Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маъюбони тоҷик анҷумани худро бароҳ мемонанд


Дар Тоҷикистон нахустин Анҷумани миллии маъюбон баргузор мешавад. Мақсад аз баргузории ин анҷуман, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мушкилиҳои маъбон гуфта мешавад. Нахустин Анҷумани миллии маъбон аз ҷониби Бунёди ёрии кӯдакони маъюби “НЕКӢ”, Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон ва Ҷамъияти маъюбони шаҳри Душанбе “ИМКОНИЯТ”, доир мешавад. Дар назар аст, ки нахуст Анҷумани миллии маъюбон рӯзҳои 25 ва 26 октябр дар Маркази исмоилияи пойтахт доир шавад.

Дар ҳамин ҳол масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мегӯянд, “мақсади Анҷуман ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ва сохторҳои давлатӣ баҳри ҳалли мушкилиҳои маъюбон мебошад. Дар анҷуман ҷавонони маъюб аз тамоми гӯшаю канори Тоҷикистон иштирок мекунанд.

Бар асоси омори расмӣ, шумори афроди маълул, ки дар Тоҷикистон ба 154 ҳазор нафар баробар аст, ки 26 ҳазори онҳоро афроди то 18-сола ташкил медиҳанд. Дар шаҳри Душанбе теъдоди афроди маълул ҳудуди 13 ҳазор тан будааст.

XS
SM
MD
LG