Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади Диёрбек дар Хуҷанд ба хок супурда шуд


Акс аз сафҳаи фейсбукии "Ахбор барои афкор".
Акс аз сафҳаи фейсбукии "Ахбор барои афкор".

Диёрбек Аминҷонов - писари 5-солаи Дилноза Каримова - овозхони маъруфи тоҷик, ки тайи се моҳи ахир аз бемории саратон ранҷ мебурд ва шаби 31-уми декабри соли 2017 дар яке аз бемористонҳои шаҳри Деҳлии Ҳиндустон даргузашт, субҳи рӯзи 3-юми январ дар шаҳри Хуҷанд ба хок супурда шуд. Ҷасади Диёрбекро рӯзи 2-юми январ аз Ҳиндустон ба Душанбе оварда ва сипас ба Хуҷанд интиқол доданд.

Диёрбек Аминҷонов моҳи октябри имсол дар яке аз бемористонҳо бистарӣ шуд. Пизишкони саратоншинос дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон баъд аз муоинаву шурӯи муолиҷаи Диёрбек Аминҷонов гуфта буданд, ки ин тифл гирифтори “лимфома” ё саратони буғумҳост.

XS
SM
MD
LG