Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии паҳлавонони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷаҳон дар Сочи


Хушқадам Хусравов
Хушқадам Хусравов

Паҳлавонони тоҷик дар рӯзи аввали мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбои варзишӣ ва самбои размӣ, ки бо ҳузури варзишгарони беш аз 90 кишвар дар шаҳри Сочии Русия ҷараён дорад, бе медал монданд.

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон, ки моҳи ноябри соли гузашта дар шаҳри Софияи Булғористон баргузор шуда буд, се медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар ин бора довари дараҷаи байналмилалӣ Маҳмуд Абдуллоев, муовини аввали раиси Иттиҳоди самбои Осиё ва дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, рӯзи 11-уми ноябр ба Радиои Озодӣ хабар дод.

Ӯ гуфт, “мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар Қасри яхини "Айсберг"-и шаҳри Сочии Русия то рӯзи якшанбе идома меёбад. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба самбои варзишӣ Ҷомӣ Ҳасан (52 кг), Акмалиддин Каримов (57 кг), Нозимҷон Охиров (62 кг), Хушқадам Хусравов (68 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода (74 кг), Зафар Олимшоев (82 кг), Умед Ҳасанбеков (90) ва Набимуҳаммад Хоркашев (+100 кг) дохиланд. Инчунин, дар риштаи самбои размӣ Тоҷикистонро се варзишгар -- Сорбон Латифов (62 кг), Табрезшоҳ Парпишоев (74 кг) ва Бахтовар Замиров (82 кг) - намояндагӣ мекунанд.”

Маҳмуди Абдулло
Маҳмуди Абдулло

Ба иттилои Маҳмуд Абдуллоев, дар рӯзи аввали мусобиқот – 10-уми ноябр – чаҳор паҳлавони тоҷик рақобат карданд. Дар сабқати самбои варзишӣ Хушқадам Хусравов дар вазни зери 68 кило мақоми панҷум, Ҷомӣ Ҳасан дар вазни зери 52 кило ва Умед Ҳасанбеков дар вазни зери 90 кило ҷойҳои ҳафтумро касб намуданд. Вале дар сабқати самбои размӣ Табрезшоҳ Парпишоев дар вазни зери 74 кило лат хӯрд.

Рӯзи 11-уми ноябр паҳлавонони тоҷик Акмалиддин Каримов дар вазни зери 57 кило ва Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни зери 74 кило оид ба самбои варзишӣ вориди рақобат мешаванд. Инчунин ду нафари дигар дар риштаи самбои размӣ қувваозмоӣ мекунанд: Сорбон Латифов дар вазни зери 62 кило ва Бахтовар Замиров дар вазни зери 82 кило.

Акмалиддин Каримов
Акмалиддин Каримов

Ёдовар мешавем, паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон, ки моҳи ноябри соли гузашта дар шаҳри Софияи Булғористон баргузор шуда буд, се медали биринҷӣ ба даст оварданд. Ҷомӣ Ҳасан дар вазни зери 52 кило, Ҳамроз Раҷабов дар вазни зери 74 кило ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни зери 90 кило барои ҷойҳои сеюм бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд. Вале Раҷабов ва Устопириён ин дафъа дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон иштирок намекунанд.

Бояд тазаккур дод, гуштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи самбои варзишӣ байни бузургсолон борҳо медалҳои нуқраву биринҷӣ гирифтаанд. Вале баъди пирӯзии Саидмуъмин Раҳимов дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон соли 1975 дар Мински Беларус, касе аз Тоҷикистон то ҳоло ба медали тиллои қаҳрамонии ҷаҳон байни бузургсолон мушарраф нашудааст.

Барномаи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбои варзишӣ миёни мардону занон ва самбои размӣ байни мардон

11 ноябр (шанбе)

12.00 – Қувваозмоиҳои пешакӣ: занон: 52, 64, 80 кг; мардон: 57, 74, 100 кг; самбои размӣ: 62, 82, +100 кг.

20.00 – Финал ва маросими ҷоизасупорӣ.

12 ноябр (якшанбе)

12.00 – Қувваозмоиҳои пешакӣ: занон: 56, 68, +80 кг; мардон: 62, 82, +100 кг; самбои размӣ: 52, 68, 90 кг

20.00 – Финал ва маросими ҷоизасупорӣ. Маросими пӯшидашавии мусобиқот.

Эзоҳ: замони оғози рақобатҳо - ба вақти Душанбе.

Ғолибону ҷоизадорони рӯзи аввали мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2017 дар Сочи

Мардон

52 кг

1. КИРАКОСЯН Tигран (Aрманистон)
2. ЧИМЕДДОРҶ Маралердан (Mуғулистон)
3. СОРОНОКОВ Валерийi (Русия)
3. КАНЖАНОВ Беимбет (Қазоқистон)

68 кг

1. БАЛИКОВ Владимир (Русия)
2. СЗОКЕ Ласзло (Руминия)
3. КОКША Александр (Беларус)
3. ИВАНОВ Мартин (Булғористон)

90 кг

1. РЯБОВ Сергей (Русия)
2. ЁҚУБОВ Неъмат (Узбакистон)
3. МОЛТ Ҳелге (Олмон)
3. ЗЕКЕНОВ Алибек (Қазоқистон)

Самбои размӣ

57 кг

1. ҒАМЗАЕВ Мухтор (Русия)
2. KУЧЕРЕНКО Андрейi (Украина)
3. ОЛТИНБЕК Уулу Амонат (Қирғизистон)
3. ГАНТУМУР Баян дуурен (Mуғулистон)

74 кг

1. РАИМКУ Бекназар (Қирғизистон)
2. ХОТХОХУ Байзет (Русия)
3. РУДНИЕВ Владислав (Украина)
3. ҚУДРАТОВ Истам (Узбакистон)

100 кг

1. НЕМКОВ Вадим (Русия)
2. АУКШТУОЛИС Теодорас (Латвия)
3. МАДӢ Райҳон (Қазоқистон)
3. ПОТИЕРИЯ Игор (Украина)

XS
SM
MD
LG