Боз як рақиби қаҳрамони Тоҷикистон - «Истиқлол»-и Душанбе – дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсиюни футболи Осиё) -2018 дар гурӯҳи «D»-и минтақаи Марказӣ маълум шуд. Ин даста «Алтин Асир»-и Ишқобод, қаҳрамони Туркманистон, мебошад.
«Алтин Асир» бори чаҳорум дар таърихаш ғолиби мусобиқоти қаҳрамонии футболи Туркманистон гардид. Дар доираи марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2018 «Истиқлол» бо «Алтин Асир» 14-уми март дар Ишқобод ва 16-уми май дар Душанбе бозӣ мекунад.
Ба ин тартиб, ба гурӯҳи «D»-и Ҷоми AFC-2018 се қаҳрамон – «Истиқлол» (Тоҷикистон), «Олой» (Қирғизистон) ва «Алтин Асир» (Туркманистон), инчунин ғолиби даври плей-офф, ки 20-уми феврал маълум мешавад, шомиланд.
Дар бозиҳои пешакӣ рӯзҳои 23-юм ва 30-юми январ барандаи Ҷоми Қирғизистон - «Дордой»-и Бишкек ва ҷоизадори нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Туркманистон - «Аҳал» - вориди рақобат мешаванд. Ғолиби ин ҷуфт дар даври плей-офф бо барандаи Ҷоми Тоҷикистон ва ҷоизадори нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии кишвар - «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд – бозӣ мекунад.
Дастаи “Хуҷанд” нахустин бозиашро дар доираи плей-оффи Ҷоми AFC-2018 рӯзи 13-уми феврал дар Бишкек ё Ишқобод, бозии ҷавобиро 20-уми феврал дар майдони худ анҷом медиҳад.
Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2018 дар минтақаи Марказӣ 7-уми март оғоз ёфта, 16-уми май ба поён мерасад. Ба даври баъдии мусобиқот танҳо ғолиби гурӯҳ роҳ меёбад. Пас аз анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ бозиҳои ниманиҳоӣ ва ниҳоии байниминтақавӣ баргузор мешаванд. Бозии асосӣ ё ниҳоии Ҷоми AFC-2018 рӯзи 27-уми октябр барпо мегардад.
Ҷоми AFC-2018
Даври пешакӣ. Бозии аввал
23 январ (сешанбе)
«Дордой» (Қирғизистон) – «Аҳал» (Туркманистон)
Даври пешакӣ. Бозии ҷавобӣ
30 январ (сешанбе)
«Аҳал» (Туркманистон) – «Дордой» (Қирғизистон)
Плей-офф. Бозии аввал
13 феврал (сешанбе)
Ғолиби ҷуфти «Дордой»/«Аҳал» – «Хуҷанд» (Тоҷикистон)
Плей-офф. Бозии ҷавобӣ
20 феврал (сешанбе)
«Хуҷанд» (Тоҷикистон) – Ғолиби ҷуфти «Дордой»/«Аҳал»
Гурӯҳи «D». Минтақаи Марказӣ
Даври 1-ум
7 март (чоршанбе)
«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – Ғолиби плей-офф
«Олой» (Қирғизистон) – “Алтин Асир” (Туркманистон)
Даври 2-юм
14 март (чоршанбе)
“Алтин Асир” (Туркманистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)
Ғолиби плей-офф – «Олой» (Қирғизистон)
Даври 3-юм
11 апрел (чоршанбе)
«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Олой» (Қирғизистон)
Ғолиби плей-офф – “Алтин Асир” (Туркманистон)
Даври 4-ум
25 апрел (чоршанбе)
«Олой» (Қирғизистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)
“Алтин Асир” (Туркманистон) – Ғолиби плей-офф
Даври 5-ум
2 май (чоршанбе)
Ғолиби плей-офф – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)
“Алтин Асир” (Туркманистон) – «Олой» (Қирғизистон)
Даври 6-ум
16 май (чоршанбе)
«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – “Алтин Асир” (Туркманистон)
«Олой» (Қирғизистон) – Ғолиби плей-офф