Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди гузоришгари Созмони Милали Муттаҳид аз Тоҷикистон


Дейвид Кей
Дейвид Кей

Гузоришгари вижаи Созмони Милал шеваи рафтори ҳукумати Тоҷикистонро бо хабарнигорону дигарандешон башиддат танқид кард ва тавсия дод, ки чунин шеваи бархӯрд бояд дигар шавад. Дейвид Кей, гузоришгари вижаи Созмони Милал барои озодии баёну андеша, гуфт, шевае, ки ҳукумати Тоҷикистон барои таъмини субот ва ҷилавгирӣ аз ноамнӣ пеш гирифтааст, натиҷаҳои баръакс медиҳад. Гузориши ӯ дар Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал ҳафтаи гузашта баррасӣ ва рӯзи 20-уми июн нашр шуд.

Мухолифи ҳадафҳои ҳукумат?

Ман дарёфтам, ба матбуот ва хабарнигороне, ки дар бораи масоили ҷомеа менависанд, таҳдид мекунанд. Ҳукумат сензура кардани интернет, аз ҷумла бастани вебсайтҳоро тасдиқ кард.

Дейвид Кей, ки соли 2016 дар Тоҷикистон буд, дар гузориши хосе дар ин бора гуфтааст, ҳоло ҳукумат ба “саркӯби матбуоти мустақил, маҳдуд кардани дастрасӣ ба иттилоот, танг кардани фазо барои фаъолияти ҷомеаи маданӣ ва ақидаҳои демократии мухолиф” тамаркуз кардааст, ки бар зарари худи ҳадафҳои ҳукумат, яъне таъмини суботу амният дар кишвар аст.

Дар гузориши Дейвид Кей, ки дар ҷаласаи Шӯрои Ҳуқуқи Инсон дар Созмони Милал баррасӣ шуд, омадааст, Тоҷикистон ба як фазои амниятии ҷиддӣ ва ба навъе ғайримуқаррарӣ рӯ ба рӯст. Аз як тараф Афғонистони ноором бо марзи тӯлониаш, аз тарафи дигар афзоиши ифротгароии минтақавӣ бо сар боло кардани гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” хатарҳо ба амнияти Тоҷикистонро зиёд кардаанд.

"Ман дарёфтам, ки... таҳдид мекунанд"

Дар ин ҳолат, ба гуфтаи Дейвид Кей, “тамаркузи беҳади ҳукумат ба саркӯби хушунатомези дигарандешон, маҳдуд кардани озодии баён ва дигар ҳуқуқи инсон “хатарҳои мавҷуд ба амнияти Тоҷикистон назму тартибот дар кишварро бештар мекунад”. Ӯ зимни муаррифии гузоришаш дар Шӯрои Ҳуқуқи Башари Созмони Милал гуфт: “Ман дарёфтам, ба матбуот ва хабарнигороне, ки дар бораи масоили ҷомеа менависанд, таҳдид мекунанд. Ҳукумат сензура кардани интернет, аз ҷумла бастани вебсайтҳоро тасдиқ кард. Айни замон ман фаҳмидам, ки тамоми шабакаҳои мухобиротӣ назорат мешаванд, ки ин ҳамаи шаҳрвандонро дар хатар мегузорад."

Ӯ аз мақомот хостааст, таҳдиду тарсонидани хабарнигоронро бас кунанд ва иҷоза бидиҳанд, хабарнигорон бемамониат ва озодона фаъолият кунанд. Дар гузориш омадааст, ки Дейвид Кей ҳангоми сафараш ба Тоҷикистон гузоришҳое гирифтааст, ки ба хабарнигорон таҳдид кардаанд, ки дар сурати навиштани мақолаҳои интиқодӣ онҳоро бо баҳонаҳои тақаллуби молӣ, ҷинояткории муташаккилона ва ифротгароӣ ба ҷавобгарӣ мекашанд. Баъзе аз муҳарриронро ҳам маҷбур кардаанд, хабарнигороне, ки мақолаҳои интиқодӣ менависанд, аз кор ронанд.

Баҳси ҲНИТ ва се вакили дифоъ

Дейвид Кей аз ҷумла сабти дигарбораи симкартҳо ва иҷоза барои доштани фақат ду симкортро, ки ба номи мушаххас сабт бояд шавад, нақзи ҳуқуқ номида ва гуфтааст, ин кор иҷоза намедиҳад, мардум озодона ва пинҳонӣ аз назари ҳукумат муколама кунанд. Дар гузориши ӯ омадааст, танҳо аз ширкати мухобиротии "Тселл" дар давоми моҳи июни соли 2015 ҳукумати Тоҷикистон масдуд кадани 85 вебсайтро дархост кардааст.

Бузургмеҳр Ёров
Бузургмеҳр Ёров

Дар гузориши Дейвид Кей, ҳукумати Тоҷикистон ҳамчунин барои мамнӯъ кардани Ҳизби наҳзати исломӣ танқид шудааст. Ҳизби мазкурро соли 2015 баъди ошӯби нофарҷоми Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистон бастанд. Ҳукумат гуфт, Ҳизби наҳзат яке аз тарҳрезони ин ошӯб буд, ки дар натиҷаи он даҳҳо нафар кушта шуданд.

Амалкарди ҳукумат нисбат ба вакилони дифоъ Бузургмеҳр Ёров, Нуриддин Маҳкамов, Шӯҳрат Қудратов сахт танқид шудааст, ки ҳоло ҳарсе дар зиндон ҳастанд. Дейвид Кей аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, тамоми зиндониёни сиёсӣ, вакилони дифоъро озод кунанд.

Намояндаи Тоҷикистон: Мубориза бо терроризмро ба инобат нагирифтанд

Ба гуфтаи Дейвид Кей, зимни мулоқот бо намояндагони ҳукумат, онҳо хатари гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ» барои Тоҷикистонро бахусус таъкид карда ва гуфтаанд, чораҳое, ки меандешанд, барои пешгирӣ аз ифротгароии исломӣ аст. Аммо Дейвид Кей дар ҷаласаи Шӯрои Ҳуқуқи Башари Созмони Милал гуфт, бо чунин шева ва маҳдуд кардани озодии баён, пеши тундгароиро гирифта намешавад, балки сабаби ифротӣ шудани баъзе аз гурӯҳҳову раҳбаронаш мешавад.

Ҳайати Тоҷикистон дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ. Моҳи марти соли 2012
Ҳайати Тоҷикистон дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ. Моҳи марти соли 2012

Ҷамшед Ҳамидов, намояндаи Тоҷикистон дар муассисаҳои Созмони Милал дар Женева гузориши Дейвид Кейро яктарафа хонд. Ӯ зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои Ҳуқуқи Башари Созмони Милал гуфт, ки Дейвид Кей, қонунгузории кишвар ва тадбирҳои Тоҷикистон барои мубориза бо терроризмро ба инобат нагирифтааст.

“Ин гузориш яктарафа ва ғайриобъективӣ аст. Фақат маълумоти созмонҳои ғайриҳукуматиро ба инобат гирифта ва назари ҳукуматро ба инобат нагирифтааст”, - гуфт ӯ.

Дейвид Кей соли 2016 бо даъвати ҳукумати Тоҷикистон барои арзёбии вазъи озодии баён ба кишвар рафт ва бо намояндагони ҳукумат ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ гуфтугӯ дошт.

Дар беш аз як сол дар Тоҷикистон чӣ гузашт?

Дар як соли гузашта созмонҳои дигари мудофеи озодии баён, назири «Хонаи озодӣ» ва «Гузоришгарони бидуни марз» ҳам аз бештар маҳдуд шудани кори журналистон ва таҳти фишор қарор гирифтани расонаҳои мустақил интиқод кардаанд. Аз ҷумла, “Гузоришгарони бидуни марз” (мақарраш дар Париж) вазъи матбуот дар Тоҷикистонро дар як соли охир бо ибораи “тамоюли хатарнок” қаламдод карда гуфтааст, ки ҳукумат ба матбуоти мустақил фишор меорад ва бо баҳонаи мубориза бо терроризм оппозитсияи сиёсиро аз саҳна берун ва фазои матбуотро дар кишвар маҳдуд кардааст.

Нашрияи "Нигоҳ"
Нашрияи "Нигоҳ"

Дар ду соли охир дастикам ду расонаи фаъол ва хабарсоз - ҳафтаномаи "Нигоҳ" ва оҷонсии хабарии "Тоҷнюс" бо ишора ба вуҷуди мушкил дар нашри матолиби мавриди назар баста шуданд. Афзун бар ин расонаҳо, дар соли 2016 нашрияҳои "Вечерний Душанбе" ва нашрияи "Дам" дар Хуҷанд низ баста шуданд.

Нашрияҳои дигар аз дучори мушкили молӣ шудани худ, маҳдудият дар имкони нашри матолиби танқидӣ дар ҳаққи мақомот ва сохторҳои давлатӣ, вуҷуди сензураи давлатӣ, бахшиши ҳаққи пештозӣ дар пахши иттилои расмӣ ба Оҷонсии расмии "Ховар" ҳамчун мушкили пешбурди тиҷорату анҷоми рисолати касбии худ шикоят карданд. Муҳаққиқони вазъи расонаҳо дар Тоҷикистон соли 2017 гуфтанд, ки бо сабабҳои мухталиф, аз ҷумла адами имкони иҷрои рисолатҳои касбии худ 20 журналист касби худ ва кишварро тарк кардааст.

XS
SM
MD
LG