Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавсияи ВКХ Тоҷикистон: "Аз роҳҳои заминӣ ба Қазоқистон сафар накунед"


Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 23-юми январ бо нашри як хабарнома аз шаҳрвандони кишвар хостааст, ки бинобар эълон гардидани ҳолати фавқулодда дар бархе аз минтақаҳои Қазоқистон бинобар сардиҳо, аз роҳи заминии ин кишвар сафар накунанд. Ин вазоратхона ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки то беҳтар шудани вазъи ҳаво, аз сафар тавассути нақлиёти заминӣ тариқи қаламрави Қазоқистон худдорӣ намоянд.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар ҳоле ба шаҳрвандони кишвар аз сафари заминӣ тариқи Қазоқистон ҳушдор дод, ки Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон мегӯяд, ки 57 муҳоҷири тоҷик, ки дар роҳ ба сӯи Русия буданд аз хатар наҷот дода шуданд. Кумита мегӯяд, ин афрод бар асари шикастани мошин зери хатар монда буданд. Дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ менависад, ин 57 муҳоҷири тоҷик аз сокинони вилояти Суғд буда, дар роҳ ба сӯи Русия будаанд.

Ба навиштаи масъулини Кумита, онҳо бар асари шикастани мошин зери хатар монда, аз сардии ҳудудан 50 дараҷа наҷот дода шуданд. Агар кӯмаки саривақтӣ намерасид, ба қавли масъулини Кумита эҳтимоли мусибатҳо миёни мусофирони тоҷик вуҷуд дошт.

“Ин ҳодиса шаби 20 ба 21-уми январ, вақте дар Шимоли Қазоқистон сардии ҳаво ба 50 дараҷа расид, рух дод. Дар қаламрави ноҳияи Буландин, дар наздикии шаҳри Макинск автобуси шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз вилояти Суғд ба Русия равона буд, шикаст. Ронандаи мошин, ки аз қазо дар телефони дастии худ симкорти қазоқӣ ҳам дошт, ба шумораи 112 ба хадамоти наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Қазқистон занг зад. Сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Қазоқистон дар ноҳия Баурҷон Жусупов фавран ҳамаи кормандони наҷотро ба по хезонд,”-менависад дафтари матбуоти Кумита.

Ба қавли манбаъ, ҳамаи мусофиронро дар мактаби рақами 5 шаҳри Макинск ҷой дода, муддати ду шабонарӯз онҳоро се бор бо таоми гарм таъмин намуданд. Инчунин ба қавли масъули Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ, “барои ҳамаи ҳамватанони гирифтори офатшудаи мо билети қатор то шаҳри Петропавловск пайдо карданд ва қарор буд дар он шаҳр онҳоро автобуси дигаре барои расонидан то Русия интизор мешуд. Бегоҳии 22-уми январ ҳамватанони мо ба самти Русия гусел карда шуданд.”

XS
SM
MD
LG