Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шарҳи вазорат дар бораи таркиши маргбор дар Қӯрғонтеппа АКСУ САДО


Ҳодиса дар инҷо ва шаби 12-уми март сурат гирифтааст.
Ҳодиса дар инҷо ва шаби 12-уми март сурат гирифтааст.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфт, ҳодисаи марги як нафар дар таркиш дар шаҳри Қӯрғонтеппаро таҳқиқ мекунад. Вазорат бо нашри баёнияе гуфт, “барои муайян кардани навъи дастгоҳи таркишӣ, тарз ва ҳолатҳои баамалоии таркиш чорабиниҳо андешида мешаванд.”

Ба гуфтаи мақомоти интизомӣ, рӯзи 12-уми март, Ҳасанбой Раҳмонов, сокини 67-солаи вилояти Хатлон дар натиҷаи таркиши “лавозимоти дар дасташ буда” ба ҳалокат расид. Ҳодиса соати тақрибан нӯҳуними шаби 12-уми март дар назди додситонии низомии шаҳри Қӯрғонтеппа ба вуқӯъ пайвастааст ва додситонӣ дар ин замина парвандаи ҷиноӣ боз кардааст ва таҳқиқ идома дорад.

Пештар аз ин баёнияи вазорат, баъзе аз матбуоти дохилӣ дар Тоҷикистон навиштанд, ки гӯё марде худро дар шаҳри Қӯрғонтеппа тарконидааст, вале мақомоти интизомии шаҳр зимни сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, хабари “худро тарконидани мард” дуруст нест ва таҳқиқот идома дорад. Ба гуфтаи мусоҳиби Радиои Озодӣ марде, ки дар натиҷаи таркиш ҳалок шуд, посбони Литсеи техникии шаҳри Қӯрғонтеппа будааст. Хабарнигори Радиои Озодӣ, ки аз маҳалли ҳодиса дидан кард, мегӯяд, муфаттишон дар онҷо ҳузур доштанд.

Дар таркише дар Қӯрғонтеппа як мард кушта шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:02 0:00
Линки мустақим

Ба гуфтаи хабарнигори Радиои Озодӣ, дар пайи ин ҳодиса ҳузури пулис ва намояндагони мақомоти амниятӣ дар Қӯрғонтеппа бештар ба мушоҳида мешавад ва аз шаб ба ин тараф аз назди кӯчаи Айнӣ то назди бинои ҳукумати вилоят ва то гардиши театри вилоятӣ ба номи Бӯрӣ Воҳидов, нозирони пулис ҳузури густурда доранд ва вазъро назорат мекунанд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ мегӯяд, ки дар маҳали ҳодиса низ тадобири шадиди амниятӣ рӯи даст гирифта шуда ва атрофи ҷои ҳодиса бо лентаҳои сурх печонида шудааст ва мақомот бо сокинони атрофи ин маҳал сӯҳбатҳо анҷом медиҳанд. Хонандагон ва устодони Литсейи техникӣ, ки гуфта мешавад фарди қурбонии ин ҳодиса дар онҷо посбон будааст, аз сӯҳбат бо хабарнигорон худдорӣ карданд.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи ВКД Тоҷикистон рӯзи душанбеи 13 март ба Радиои Озодӣ гуфт, ки таҳқиқи ҳодисаи таркиш марде дар маркази вилояти Хатлон идома дорад ва эҳтимол дорад то субҳи рӯзи оянда ҷузъиёти ин инфиҷор рӯшан шавад.

Вай гуфт, ки "ҳоло бозрасон шахсият ва дӯстони Ҳасанбой Раҳмонови 67-соларо мушаххас мекунанд. Ҳамчунин телефони мобайли ин сокини шаҳри Қӯрғонтеппа мавриди омӯзиш қарор дода шуда, куллияи тамосҳои рӯзҳои охири ин мард муайян карда мешавад. Ҳанӯз барои хулосаи ниҳоӣ кардани сабабҳои ин инфиҷор барвақт аст. Фикр мекунам, то субҳи рӯзи оянда ҷузъиёти бештареро бозрасон ҷамъоварӣ мекунанд".

То ба ҳол ҳеҷ гурӯҳ ва ё фарде дар робита ба ҳодисаи шаби 12 март дар Қӯрғонтеппа изҳори назар накардааст. Дар таърихи Тоҷикистони мустақил нахустин ҳамлаи интиҳорӣ ба бинои Шӯъбаи минтақавии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил дар Хуҷанд дар моҳи сентябри соли 2010, сурат гирифта буд. Дар ҳамлаи Хуҷанд ду нафар корманди пулис кушта ва 26 корманди ҳамин шӯъба ва 2 нафари дигар захмӣ шуданд. Мақомот он замон эълон карданд, ки гурӯҳи "Ансоруллоҳ" масъули ин ҳамла будааст.

Аммо дар робита ба ҳодисаи шаби 12 март дар Қӯрғонтеппа мақомот эҳтимоли ҳамлаи интиҳориро баъид медонанд ва мегӯянд, ки натиҷаҳои тафтишотро баъдан эълон хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG