Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рухшона сангсор шуд, Заҳроро "фурӯхтанд". Кӣ барои ин посух мегӯяд? ВИДЕО


Шаҳри нисбатан ороми Фирӯзкӯҳ дар Афғонистон қиссаҳои дарднок аз нолаву фарёди занонро дар худ дорад. Тарзи рафтору либос пӯшидан дар онҷо монанди минтақаҳои дигари Афғонистон нест. Занони ғурӣ маҷбуранд, ки мувофиқи майл ва салиқаи мардон рафтор кунанд. Дар аксар маврид барои иштибоҳи муғойир бо одати сокинони маҳаллӣ, занон ҷазои сангин мегиранд. Барои мисол, агар зани шавҳардоре бо марди бегона фирор кунад, зан кушта мешавад ва мард шаллоқ мехӯрад.

Барои духтарам ҳамчун ҷиҳоз ҳамагӣ 8 модагов ва 15 гӯсфанд доданд, ки ҳамаи онро хӯрдем.

Рухшонаи 16-соларо кӣ сангсор кард?

Дар як тасвири якуним соли пеш дидан мумкин аст, ки сангҳои бузург ба сару рӯи Рухшонаи 16-сола кӯбида мешавад. Рухшона ба далели онки розӣ набуд бо шавҳараш зиндагӣ кунад, бо ҷавоне фирор кард. Дар ин қазия Рухшона бо сангсор кушта шуд ва ҷавон шаллоқ хӯрд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

То ба кай азияту куштори занони афғон аз ҷавобгарӣ раҳо хоҳад монд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:07:04 0:00

Ҳанифа, модари Рухшона, мегӯяд, “аз рӯйи қонунҳои шариат агар зан шавҳардор ва мард ҳамсар дошта бошад, бояд нисбат ба ҳарду ҷазои якхела татбиқ шавад. Аммо онҳо духтарро сангсор намуда, ҷавонро ба ҳоли худаш гузоштанд. Танҳо бо сими борик 30 бор ба баданаш шаллоқ заданд ва сиҳҳату саломат ба хона ҷавоб доданд.”

Аз ин ҳодисаи дарднок ҳеҷ кас ба зиндон нарафтааст. Хонаводаи Рухшона бо таҳаммули мушкилот ва таҳдидҳо аз Ғалмин кӯч баста, феълан дар шаҳри Фирӯзкӯҳ зиндагӣ мекунанд.

Абдулкарим: Гунаҳкорон дар озодианд

Абдулкарим, падари Рухшона, гуфт, “Мавлавӣ Муҳаммад Ҳошим озоду роҳат мегардад. Юсуф низ, инчунин, дар Мурғоб дар озодист. Ҳамаи гунаҳкорон озод мегарданд, касе нест, ки музоҳими онҳо шавад.”

Қазияи Рухшона, қиссаҳои дигаре ҳам дорад. Аммо пеш аз поён додан ба ин достон ба гӯшаи дигари Фирӯзкӯҳ меравем. Дар як хонаи гилин Заҳро зиндагӣ дорад. Заҳрое, ки мегӯяд, хушунату латту кӯби шавҳараш сабаб шудааст, то ба хонаи модараш фирор намояд. Заҳро ба далели фақру нодорӣ бар ивази гову гӯсфанд ба никоҳи шахсе даромад, ки ҳоло аз хонааш фирор намудааст.

Модари Заҳро гуфт, “барои духтарам ҳамчун ҷиҳоз ҳамагӣ 8 модагов ва 15 гӯсфанд доданд, ки ҳамаи онро хӯрдем.” Сарнавишти ин издивоҷ ҳоло ба ҷое расидааст, ки Заҳро намехоҳад ба хонаи шавҳар баргардад. Заҳро мегӯяд, барои гирифтани талоқ ба раёсати занон муроҷиат намуд, вале ин ниҳод бар хилофи майли ӯ талош мекунад.

Намояндаи порлумон: Ин мушкил дар ҳамаи минтақаҳо ҳаст

Фавзия Кӯфӣ
Фавзия Кӯфӣ

Барои баррасии қазияҳои хушунати занон ҳайате аз Вулуси Ҷирга ё порлумони Афғонистон ба Ғур рафтааст. Ин ҳайат талош мекунад, ки аз наздик бо қурбониҳои хушунат мулоқот кунад.

Фавзия Кӯфӣ, намояндаи порлумони Афғонистон гуфт, “мушкилоте, ки дар вилояти Ғур вуҷуд дорад, дар тамоми минтақаҳои кишвар мавҷуд аст. Чизи фарқунанда ин аст, ки ҳокимияти қонун қурбонии суботу амният шудааст. Масалан, ба мо гуфтанд, ки агар ба фалон одам даст расонида шавад, амнияти вулусволӣ зери суол меравад. Ба хотири онки мо дидем дар бисёр маврид бар асоси беадолатӣ мардум ба Толибон пайвастанд.”

Духтари Абдулғафур дар авохири моҳи ферали соли гузашта дар вулусволии Дулайна кушта ва ҷасадаш сӯзонда шуд. Дар баробари чашмони ашколуди падар касе зоҳир мешавад, ки муттаҳам ба даст доштан дар куштори духтараш аст.

Абдулғафур гуфт, “набераам ба ман расонд, ки холааш, яъне духтарамро ҳамроҳаш мебарад. Онҳо якҷоя рафтанд. Духтарамро дар он ҷо аввал зада, баъд куштанд.”

Раиси амният: Гуноҳаш исбот нашуд

Фавзия Кӯфӣ, намояндаи порлумон мегӯяд, гунаҳкорони қазия ҳанӯз дастгир нашуданд. «Ин нишондиҳандаи он аст, ки барои масъулини амниятии мо, махсусан барои касоне, ки масъулияташон татбиқи қонун аст, авлавият таъмини амният мебошад. Агар шумо адолатро татбиқ накунед, амният ҳам намешавад”, - таъкид кард ӯ.

Мустафо Муҳсинӣ
Мустафо Муҳсинӣ

Дубора бармегардем, ба достони сангсори Рухшона. Бо омадани ҳайати ҳуқуқи башар ва умури занони Вулуси Ҷирга ба манзили хонаводаи Рухшона қазия паҳлӯҳои тоза пайдо мекунад.

Гуфта мешавад, дар гузашта Мавлавӣ Саъдиёр узви фаъоли гурӯҳи Толибон дастури сангсор намудани Рухшонаро содир карда буд, ки ахиран аз боздошти амнияти миллӣ дар ин вилоят раҳо шудааст. Мустафо Муҳсинӣ, раиси идораи амнияти Ғур гуфт, ки бар асоси арзёбии онҳо «ин одам дар сангсори Рухшона даст надошта, касе ҳам шикоят накардааст».

Дар ин авохир вилояти Ғур, вобаста ба қазияҳои хушунати занон ҳарчӣ бештар дар сархати расонаҳо қарор мегирад. Ҳатто амали даҳшатборе мисли куштор, сангсор ва ба оташ кашидани духтарону занон дар Ғур як амри маъмулӣ дониста мешавад.

XS
SM
MD
LG