Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Аҳал” – рақиби “Хуҷанд” дар плей-оффи Ҷоми AFC-2018


Рақиби дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд дар плей-оффи Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё)-2018 тими «Аҳал»-и Балканобод, ҷоизадори нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии футболи Туркманистон, гардид.

“Аҳал” бозии ҷавобии даври пешакии Ҷоми AFC-ро, ки 30-юми январ дар Балканобод баргузор шуд, бо тими «Дордой»-и Қирғизистон бо ҳисоби 2:2 анҷом дод. Дар бозии аввал, ки 23-юми январ дар Бишкек барпо гардид, “Аҳал” бо ҳисоби 3:1 ғолиб омада буд. Ҳамин тариқ, аз рӯи натоиҷи ду бозӣ футболбозони туркман ба даври баъдӣ роҳ ёфтанд.

Бозии аввали “Хуҷанд” дар плей-оффи Ҷоми AFC-2018 бо «Аҳал»-и Туркманистон рӯзи 13-уми феврал дар Балканобод барпо мегардад. Бозии ҷавобии ин дастаҳо рӯзи 20-уми феврал дар Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и Хуҷанд баргузор мешавад.

Ғолиби ин ҷуфт ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2018 роҳ ёфта, дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои қаҳрамони кишварҳои худ - «Истиқлол»-и Тоҷикистон, «Алтин Асир»-и Туркманистон ва «Олой»-и Қирғизистон - рақобат мекунад.

Ҷоми АFC-2018

Плей-офф. Бозии аввал

13 феврал (сешанбе)

Оғози бозӣсоати 15:00

«Аҳал» (Туркманистон) – «Хуҷанд» (Тоҷикистон)

Балканобод, варзишгоҳи «Спорт Топлуми»

Плей-офф. Бозии ҷавобӣ

20 феврал (сешанбе)

Оғози бозӣсоати 14:00

«Хуҷанд» (Тоҷикистон) – «Аҳал» (Туркманистон)

Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»

Рустам Хоҷаев, сармураббии дастаи “Хуҷанд”, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки мақсад доранд дар плей-оффи Ҷоми Конфедератсиони футболи Осиё бозии хуб нишон дода, мухлисонашонро шод гардонанд. “Тамоми кӯшишу ғайратамонро барои роҳ ёфтан ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2018 сафарбар мекунем”, - иброз дошт сармураббии “Хуҷанд”.

Бошгоҳи “Хуҷанд” барои ширкат дар плей-оффи Ҷоми AFC-2018 дархост пешниҳод кардааст. Ба дархости ҷоизадори нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон 18 бозигар – 3 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 6 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар – дохил шудаанд. Дар ин рӯйхат ду легионер - дарвозабон Алексей Матросов аз Эстония ва ҳамлагар Агблей Ҷонс аз Гана - ҳастанд.

Дархости «Хуҷанд» барои иштирок дар Ҷоми AFC-2018:

Дарвозабонҳо: 1. Дилшод Додобоев, 16. Муъминҷон Гадойбоев, 88. Алексей Матросов (Эстония);

Ҳимоятгарон: 2. Соҳибҷон Ҳакимов, 3. Рустам Домлоҷонов, 5. Фирдавс Чақалов, 19. Хуршед Бекназаров, 22. Манучеҳр Аҳмадов, 24. Далерҷон Тухтасунов;

Нимҳимоятгарон: 6. Абдусамад Ҳоҷибоев, 8. Эҳсон Бобоев, 9. Кароматулло Саидов, 21. Ҳикматулло Расулов, 23. Дилшодҷон Каримов, 63. Амирҷон Раҳимов;

Ҳамлагарон: 10. Дилшод Бозоров, 20. Агблей Ҷонс (Гана), 62. Ҷаҳонгир Эргашев.

Сармураббӣ: Рустам Хоҷаев.

Тибқи дастури мусобиқот, як ҳафта пеш аз бозии аввали плей-оффи Ҷоми AFC «Хуҷанд» метавонад ба дархосташ боз панҷ бозигарро илова намояд. Дар мавриди роҳ ёфтан ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқот ба ин дархост боз панҷ бозигари дигарро илова кардан мумкин аст.

XS
SM
MD
LG