Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди нав. Муҳокимаи мактаббачаҳо дар судҳои сайёр


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар як талоше барои ҷилавгирӣ аз ҷинояткорӣ дар байни наврасон, идораи маорифи шаҳри Хуҷанд пешниҳод кардааст, ки додгоҳҳо мурофиаи парвандаҳои маъмурии марбут ба мактаббачагону волидайни онҳо дар саҳни мактабҳо баргузор кунанд.

Мақомоти Шӯъбаи маорифи Хуҷанд мегӯянд, кордкашии ду ҷавон онҳоро водор кард, ки ба додгоҳ бо чунин пешниҳоде муроҷиат кунанд. Илҳом Инъомзода, раиси шӯъбаи маорифи шаҳр дар ин бора рӯзи 20-уми март бо Радиои Озодӣ сӯҳбат кард.

“Назорати нозирон аз болои мактаббачаҳо ва кор бо онҳо пурзӯр шудааст, чун пештар аз ин занозании хонандагони ду мактаб сабт шуд. Барои ин мо пешниҳод кардем, ки парвандаҳои маъмурӣ нисбат ба волидайн ва қонуншикании хонандагон, дар саҳни мактабҳо баррасӣ шавад. “ – гуфт ӯ.

Ба қавли Илҳом Инъомзода, ин чораи хубе барои пешгирӣ аз ҷиноят миёни хонандагон шуда метавонад, ”чун агар волидайни як нафар дар миёни ҳама барои вайрон кардани қонун муҳокима шавад, ҳам хонанда ва ҳам падару модарони дигар кӯшиш мекунанд, ки ба чунин хато роҳ надиҳанд ва дар миёни мардум муҳокима нашаванд. ”

Мо пешниҳод кардем, ки парвандаҳои маъмурӣ нисбат ба волидайн ва қонуншикании хонандагон, дар саҳни мактабҳо баррасӣ шавад.

Ҳафтаи гузашта ду донишҷӯи литсейи касбӣ-техникии шаҳри Хуҷанд бо ҳам занозанӣ карда, ду ҳамсабақи худро маҷрӯҳ кардаанд.

Додситонии шаҳри Хуҷанд баъди ин муноқиша Салим Мирхоҷаеви 21- соларо барои се корд задан ба сару бадани як ҳамсабақаш ва Муллоҷон Яҳёеви 19-сола барои бо оҳан задан ба сари ҳамсабақи дигараш ба “авбошӣ” муттаҳам кардааст.

Илҳом Инъомзода, мудири Шӯъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, донишҷӯёни литсей миёни ҳам дар 8-уми март муноқишаи лафзӣ карда, пас аз чанд рӯз бо омодагии пешакӣ дар ошхонаи ин таълимгоҳ ба ҳамсабақони худ занозанӣ карда, корду калтаки оҳанин ба кор бурдаанд.

Баъди ин охири ҳафтаи гузашта масъалаи муҳокима дар саҳни мактаб дар як ҷаласаи шаҳрдорӣ баррасӣ шудааст. Дар Тоҷикистон муҳокимаи сайёри додгоҳӣ зиёд мушоҳида мешавад, ки дар хона ва ё маҳаллае баргузор мегардад, вале дар саҳни мактаб ва бо ҳадафи "ҳиҷолат додани волидайну хонанда" дида нашудааст.

Занозании наврасону ҷавонони донишомӯз дар Хуҷанд ҳодисаи тоза нест, дар дигар манотиқи Тоҷикистон айни ҳодиса ва кордкашӣ ба сари ҳамдигар сабт шудааст. Дар ҳафтаи гузашта, дар шаҳри Қурғонтеппа, маркази вилояти Хатлон барои муноқишаву занозанӣ ва кордкашӣ ду ҷавонро дастгир карданд ва онҳо низ мунтазири муҳокима бо иттиҳоми авбошӣ ҳастанд.

Аз ин пештар дар аввали сол, рӯзи 2 январ миёни гурӯҳи ҷавонони мактабхон дар маҳаллаи 104-и шаҳри Душанбе ҷанг бархост ва бо марги ду нафар анҷом ёфт. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, 13 нафарро боздошт кард ва 500 нафари дигар бозпурсӣ шуданд.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар яке аз нишастҳои хабарӣ гуфт, ки сабаби ин ҳодисаҳо назорати нокофии мактабу волидайн ва айни замон кори нохуби нозирони милиса низ ҳаст.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон низ чанде пеш зимни мулоқот бо фаъолони шаҳри Душанбе аз афзоиши сатҳи ҷинояткорӣ миёни ноболиғон изҳори нигаронӣ кард ва дастур дод, ки пеши роҳи афзоиши ҷинояткорӣ дар байни наврасон гирифта шавад.

Ба дунбол мақомот ҳамчун яке аз чораҳои ҷилавгирӣ аз ҷиноят ҳузури мактаббачагон дар интернет-кафеҳо, Марказҳои букмекерӣ ва бозиҳои компютериро маҳдуд карданд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, соли гузашта, дар кишвар беш аз 5 ҳазор ҷинояте сабт шудааст, ки дар он ҷавонону наврасон нақш доранд.

XS
SM
MD
LG