Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Афв ҳаст, афв нест". Сардаргумии муҳоҷирон дар идораҳои пулис. САДО


Боздошти чанд муҳоҷир ҳангоми муроҷиат барои тамдиди мӯҳлати будубош дар Русия бархе аз муҳоҷиронро аз рафтан ба шӯъбаи пулис дудила кардааст. Аммо бархеи дигар гуфтанд, ки бидуни ҳеҷ мушкил дар Идораҳои пулис дар Русия ба расмиятдарории ҳуҷҷатҳояшонро анҷом медиҳанд.

Хавфи баъзе муҳоҷирони тоҷик: Дар идораҳои пулис боздошт мекунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:17 0:00
Линки мустақим

"Бародарамро боздошт карданд"

Рӯзҳои аввали қонунигардонии будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия аст. Дар баъзе маврид ба таври лозим ба роҳ монда нашудани ин меъёр ба назар мерасад, вале хеле кам аст. Мо аз ҳамватанон хоҳиш мекунем, ки ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо чунин мушкил зуд тамос гиранд.
Иброҳим Аҳмадов

Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон эълон кард, ки аз 25 март то 24 апрели имсол ба муҳоҷирони кории тоҷик дар ҳудуди Русия имкони тамдиди мӯҳлати будубош дода мешавад. Ин имкон ҳам ба муҳоҷироне дода мешавад, ки тариқи додгоҳ ҳукми ихроҷ аз Русияро нагирифта, танҳо қоидаи будубошро риоя нанамудаанд ё бе иҷозаи расмӣ ба кор пардохтаанд.

Абдусамад Каримов – як муҳоҷири кории тоҷик дар Маскав – рӯзи 31 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо шунидани ин эълон бародараш барои ба сабтином ба идораи пулиси пойтахти Русия рафт, вале ӯро фаврӣ боздошт кардаанд. Ин муҳоҷири тоҷик гуфт, онҳо се моҳи ахир сабти ҷои зист надоштанд, вале ҳеҷ бор барои кадом қонуншикание ҷарима нашуда буданд. Вай афзуд, ҳоло ҳамроҳ бо бародараш ду муҳоҷири дигар низ нигаҳдорӣ мешавад, ки барои қайди ҷои зист ба идораи пулис рафта будаанд.

Камаш 7 муҳоҷир шикоят карданд

Ӯ гуфт, “мо дар “Одноклассники” ин эълонро хондем, ки ҳақ дорем, ҳуҷҷатҳоро дуруст кунем. Бародарам рафт, вале боздошт шуд. Зуд ҳукми ихроҷаш содир шудааст ва ӯро фардо аз Русия бояд ба Тоҷикистон равон кунанд. Дигар аз тарс ман нарафтам.»

Ин муҳоҷир мегӯяд, чунин боздоштҳо дар гӯшаҳои гуногуни Русия овоза шудаанд ва ин боис шудааст, ки муҳоҷирони кории тоҷик аз тарс барои сабти худ бар асоси имконияти якмоҳа ба идораи пулис намераванд. Бо чунин мазмун ҳафт муҳоҷир аз боздошт шуданашон пас аз эълони намояндагии Хадамоти муҳоҷират барои имконияти якмоҳаи сабти будубош ба Радиои Озодӣ шикоят карданд.

"Овоза ҳаст, вале бо мо касе кордор нашуд"

Фарҳод Аминов, муҳоҷири дигари тоҷик, рӯзи 31 март ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳоло дар Шӯъбаи пулиси шаҳри Екатеринбург дар боздошт қарор дорад. Ин муҳоҷир гуфт, то кунун нагуфтанд, ки дар куҷо ва чӣ қонуншинкаӣ дорад, вале барояш гуфтаанд, мунтазири ихроҷ аз Русия бимонад. Абубакр Валиев, муҳоҷири дигари тоҷик аз дохили боздоштгоҳе дар Санкт-Петербург шаби 30 март тамос гирифта ва гуфт, ӯ ва се тан аз муҳоҷирон ҳангоми муроҷиат барои сабти будубош боздошт шудаанд. Ин муҳоҷир гуфт, бояд қарори ихроҷашон содир шавад.

Дар ҳамин ҳол, даҳҳо нафари дигар гуфтанд, ки бидуни кадом мушкиле дар идораҳои пулис сабти макони будубошашонро ба расмият даровардаанд ва роҳашон барои гирифтани патент боз шудааст. Хушбахтулло Нуров, як муҳоҷири тоҷик, гуфт, ду моҳ бидуни қайди будубош ба сар мебурд, вале рӯзи гузашта дар як идораи пулис дар Екатеринбург сабти қонунӣ анҷом дод. «Ҳамроҳи ман чанд ҷавони дигар буд, вале касе корашон нагирифт. Ҳамин хел овоза шудааст, лекин аз бачаҳои мо касеро боздошт накарданд», - афзуд ӯ.

"Баъзе муҳоҷирон ҳатто шиноснома надоранд"

Каримҷон Ёров
Каримҷон Ёров

Каримҷон Ёров, раҳбари созмони «Этмос», низ ба Радиои Озодӣ гуфт, мавридҳои зиёди боздошти муҳоҷиронро баъди эълони афв сабт кардааст. Намояндагони мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар аксар маврид шаҳрвандони кишвар бидуни ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба шӯъбаи пулис мераванд, ки ин боис ба нофаҳмӣ мешавад.

Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав, гуфт, рӯзи гузашта ба онҳо хабар доданд, ки як шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми муроҷиат боздошт шудааст, вале баъдан маълум мешавад, ки ин шаҳрванд ҳатто шиноснома надорад. Ба гуфтаи ӯ, дар чунин ҳолат то маълум шудани шахсият ин нафар дар боздошт мемонад ва баъдан дар мавридаш бар асоси қонунҳои Русия тасмимгирӣ мешавад. Аз сӯи дигар, Аҳмадов гуфт, воқеан, бархе аз кормандони пулис низ дар Русия ноогоҳона бо шаҳрвандони Тоҷикистон рафтор кардаанд.

"Рӯзҳои аввал аст..."

Иброҳим Аҳмадов
Иброҳим Аҳмадов

“Ин рӯзҳои аввали қонунигардонии буду боши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Тариқи телефон ҳамватанон ба мо низ муроҷиат мекунанд ва дар баъзе маврид нофаҳмиҳо ҳаст. Дар баъзе маврид ба таври лозим ба роҳ монда нашудани ин меъёр ба назар мерасад, вале хеле кам аст. Мо аз ҳамватанон хоҳиш мекунем, ки ҳангоми рӯ ба рӯ шудан ба чунин мушкил зуд бо мо дар тамос шаванд, то талош кунем, мушкил ҳал шавад. Ин чорабинӣ нав оғоз шуд ва шояд баъзеҳо аз ноогоҳӣ иқдоми дигар кунанд”, - афзуд ӯ.

Имконияти якмоҳа барои сабти қонунии кору иқомати муҳоҷирон пас аз вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо Владимр Путин, президенти Русия дар охири моҳи феврали имсол даст додааст. Бисёриҳо умедвор буданд, Русия ба садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷике иҷозаи бозгашту кор ба Русияро медиҳад, ки ба феҳрасти сиёҳи ин кишвар ворид шудаанд ва наметавонанд ба онҷо баргарданд. Русия бештар аз 250 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро бо қарори додгоҳ аз қаламраваш хориҷ кардааст ва онҳо барои солҳои гуногун ҳаққи баргаштан ба Русияро надоранд.

XS
SM
MD
LG