Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Камол Нуралиев дар Данғара ба хок супурда шуд. ВИДЕО, АКС


Камол Нуралиев, собиқ муовини аввали вазири хоҷагии об ва қудои Эмомалӣ Раҳмон, ки дар як садамаи нақлиётӣ дар мавзеи Cайёди ноҳияи Данғара ҷон бохт, рӯзи 23-юми июн дар оромгоҳи Мавлоно Тоҷиддини ҳамин ноҳия, ба хок супурда шуд. Маросими видоъ ва намози ҷанозаи Нуралиев таҳти чораҳои шадиди амниятӣ ва бо ҳузури даҳҳо нафар баргузор гардид.​

Навори видео дар инҷост:

Камол Нуралиев - қудои Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба хок супурда шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:52 0:00

Як манбаи Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин маросим Нуриддин Раҳмон – бародари Эмомалӣ Раҳмон, Лутфулло Давлатов – раиси театри ба номи Лоҳутӣ, Саидмукаррам Абдулқодирзода – раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ва раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирок доштанд. Субҳи ҷумъа Давлатшо Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон, низ барои изҳори таслият ба хонаи Камол Нуралиев рафтааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар ин маросим ҳузур надошт. Бино ба иттилои дафтари матбуоти президент, оқои Раҳмон рӯзи 23-юми июн маҷлиси ҳукуматро баргузор карда, сипас, дар якҷоягӣ бо Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, аз мактаб - интернати ёрирасони рақами 3-и пойтахт боздид намудааст.

Манбаи Радиои Озодӣ гуфт, ки намози ҷанозаи Камол Нуралиев дар масҷиди марказии ноҳияи Данғара бо имоматии Саидмукаррам Абдулқодирзода баргузор шуд. Раиси Шӯрои уламо дар суханронии худ аз Камол Нуралиев ба унвони инсони хоксор ва хидматнишондода ёдоварӣ кардааст.

Камол Нуралиев, собиқ муовини аввали вазири хоҷагии об ва қудои раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, рӯзи 22-юми июн дар як садамаи нақлиётӣ дар ҳудуди деҳаи Сайёди ноҳияи Данғара ба ҳалокат расид.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар шарҳи ин ҳодиса гуфт, ки ҳодиса тақрибан соатҳои тақрибан 1-и рӯзи 22-юми июн дар километри 67-уми шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб дар ҳудуди деҳаи Сайёди ноҳия Данғара рух додааст. Ба иттилои вазорати умури дохилии Тоҷикистон ронандаи 60-солаи мошини "Опел-Асра" ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада ва бо худрави "Мерседес-Бенс" бармехӯрад. "Дар натиҷаи ин бархурд худи ронанда ва мусофири он марди 71-сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасанд",-омадааст дар хабари вазорати умури дохилии Тоҷикистон.

Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Нуралиев савори мошини “Мерседес” буд ва аз Данғара ба сӯи Душанбе мерафт. Ба иттилои манбаъ, ронандаи “Опел” ва мусофиронаш ҷароҳат бардошта, ҳоло дар бемористонанд. Бино ба иттилои вазорати умури дохилии Тоҷикистон, дар робита ба ин садама таҳқиқ идома дорад.

Камол Нуралиев
Камол Нуралиев

Камол Нуралиев 71 сол дошт ва тайи тақрибан ҳашт сол боз бознишаста буд. Ӯ ду соли пеш академики Академияи байналмилалии инженерӣ интихоб шуда, пеш аз он академики Академияи муҳандисии Тоҷикистон буд. Ӯ то соли 2009 ба ҳайси муовини аввали вазири хоҷагии оби Тоҷикистон ҳам кор кардааст.

Академик Нуралиев шаш фарзанд дошт. Писараш Ҷамолиддин Нуралиев, ки бо духтари дувуми президенти Тоҷикистон Озода Раҳмон издивоҷ кардааст, моҳи майи соли 2015 муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин шуд.

Ҷамолиддин Нуралиев то соли 2010 муовини вазири молия ва тайи 5 соли охир муовини якум дар ин вазорат буд. Ҳамсари ӯ Озода Раҳмон раиси дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон аст.

XS
SM
MD
LG