Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдусалом Азизов вазири корҳои дохилии Узбакистон шуд


Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбакистон, Абдусалом Азизовро ба вазифаи вазири корҳои дохилӣ таъйин кардааст. Бар асоси иттилои расмӣ, Азизов аз моҳи январи соли 2010 то кунун дар мақоми сардори раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Ҷиззах фаъолият доштааст. Адҳам Аҳмадбоев, ки аз моҳи декабри соли 2013 вазири корҳои дохилии Узбакистон буд, бо фармони раиси ҷумҳури Узбакистон ба симати мушовири давлатӣ дар умури ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ таъйин шудааст.

XS
SM
MD
LG