Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муроҷиати Доналд Трамп ба ҷаҳони ислом. ВИДЕО


Доналд Трамп бо Шоҳ Салмон бин Абдулазиз ал Сауд дар Риёз
Доналд Трамп бо Шоҳ Салмон бин Абдулазиз ал Сауд дар Риёз

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 21-уми май дар нишасти раҳбарони кишварҳои узви Шӯрои Ҳамкориҳои Халиҷ дар шаҳри Риёз ширкат мекунад ва сипас дар ҳузури даҳҳо раҳбари кишварҳои мусулмоннишин аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон сухаронӣ хоҳад кард.

Шӯрои Ҳамкориҳои Халиҷ иборат аз шаш кишвар, Баҳрайн, Кувайт, Уммон, Қатар, Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Арабист, ки ҳама шарикони деринаи Амрико ба ҳисоб мераванд. Доналд Трамп баъди ин нишаст ҳамроҳ бо Салмон, шоҳи Арабистони Саудӣ дар ҳамоиши раҳбарони бештар аз 50 кишвари мусулмоннишин ширкат мекунад, ки як масъалаи асосии баҳс дар он мубориза бо гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ ва дигар гурӯҳҳои ифротӣ аст.

Қарор аст, Доналд Трамп дар ин ҳамоиш ба муборизаи муштарак бо терроризм ва мубориза бо таҳаммулнопазирӣ сӯҳбат кунад. Матни нутқи Доналд Трампро хабаргузории Ассосиейтед Пресс ба даст овардааст, ки яке аз нутқҳои муҳими ӯ дар нахустин сафари хориҷиаш ба ҳисоб меравад.

Раиси ҷумҳури Амрикоро дар Риёз бошкӯҳ истиқбол карданд.
Раиси ҷумҳури Амрикоро дар Риёз бошкӯҳ истиқбол карданд.

Доналд Трамп сипас аз Арабистони Саудӣ ба Исроил, Ватикан меравад, дар шаҳри Ситсилияи Итолиё дар нишасти намояндагони ҳафт кишвари пешрафтаи ҷаҳон ширкат мекунад ва баъд аз он дар Брюссел дар ҳамоиши намояндагони кишварҳои узви НАТО ҳузур хоҳад дошт.

Ба суханронии Доналд Трамп дар Арабистони Саудӣ таваҷҷӯҳ зиёд аст, зеро ӯ ҳангоми корзори интихоботӣ борҳо баёнияҳои зидди исломӣ додааст ва ҳам баъди расидан ба қудрат фармон дод, вуруди шаҳрвандону паноҳандагони чанд кишвари мусулмононишин ба истиснои Арабистони Саудӣ ба Амрико муттавақиф шавад. Аммо иҷрои фармони ӯро додгоҳҳо боздоштанд.

Интизор меравад, Доналд Трамп аз мусулмонони ҷаҳон бихоҳад, ки дар мубориза бо ифротгароӣ муттаҳид бошанд. Ӯ мубориза бо ифротгароиро “набарди хайр бо шарр” номида ва аз раҳбарони кишварҳои арабӣ даъват мекунад, ки “террористонро аз маконҳои ибодаташон биронанд.”

Дар матни суханронии Доналд Трамп ибораи “терроризми исломӣ” дида намешавад, ҳарчанд худи ӯ Барак Обама, раиси ҷумҳури собиқи Амрико ва рақибаш Ҳилларӣ Клинтонро барои ба кор набурдани чунин ибора танқид кардааст.

Дар Арабистон ба Доналд Трамп Медали Шоҳ Абдулзиз тақдим шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:13 0:00

Интизор меравад, Доналд Трамп зимни суханронӣ Башор Ассад, раиси ҷумҳури Сурияро барои “ҷиноятҳои гӯшношид ба зидди башарият” ва Эронро барои мусоидат ба низоъ дар ҷанги шашсолаи дохилии Сурия танқид кунад.

“Тамоми кишварҳои бовиҷдон дар Ховари Миёна бояд ҳамроҳ кор кунанд, то нуфузи ноамнкунандаи Эрон ақиб зада шавад, тавозуни қудрат дар минтақа ба вуҷуд биёяд ва барои он дуо кунанд, ки мардуми Эрон ҳукумати боинсоф ва масъуле дошта бошанд, ки сазовораш ҳастанд” – омадааст, дар матни суханронии Доналд Трамп.

Доналд Трамп ҳамчунин бо гурӯҳе аз ҷавонон дар Арабистони Саудӣ дар Твиттер як муколама хоҳад дошт. Баъди хотимаи сафар дар Риёз Доналд Трамп ба Исроил меравад ва рӯзи 22-уми май бо нахуствазир Бенямин Нетаняҳу мулоқот мекунад. Қарор аст, ӯ ба маҷмааи ёдгории қурбониёни Ҳолокост бо номи Яд Вашим дар Байтулмуқаддас ҳам биравад.

XS
SM
MD
LG