Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

5 ҳазор ҷавони тоҷик дар талоши вуруд ба донишгоҳҳои Русия. ВИДЕО


Ҳукумати Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон 600 бурсияи таҳсил дар мактабҳои олии ин кишварро ҷудо кардааст, ки нисбат ба соли гузашта сад адад бештар аст. Дар миёни 14 муассисаҳои олии пешниҳодӣ Донишгоҳи давлатии ҳавонавардии Самара, донишгоҳи федеролии Қазон, Донишгоҳи давлатии гидрометеорологии Русия, Донишгоҳи илмиву таҳқиқотии “Техникаи электронии Маскав” ва Донишгоҳи давлатии Русия ба номи Косигин зикр шудаанд.

Аз рӯи омори соли 2014-и Вазорати маориф ва илм, аз 10 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар хориҷа, 60 дар садашон дар мактабҳои Русия илм омӯхтаанд.

Сафи довталабон 10 баробар бештар аст

Бурсияҳои таҳсил дар баробари тақдими як ҷой дар донишгоҳ, ба ҳар донишҷӯ пардохти пули хобгоҳ ва стипендияи ҳармоҳаро ҳам пешбинӣ мекунад. Масъулон мегӯянд, шумори довталабон имсол назар ба пешниҳоди ҷойҳои таҳсил қариб 10 баробар бештар аст. Михаил Вождаев, раҳбари намояндагии “Россотрудничество” дар Тоҷикистон, рӯзи 4 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, то имрӯз бештар аз 5 ҳазор нафар барои таҳсил дар донишгоҳҳои Русия номнавис шудаанд.

Гузориши видеоӣ инҷост:

5 ҳазор ҷавони тоҷик дар орзуи таҳсил дар Русия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:20 0:00

Ба гуфтаи ин масъули "Россотрудничество", шурӯъ аз 4 март дар донишгоҳҳои шаҳри Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб озмуни муқаддамотӣ аз забони русӣ ва ихтисосҳои интихобшуда баргузор мегардад. Вождаев гуфт, ҳарчанд Тоҷикистон бештар ба мутахассисҳои арсаи барқ, кӯҳканӣ, металлургия ва илмҳои дақиқ ниёз дорад, бештари довталабони бурсияҳои Русия ба риштаҳои иқтисод, ҳуқуқ ва тиб алоқа доштаанд.

Озмунро масъулони донишгоҳҳои Русия мегузаронанд

Раҳбари "Россотрудничество" дар Душанбе гуфт, озмуни аввалияи санҷиши дониши довталабон барои дохил шудан ба донишгоҳҳои Русия дар ҳамкорӣ бо Вазорати умури хориҷӣ, маориф ва инчунин сафорати Русия баргузор мешаванд. Вай гуфт, "намояндаҳои донишгоҳҳои Русия дар санҷиши натиҷаи имтиҳонҳо ширкат мекунанд. Ин тағйирот на танҳо ба Тоҷикистон, балки ба бурсияҳои тамоми кишварҳо, ки Русия ҷудо мекунад, дахл дорад. Ҳадафи ин иқдом пеш аз ҳама баланд бардоштани баҳогузорӣ ба дониши довталабон мебошад, то ки онҳо омодаи таҳсил дар донишгоҳҳои Русия бошанд. Аммо дар гуруҳи корӣ панҷ намояндаи Тоҷикистон иштирок мекунанд. Се тан аз Вазорати маориф ва ду намояндаи дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ."

"Бештари саволҳоро аз Маркази миллии тестӣ гирифтем"

Михаил Вождаев
Михаил Вождаев

Михаил Вождаев афзуд, то ҳол 17 намоянда аз 14 донишгоҳи Русия, назири Донишгоҳи давлатии Қазон, Донишгоҳи давлатии уқёнуси Ором ва Донишгоҳи технологии Поволжйе бо ҳадафи иштирок дар имтиҳонҳои қабули довталабон вориди Тоҷикистон шудаанд. Ба қавли ин масъули “Россотрудничество”, имтиҳонҳои қабул ба донишгоҳҳои Русия аз рӯи бурсияҳо ба барномаи таълимии мактабҳои Тоҷикистон мутобиқ шудааст. Ӯ мегӯяд, бахусус саволҳои илмҳои иҷтимоиро аз Маркази миллии тестии Тоҷикистон гирифтаанд.

"Бо дар назардошти онки хонандагони тоҷик дар макотиб таърихи Тоҷикистонро меомӯзанд, мо бештари суолҳоро аз сайти Маркази миллии тестӣ гирифтем. Ин хусусияти илмҳои гуманитарӣ аст. Дар мавриди фанҳои кимиё ва биология дар куҷо хондани он фарқ намекунад", - афзуд ӯ.

Чаро ба Русия рафтанӣ ҳастанд?

Умедҷон Сайфиддинов, донишҷӯи соли 4-уми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, яке аз 5 ҳазор довталаб аст, ки хостори ба даст овардани бурсияи таҳсилии Русия аст. Ӯ ҳоло дар Тоҷикистон дар риштаи иқтисод мехонад ва мехоҳад, дар яке аз донишгоҳҳои шаҳри Қазон магистратураи ин риштаро хатм кунад. Умедҷон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мехоҳад донишҳои иқтисодии худро беҳтар кунад ва умедвор аст, ки таҳсил дар донишгоҳи Русия аз назари сифати таълим барояш беҳтар хоҳад буд. “Тайёрии ҷиддӣ дидаам ва умед дорам, ки аз имтиҳон мегузарам. Фикр мекунам, имтиҳон дар сатҳи баланд хоҳад гузашт”, – афзуд ӯ.

Дар ҳамин ҳол Анӯшервони Зоиршоҳ, хонандаи синфи 11 аз Душанбе орзу дорад, дар Русия илми дипломатияро биомӯзад. Ӯ гуфт, “мехоҳам дар донишгоҳи Санкт-Петербург равобити байналмилал хонам. Аз аввал мехостам, ки дар Русия таҳсил кунам.”

Вақте панҷ сол дар Русия хонданд...

Коршиносон мегӯянд, таваҷҷӯҳ ба донишгоҳҳои Русия дар ҷомеаи Тоҷикистон аз замони Шӯравӣ реша мегирад, вақте таҳсил дар мактабҳои Русия ҳамчун гарави маълумот ва дониши баланд буд. Бахусус дар шароите ки сифати дониш дар мактабҳои олии Тоҷикистон ҳарчи бештар мавриди интиқод қарор мегирад. Вале ин масъала, ба қавли Фирӯз Баротов, хабарнигор ва ҷомеашиноси тоҷик, паҳлӯҳои дигар ҳам дорад, ки бештар бояд мояи андеша барои ҳукуматдорон дар Тоҷикистон бошад.

Ӯ гуфт, донишҷӯён давоми 5 соли таҳсил ба таври табиӣ ҳавохоҳ ва пайрави тафаккури он ҷомеа мешаванд ва баъди бозгашт ба ватан ҳам ин ақидаҳои худро ҳифз мекунанд ва беихтиёр ба тарафдорони сиёсати он кишвар ҳамроҳ мешаванд. Фирӯз Баротов гуфт, “онҳо бо андешаи русии худ фарқ мекунанд. Мо ҳатто ҳамкасбҳое дорем, ки дар факултаҳои журналистикаи Русия таҳсил кардаанд ва то ҳанӯз ҳамин гуна андеша доранд ва ҳамеша аз тасмимҳои ҳукумати Русия ҳимоят мекунанд.”

Амрикову Аврупо аз ёд наравад

Ин хабарнигор ва ҷомеашинос гуфт, Тоҷикистон бояд талош кунад, ки дар баробари ҳамкорӣ бо Русия, домани ҳамкориҳо дар соҳаи маориф бо кишварҳои Аврупо, Амрико ва Канадаро низ густариш диҳад. Вай гуфт, насли ҷавони Тоҷикистон ва мутахассисони оянда бояд аз илмҳои пешрафтаи ҷаҳони имрӯз огоҳ бошанд, фанновариҳои навинро донанд, ки бештар дар Ғарбу Аврупо рушд кардааст.

Соли 2015 дар як мулоқоташ бо донишҷӯёни тоҷики муҳассили донишгоҳҳои Кореяи Ҷанубӣ президент Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд, ки зиёда аз 30 ҳазор донишҷӯйи тоҷик дар хориҷи кишвар, аз ҷумла дар кишварҳои пешрафтаи қитъаҳои Аврупову Амрико ва Осиё илм меомӯзанд. Аз рӯи омори соли 2014-и Вазорати маориф ва илм, аз 10 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар хориҷа, 60 дар садашон дар мактабҳои Русия илм омӯхтаанд.

XS
SM
MD
LG