Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гирдгардон. Кадрҳои куҳна - дар мақомҳои нав


Таҳаввулоти кадрии вазорату идораҳои Тоҷикистон бозии шоҳмотро мемонад, вақте мӯҳраҳо дар рӯи як миз ҷойҳои худро иваз мекунанд, вале аз рӯи он берун намераванд.

Дар ҷумҳурии мо барои ҳар як мақом даҳҳо кадри шоиста пайдо мешавад.

Рӯзи 19-уми декабр бо фармони президент Эмомалӣ Раҳмон ва қарори ҳукумат Абдусалом Қурбониён, вазири молия ва Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Хадамоти гумрук бо сабаби ба вазифаи дигар гузаштан аз мақом озод шуданд. Ин ду мақоми баландпоя дар маҷлиси дирӯзаи ҷамъбастии ҳукумат аз сӯи президент танқид шуниданд.

Кӣ рафт, кӣ омад?

Нафароне, ки ҳамакнун дар курсии ин ду нафар такя мезананд, нав нестанд. Файзиддин Қаҳҳорзода, ки то ин дам раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ буд, нимаи аввали рӯз ба симати вазири молия ба кормандон муаррифӣ шуд. Дар идомаи рӯз, Асадулло Раҳмон ёрдамчии президент дар масоили кадрӣ Хуршед Каримзодаро ба ҳайси раиси нави Хадамоти гумрук ба кормандон муаррифӣ кард. Каримзода то ин замон дар ҳамин хадамот ба ҳайси муовини раис фаъолият дошт.

Абдуфаттоҳи Ғоиб
Абдуфаттоҳи Ғоиб

Курсии холишудаи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ насиби Фаррух Ҳамрализода шуд. Печухами карйераи Ҳамрализода пас аз 8 сол дубора ӯро ба ҳамин мақом овард. Вай аз соли 2008 то 2009 раҳбарии ин кумитаро бар ӯҳда дошт. Баъд аз ин, ӯ вазири рушди иқтисод ва савдо ва ёрдамчии президент оид ба иқтисод буд. Як сол қабл дар ҳамин шабу рӯз раиси Палатаи ҳисоб таъин шуд ва ҳоло дубора раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таъйин шуд. Зоҳиран, баъди интиқоди ду соли пеши дипломатҳои хориҷӣ аз муҳити мушкили сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва мизони баланди андозҳо барои ширкатҳои хориҷӣ, мақомот тасмим гирифтанд мутахассиси пешини ин соҳаро дубора барои мудирияти бахши ҷалби сармояҳо баргардонанд.

Дар ҳоле ки худи мақомот тарҷеҳ медиҳанд, бо журналистон сӯҳбат накунанд, дар амри таъйини ин ё он мақом дар вазифаи баланд шарҳе дода намешавад.

"Рокировка"

Шокирҷон Ҳакимов
Шокирҷон Ҳакимов

Ба назар мерасад, таъйину барканории вазиру раисони идораҳои давлатӣ дар Тоҷикистон дар атрофи як гурӯҳи маҳдуди мансабдорон сурат мегирад. Дар саҳифаҳои матбуоти маҳаллӣ дар Тоҷикистон аз ин падида чун ҷойивазкунии кадрҳо ё «рокировка» ном мебаранд.

Шокирҷон Ҳакимов, сиёсатшиноси тоҷик, мегӯяд, дар шароити феълӣ ҳамагуна тағйироту таъйиноти кадрӣ ба иродаи як шахс вобаста аст ва чун “критерия”-и интихоб ҳам садоқат аст, давраи одамони мавриди эътимод – хеле маҳдуд. Ӯ гуфт: “Дар ҷумҳурии мо барои ҳар як мақом даҳҳо кадри шоиста пайдо мешавад. Аммо касе нест, ки ба зеҳни президент таъсиргузор бошад ва инро дуруст расонад. Бинобар ин, мо дар миёни кадрҳои навтаъйиншуда шахсонеро бо диди нав, ки мушкилоти замони муосирро ҳал карда тавонанд, намебинем.”

Ҳакимов афзуд, дар оғози сол анҷом додани тағйироти кадрӣ таҷрибаи куҳна аст. Тоҷикистон онро аз замони Шӯравӣ ба мерос бурдааст, ки бесамар аст.

"Ба ҳар як вазифа ҳатман се номзад буд"

Ваҳҳоб Воҳидов
Ваҳҳоб Воҳидов

Ваҳҳоб Воҳидов, вазири собиқи кишоварзӣ, ки таҷрибаи тӯлонии кор дар замони Шӯравӣ ва масъалаи интихобу таъйини кадрҳоро дошт, мегӯяд, дар он замон барои ҳар як мансаб номзадии ҳадди ақал се нафари пуртаҷриба доим омода буд. Ӯ гуфт, "масалан, ман вазири кишоварзӣ будам, аммо номзади се нафар ба ҷойи ман дар дасти идораи кадрҳо буд. Яке ҳамсолам ва дуи дигар ҷавонтар буданд, ки ҳар ду ҳам таҷрибаи бузурге дар ин соҳа доштанд. Баъдан дар идораи шӯрои вазирон ҳам кор кардаам, ки 19 вазоратро назорат мекард. Бар ҳар як вазифа ҳатман се номзаде буд, ки Маскав онҳоро медонист."

Воҳидов гуфт, ҳоло чунин тартибу интихоби кадрҳоро мушоҳида намекунад ва аз ин рӯ гоҳ-гоҳе кадрҳои начандон сазовор ба вазифа таъин мешаванд.

Вазорати молия, ки маъмури дахлу харҷи давлат аст, дар як соли охир бештар ба хотири пур нашудани будҷаи давлат танқид шуд. Дар ҷаласаи рӯзи 18-уми январ раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон гуфт, аз ҳисоби кам ворид шудани маблағ аз рӯи чор навъи андоз ба буҷети кишвар 400 миллион сомонӣ камтар маблағ ворид шудааст. Ин дар ҳолест, ки соли 2017 масъалаи гарон будани мизони андоз дар кишвар яке аз мавзӯъҳои пурбаҳс буд ва Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистон гуфт, 200 ҳазор соҳибкор бо ҳамин сабаб аз пешаи худ даст кашиданд.

Интиқод аз Вазорати молия

Абдусалом Қурбониён
Абдусалом Қурбониён

Як мояи дигари интиқоди раисиҷумҳур аз кори вазорати молия моҳҳо пардохт нашудани маош ба кормандони буҷавӣ, бахусус муаллимону пизишкон, умдатан дар се ноҳияи тобеи марказ буд. Шурӯъ аз тобистони соли 2017 муаллимон ва духтурон шаҳрҳои Ваҳдату Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав аз моҳҳо пардохт нашудани маошашон шикоят мекарданд. Дар бархе минтақаҳо, бахусус шаҳри Ваҳдат қарзи маош 5-6 моҳро дар бар гирифт.

Дар моҳи октябри соли 2017 дар атрофи Вазорати молия моҷарои наве сар зад. Раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 14-уми октябр дар суҳбат бо соҳибкорон гуфт, Вазорати молия 171 миллион пули нерӯгоҳи Роғунро ба ширкати “Умед-88” қарз додаанд, аммо ин ширкат то ҳанӯз қарзро барнагардондааст. Баъд аз ин интиқоди раиси ҷумҳур роҳбари “Умед- 88” – ширкати фурӯши маводи сухт Раҷабалӣ Одинаев аз сӯи Оҷонси зидди фасод боздошт шуд. Ин қарз дар замони роҳбарии Абдусалом Қурбониён – вазири ҳамакнун собиқи молия дода шуда буд.

Бархе ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ мегӯянд, агар ҳадафи интиқоди мақомоти баландпоя ислоҳи вазъ ва «муолиҷаи дард» бошад, пас, тағйирот бояд аз овардани мутаххассисони нав ва замонавӣ шурӯъ шавад, то ки тавонанд ба мушкилоти мавҷуда бо диди тоза ва созанда нигоҳ карда аз пайи ислоҳи мушкилот шаванд.

XS
SM
MD
LG