Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳургарон Саакашвилиро аз мошини хадамоти амният озод карданд


Боздошти Михаил Саакашвили. Рӯзи 5-уми декабри 2017
Боздошти Михаил Саакашвили. Рӯзи 5-уми декабри 2017

Тарафдорони Маихаил Саакашвили - президени пешини Гурҷистон ва раҳбари ҷумбиши "Рух- нерӯи нав" ӯро аз мошини хадамоти амнияти Украина берун оварданд. Худи Саакашвили баъди ин аз тарафдоронаш даъват кард, ки "ба Майдон раванд" ва ба "озод кардани Украина" аз дасти ба гуфтаи ӯ "банда"-и президент Порошенко шурӯъ кунанд. "Артиш дар тарафи мо аст",- гуфт Саакашвили ва ҳамзамон таъкид кард, ки ҳадафаш эътирози осоишта аст. Ҳоло сиёсатмадор Саакашвили бо тарафдоронаш дар назди бинои порлумон тазоҳурот мекунад.

Рӯзи 5 декабр кормандони хадамоти амнияти Украина Михаил Саакашвилиро дар Киев боздошт карданд.

Садҳо тарафдори Саакашвилӣ дар назди хонаи ӯ ҷамъ омаданд ва бо нидоҳои "шармандагӣ!", "импичмент!", "Миша!" аз ӯ ҳимоят карданд. Саакашвилиро ба маънои томаш аз бино базӯр берун оаварданд, дар байни фаъолон ва нерӯҳои вежа бархӯрд ҷараён гирифт.

Михаил Саакашвили дар рӯи бом, ҳангоми кофтукоби хонааш дар Киев. 5-уми декабри соли 2017
Михаил Саакашвили дар рӯи бом, ҳангоми кофтукоби хонааш дар Киев. 5-уми декабри соли 2017

Субҳи сешанбе кормандони Хадамоти амният ва Додситонии кулли Украина бо ҳадафи кофтукоб ба хонаи Саакашвилӣ омаданд. Худи Саакашвилӣ баробари омадани ин гурӯҳ дар боми хонааш пинҳон шуд. Вакилони мудофеъ ва намояндагони порлумон - Юрий Деревянно ва Виктор Чумакро ба бино роҳ надоданд.

Додситони кулли Украина Юрий Лутсенко Саакашвилиро ба тарҳрезии табаддулоти давлатӣ муттаҳам кард. Ин иттиҳом баъди он пеш гузошта шуд, ки тарафдорони президенти пешини Гурҷистон дар рӯ ба рӯи порлумон хайма заданд.

Яке аз талабҳои бошандагони хаймаҳо изҳори нобоварӣ ба президенти кишвар Порошенко аст. Рӯзи 3-юми декабр дар Киев раҳпаймоӣ бо талаби "импичменти президент" баргузор шуд. Михаил Саакашвилӣ он рӯз ҳангоми суханронӣ дар назди ҳазорон нафар гуфт, ҷунбиши ӯ якҷо бо созмонҳои дигар, кумитаи ипичменти президент дар тамоми манотиқи Украинаро таъсис медиҳад ва эълон кард, ки рӯзи 10-уми декабр дар Киев намоиши эътирозӣ баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG