Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои зимистонаи осиёӣ


Варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои VIII зимистонаи осиёӣ, ки аз 19-ум то 26-уми феврали соли 2017 дар шаҳри Саппорои Ҷопон баргузор мешавад, дар Маҷмааи лижаронии кӯҳии “Сафед-Дара”-и ноҳияи Варзоб омодагӣ мегиранд.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Муҳаммадшо Абдуллоев, мудири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, рӯзи 5-уми январ хабар дод. Вай афзуд, “ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон Баҳриддин Ғоибов, Баракатулло Зокиров, Сайфиддини Низомиддин, Соҳибназари Турсунмурод ва мураббӣ Илҳомиддин Абдуллоев дохиланд. Варзишгарони тоҷик дар сабқати лижаронии кӯҳӣ дар навъҳои слаломи хурд ва слаломи бузург ширкат хоҳанд кард.”

Ба гуфтаи оқои Абдуллоев, Кумитаи тадорукоти Бозиҳои VIII зимистонаи осиёӣ харҷи роҳкиро, ҷойи хоб ва ғизои чор варзишгару як мураббиро ба зиммаи худ гирифтааст.

Оқои Абдуллоев, инчунин иттилоъ дод, ки Кумитаи миллии олимпӣ дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши Тоҷикистон барои ду варзишгар - Баҳриддин Ғоибов ва Баракатулло Зокиров - стипендияи олимпӣ дарёфт намуданд. Маблағи якмоҳаи стипендия барои як варзишгар 1500 доллари ИМА-ро ташкил дода, аз 1-уми ноябри соли 2016 то 1-уми феврали соли 2018 пардохт карда мешавад.

Дар Бозиҳои VIII зимистонаи осиёӣ ҳудуди 1500 нафар варзишгарону мураббиён ва шахсони расмӣ аз 30 кишвари қора иштирок хоҳанд кард. Мусобиқот аз рӯи 11 намуди варзиш - биатлон, лижаронии кӯҳӣ, кёрлинг, конкитозӣ, пойгаи лижаронӣ, ҷаҳиш бо лижа аз трамплин, сноуборд, рақси рӯи ях, фристайл, хоккей бо шайба, шорт-трек - баргузор хоҳад шуд.

Маросими ифтитоҳи Бозиҳои VIII зимистонаи осиёӣ дар Саппоро 19-уми феврал баргузор мешавад.

Бояд тазаккур дод, барои севумин бор аст, ки шаҳри Саппоро мизбони Бозиҳои зимистонаи осиёӣ мешавад. Аз ин пеш солҳои 1986 ва 1990 дар ин ҷо Бозиҳои зимистонаи қитъавӣ баргузор шуда буданд. Дар Саппоро соли 1972 Бозиҳои XI зимистонаи олимпӣ низ доир шудаанд. Саппоро, ҳамчунин мизбони Ҷоми ҷаҳонии футбол дар соли 2002 буд.

XS
SM
MD
LG