Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзишгарони тоҷик аз «Ҷоми Хон Манас» бо 2 медал баргаштанд


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо бо номи “Ҷоми Хон Манас” байни гуштигирони солҳои таваллудашон 1997-1999, ки рӯзҳои 16-17-уми декабр дар маҷмааи варзишии «Газпром»-и пойтахти Қирғизистон – Бишкек - баргузор шуд, ду медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Паҳлавони ҷавони тоҷик Меҳрзод Сӯфиев дар сабқати мардон дар вазни зери 60 кило бо медали биринҷӣ сарфароз гашт. Дар ин вазн Баяман Сагинбай уулу аз Қирғизистон, ки дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Козимҷон Камолов аз Узбакистон ғолиб омад, мақоми аввалро гирифт. Инчунин Изат Бакиров (Қазоқистон) бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.

Медали дувумро ба дастаи Тоҷикистон Шоҳида Қаландарова овард. Ӯ дар рақобатҳо миёни занон дар вазни зери 57 кило барои ҷойи севум бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд. Медали дигари биринҷиро дар ин вазн Арай Оқхон аз Қазоқистон соҳиб гашт. Боз ду намояндаи Қазоқистон - Гулнас Нуриддинова мақоми аввал ва Оқмарал Ерназар мақоми дувумро касб карданд.

Дар ин мусобиқаи анъанавӣ 364 варзишгар (285 мард ва 79 зан) аз Арманистон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбакистон ва Ҳиндустон ширкат дошт. Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Қирғизистон бо касби ҳафт медали тилло (сето - мардон, чорто - занон) ғолиб шуд ва бо “Ҷоми Хон Манас” сарфароз гашт.

Ба иттилои Оҷонсии хабарии sport.kg, президенти Федератсияи ҷудои Қирғизистон Жолдошбек Колбаев дар як нишасти хабарӣ дар Бишкек гуфтааст, “сол то сол шумораи ширкаткунандагони ин мусобиқаи анъанавӣ, ки бори ҳаштум доир шуд, афзун мешавад. Дар оянда мо нақша дорем сатҳи мусобиқаро баланд бардорем ва умедворем, ки он ба мисли Ҷоми ҷаҳон мақоми ҷаҳонӣ касб хоҳад кард.»

XS
SM
MD
LG