Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 7 муҳоҷири Осиёи Марказӣ дар сӯхторе дар Ленинград


Дар пайи сӯхтор дар як корхонаи саноатии шаҳри Колпинои вилояти Ленинград, ҷануби шаҳри Санкт-Петербург, ҳафт муҳоҷири корӣ аз Осиёи Марказӣ ҷон бохтаанд. Ин ҳодиса субҳи барвақти 13-уми июл рух дод. Мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, ҷойи кор ва хоби муҳоҷирон дар дохили ҳамин иншоот буд, ки фарши сангин истеҳсол мекард. Дар Кумитаи тафтишоти Санкт-Петербург гуфтаанд, дар робита ба ин сӯхтор парванда боз шуда, таҳқиқи ҳодиса идома дорад. Дар намояндагии расмии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург низ гуфтанд, ки ҳарчанд номи расмӣ дар бораи ҳодиса дастрас нашудааст, вале онҳо хабари сӯхторро пайгирӣ доранд.

XS
SM
MD
LG