Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусодираи доруҳои "кушанда" барои мардони тоҷик


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти тоҷик аз дорухонаҳои кишвар садҳо дона ҳаб ва доруҳои шаҳватбарангезу нерӯдиҳанда ба мардонро мусодира кардаанд. Онҳо гуфтанд, ки аксари доруҳо аз Чину Ҳинд ва Покистон ворид шуда, сифати паст доранд ва дар сурати беаҳамиятӣ метавонад зиёни ҷиддӣ расонад.

Мардуми мо дарҳол овоза мекунанд. Барои ҳамин, метарсидам, ки ба табибон муроҷиат кунам. Ҳоло табобатро сар кардам

Тайи ду соли ахир номгӯи чанд дору ва малҳам барои афзоиши нерӯи мардӣ дар Тоҷикистон тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва вебсайтҳои махсус таблиғ мешавад ва фурӯшашон дар дорухонаҳо низ озод аст. Масъулони Хадамоти назорати фарматсевтии назди Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯянд, дар пайи “рейд” аз дорухонаҳои кишвар ҳабҳои шавҳатбарангезро ба мисли “Тонгат Али Платинум”, “Вечная Молодость”, “Отважный полководец” ва “Женская виагра” мусодира карданд.

Ба Шамсиддин чӣ шуд?

Фишори баланд қабл аз ҳамхобагӣ бо ҳамсараш Шамсиддин, ҷавони 34-солаи тоҷикро аз пой афтонд. Хонаводааш фаврӣ мошини “Ёрии таъҷилӣ”-ро даъват карданд ва ӯро ба беморхона бурданд. Пизишкон маълум карданд, ки ин ҷавон бар асари истеъмоли доруи шавҳатбарангез ба чунин ҳол дучор шудааст.

Шамсиддин бори аввал дар 27-солагӣ издивоҷ кард, вале бинобар фарзанддор нашудан соли гузашта аз ҳамсараш ҷудо шуд. Аз издивоҷ бо ҳамсари дуюм се моҳ гузаштааст. Ӯ рӯзи 10-уми феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз як дӯсташ дар Русия дар бораи доруҳои шавҳатбарангез шунида буд ва хост, онро таҷруба кунад. “Пеш аз ҳамхобагӣ хостам як “таблетка” хӯрам. Хурдам, баъди панҷ дақиқа дари сар шудам. Хаёл кардам, сарам мекафад. Зуд ба беморхона оварданд”, - нақл кард ӯ.

Ин ҷавон эътироф мекунад, ки заъфи камар дорад, вале то ба беморхона афтодан аз сӯҳбат дар ин мавзӯъ шарм медошт. Вай гуфт, “мардуми мо ҳазор овоза мекунанд. Барои ҳамин, метарсидам, ки ба духтурон муроҷиат кунам. Ҳозир табобатро сар кардам.”

Роҳи наҷот кадом аст?

Заъфи камар ё паст будани қувваи шаҳвонӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон барои мард шарм маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, ба гуфтаи пизишкон, мардони тоҷик талош мекунанд, ки мушкилашонро пинҳон кунанд ва ё бо истифодаи ҳабҳои шавҳатзо муваққатан худро аз хиҷолат берун кунанд.

Соли 2015 дар Тоҷикистон фурӯшгоҳи маҷозӣ ё интернетии маҳсулоти ниёзи шаҳвонӣ ба кор пардохта буд
Соли 2015 дар Тоҷикистон фурӯшгоҳи маҷозӣ ё интернетии маҳсулоти ниёзи шаҳвонӣ ба кор пардохта буд

Хадамоти назорати фарматсевтии назди Вазорати тандурустии Тоҷикистон низ мегӯяд, касе аз зиён дидан аз ин навъи ҳабҳо ба онҳо шикоят накардааст, вале дар пайи як санҷиш онҳо садҳо ҳабро аз фурӯш берун карданд. Ба муроҷиати мо дар Хадамоти назорати фарматсевтии Вазорати тандурустӣ гуфтанд, "дар борхат навиштаанд, ки дар таркиби доруҳо “силденафила цитрат” надоранд. Аммо санҷиш нишон дод, ки онҳо маводи кимиёвӣ доранд. Ин моддаи кимиёвӣ инсонро ба ваҷд меоварад. Гардиши хунро тез мекунад. Баъд аз ташхис маълум кардем, ки ба талабот ҷавобгӯ нест ва аз муомилот бардоштем", - гуфт як масъули ин Хадамот.

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар дорухонаҳои Тоҷикистон чанд намуд аз ҳабҳои шавҳатбарангез бидуни тавсияи духтурон фурӯхта мешавад. Ин ҳабҳо аз Чин, Ҳинд ва Покистон ворид мешаванд.

Саид Искандаров, пизишки тоҷик, мегӯяд, аслан бо тавсияи духтур истифодаи ин навъ ҳабҳо ба мардҳои аз 50-сола боло тавсия дода мешавад, вале ҳоло ба назар мерасад, миёни ҷавонон низ истифодаи он маъмул шудааст. “Аксари мардони тоҷик простатит доранд, чун намӣ дар Тоҷикистон зиёд аст. Баъдан мушкили ҳамхобагӣ бо ҳамсар пеш меояд. Ба ҷои муроҷиат ба духтур ва табобати дуруст рафта, аз дорухона ҳаби шавҳатзо мехаранд. Ин навъи ҳаб муввақатан шояд кори мардро хуб кунад, вале зиёни зиёд дорад. Агар дар ҷавонӣ онро истеъмол кунанд, ба фишорбаландӣ, бемории дил ва ҳатто хира шудани чашмҳо мерасонад. Қариб аксари истифодабарандагонро дарди сар мекунад”, - шарҳ дод пизишк.

Муллозуҳур Тоҳирӣ
Муллозуҳур Тоҳирӣ

Ҳусейн Раҳмон, пизишки бемориҳои дил мегӯяд, як навъе аз ҳаби шавҳатзоро барои бемороне, ки дар шушашон мушкил доранд, тавсия медиҳанд. Ӯ мегӯяд, бо эҳтимоли зиёд ба Тоҷикистон чунин ҳабҳо бо сифати паст ворид мешавад, вагарна бо меъёр ва дар синни аз 50 боло истеъмол кардан чандоне зиёне надоранд.

“Ба ман бештар ҷавонҳо муроҷиат мекунанд”

Муллозуҳур Тоҳирӣ, табиби мардумӣ ва муаллифи китоби “Асрори заношӯӣ” мегӯяд, аксари онҳое, ки аз ҳабҳои шавҳатзо истифода кардаанд, ба мушкили сиҳатӣ гирифторанд. “Ба ман бисёр ҷавонҳо муроҷиат мекунанд, ки оиладор шудаанд, вале бо ҳамсарашон ҳамхоба шуда наметавонанд. Ба онҳо бархе аз чунин ҳабҳоро тавсия медиҳанд, лекин онҳоро бе ин ҳам табобат кардан мумкин аст.”

Чун ҷомеаи Тоҷикистон мусалмонист, баъзе афрод ба даҳони рӯҳониён менигаранд, ки дар мавриди "масоили нозук" чӣ мегӯянд. Охирҳои моҳи январи имсол Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон истифодаи дору барои афзоиши нерӯи мардиро иҷозат дод. Ин ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон дар вебсайти расмиаш навишт, “истифодаи дору барои тақвияти нирӯи мардӣ боке надорад, ба шарте ки ба саломатӣ зарар нарасонад.”

То ба ҳол омори комиле дар бораи теъдоди гирифторони заъфи камар дар Тоҷикистон вуҷуд надорад. Мақомот танҳо соли 2012 гуфта буданд, ки ба пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии момодоягӣ наздик ба 900 мард бо мушкили ҷинсӣ муроҷиат кардаанд ва ташхиси тиббӣ маълум намудааст, ки беш аз 600 нафари онҳо ба заъфи камар гирифторанд.

XS
SM
MD
LG