Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайати мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозиҳо бо Туркия эълон шуд. САДО


Ҳусейн Шодиев, сармураббии тими мунтахаби футзали Тоҷикистон, ҳайати дастаашро дар ду бозии дӯстона бо мунтахаби Туркия, ки рӯзҳои 26-ум ва 27-уми декабр дар Душанбе баргузор мешаванд, эълон кард.

Вай рӯзи 25-уми декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ба бозии дӯстона бо мунтахаби Туркия 19 бозигарро даъват намудааст ва се нафари онҳо аввалин бор ба даста ҷалб шуда, аз озмоиш мегузаранд.

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов («ДИСИ Инвест»), Муродулло Алиқулов («Сино»), Масрур Мамадакимов («Сипар»);

Базигарон: Дилшод Саломов, Шавкат Ҳалимов, Собирҷон Гуляков, Умед Қузиев, Раҳмоналӣ Шарипов (ҳама – «ДИСИ Инвест»), Файзалӣ Сардоров, Некрӯз Алимаҳмадов, Муҳаммад Шарипов, Умед Мирзораҳимов (ҳарчор – «Сипар»), Сиёвуш Қаюмов, Фирӯз Сангов, Мансур Эргашев (ҳарсе – «Соро компания»), Баҳодур Хоҷаев («Садовая»), Зоиршо Толибшозода («Сино»), Рустам Ҳамидов («Сан Сити», Қирғизистон).

Бозиҳои дӯстона миёни тимҳои миллии футзали Тоҷикистон ва Туркия рӯзҳои 26-ум ва 27-уми декабр дар шаҳри Душанбе, дар маҷмааи варзишии «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и Кумитаи андози кишвар, баргузор мешаванд.

Ба гуфтаи Ҳусейн Шодиев, бозиҳои дӯстона бо мунтахаби Туркия барои тими миллии Тоҷикистон як давраи омодагӣ ба мусобиқоти 15-уми қаҳрамонии футзали Осиё аз 1-ум то 11-уми феврали соли 2018 дар Тайбэйи Чин баргузор мешавад, ба шумор мераванд. Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон нахустин бозиашро дар гурӯҳи «В» бо қаҳрамони секаратаи Осиё – мунтахаби Ҷопон – анҷом медиҳад. Ин бозӣ 1-уми феврали соли оянда барпо мегардад.

Мунтахаби Тоҷикистон дар даври дувуми мусобиқот 3-юми феврал бо дастаи Узбакистон, ки дар мусобиқоти охирини қаҳрамонии Осиё дар Тошканд барандаи медалҳои нуқра гардид, рӯбарӯ мешавад. Дар бозии ниҳоии сабқати гурӯҳӣ, ки 5-уми феврал доир хоҳад шуд, рақиби мунтахаби Тоҷикистон дастаи Кореяи Ҷанубӣ мебошад.

Гуфтугӯ бо Ҳусейн Шодиев, сармураббии тими мунтахаби футзали Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:08 0:00
Линки мустақим

Ҳусейн Шодиев гуфт, ки вазифаи мо аввалан роҳ ёфтан ба даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё мебошад. Вай афзуд, “ба назари ман дар байни 16 дастае, ки ба марҳилаи ниҳоии мусобиқот роҳ ёфтааст, дастаи суст нест. Рақибони мо дар сабқати гурӯҳӣ тимҳои пурқувватанд. Дар бораи рақибонамон иттилои кофӣ дорем. Дастаҳои мунтахаби Узбакистон ва Ҷопон нисбат ба мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, ки соли 2016 дар Тошканд доир шуд, ҳайатҳои худро нав кардаанд. Мо бо мунтахаби Узбакистон солҳои ахир чор бозӣ карда, дар яктоаш ғолиб шудем, як бозӣ бо натиҷаи мусовӣ анҷом ёфт ва дар ду бозӣ мағлуб шудем. Мунтахаби Ҷопон, ки имсол дар Бозиҳои осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Ашхобод ҷойи сеюмро гирифт, бо ҳайати нав бозӣ кард. Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ низ тими суръатӣ, рақиби сазовор аст. Дар бозӣ бо ҳар яке аз ин дастаҳои гурӯҳамон тамоми кӯшишу ғайратамонро баҳри пирӯзӣ сафарбар хоҳем кард.”

Ҳусейн Шодиев.
Ҳусейн Шодиев.

Бозиҳои дӯстона миёни тимҳои миллии футзали Тоҷикистон ва Туркия рӯзҳои 26-ум ва 27-уми декабр дар шаҳри Душанбе, дар маҷмааи варзишии «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и Кумитаи андози кишвар, баргузор мешаванд. Ҳарду бозӣ соати 14:00 оғоз меёбад.

Зимнан, моҳи феврали соли равон дастаҳои мунтахаби футзали Туркия ва Тоҷикистон ду бозии дӯстона доир карда буданд, ки ҳарду дидор дар шаҳри Ялова бо пирӯзии мизбонон бо натиҷаҳои 5:4 ва 3:2 хотима ёфт.

“Меҳмонон, ки дар ҳайати дастаи мунтахаби миллии футзали Туркия субҳи имрӯз, 25-уми декабр, тавассути ҳавопаймо ба Душанбе омаданд, дар меҳмонхонаи “Атлас” зиндагӣ мекунанд”, - иброз дошт Ҳусейн Шодиев.

XS
SM
MD
LG