи ҳассос барои Ҳилларӣ Клинтон, рақибаш дар интихоботро шубҳаовар хондааст.

Рӯзи 29-уми декабр, Хадамоти федероли таҳқиқоти Амрико, FBR ва вазорати амнияти дохилӣ гузоришеро дар бораи рахнаи шабакаҳои амрикоӣ дар замони интихоботи раёсати ҷумҳурии Иёлоти Муттаҳида нашр кард. Дар ин гузориш омадааст, ки хадамоти ҷосусии Русия дар ин ҳамлаҳо даст доранд.

Бар асоси ин гузориш рахнагарони интернетӣ бо ҳадафи дуздии иттилоот ба шабакаҳои ҳукуматӣ, бахши маориф ва дигар зербунёдҳои Амрико ҳамла кардаанд. Дар гузориш ҳамчунин номи махзани иттилооти як ҳизби Амрико дар солҳои 2015-2016 зикр шудааст, ки рахнагарони рус ба онҳо дастрасӣ пайдо кардаанд. Дар замони интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико Ҳизби демократ мегуфт, ки рахнаи шабакаҳои иттилооти онҳо кори дасти Русия аст, ҳарчанд Маскав ин иддаоро рад мекунад.

Ҳамроҳ бо эълони таҳримот ба зидди Русия, вазорати амнияти дохилии Амрико гузоришеро нашр кард, ки дар он омадааст, рахнагарони интернетии Русия на танҳо шабакаҳои ҳизбҳо балки серверҳои дигар иншооти Амрикоро рахна кардаанд.

Таҳримоту рондани дипломатҳо, аломати дигаре аз муносиботи сарди Амрикову Русия аст, ки соли 2014 баъди ишғоли нимҷазираи Қрими Украина аз тарафи Русия бад шуд. Ду тараф ҳамчунин дар бораи тавсиаи НАТО, ҷанг дар Сурия ихтилофоти амиқи назар доранд.

XS
SM
MD
LG