Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хуҷанд" бохт ва ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC роҳ наёфт


Дастаи «Хуҷанд»-и Тоҷикистон, ки аз рӯи натоиҷи ду бозии плей-оффи Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё) аз тими «Аҳал»-и Туркманистон бо ҳисоби умумии 0:3 (бозии аввал - 0:1 ва бозии ҷавобӣ - 0:2) шикаст хӯрд, аз ҳаққи ширкат дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқот маҳрум гашт.

Бозии ҷавобии плей-оффи Ҷоми AFC-2018 миёни дастаи “Хуҷанд”, барандаи медалҳои нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон ва тими «Аҳал»-и Балканобод, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии Туркманистон, имрӯз, 20-уми феврал, дар Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳузури беш аз 25 ҳазор тамошогар баргузор шуд.

Ба дастаи «Хуҷанд» барои роҳ ёфтан ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқот дар бозии ҷавобӣ бо “Аҳал” танҳо ғалаба бо фарқияти ду тӯб зарур буд.

Ҳарду голро футболбозони туркман дар нимаи дувуми бозӣ аз ҷаримагоҳи “Хуҷанд”, аз масофаи наздик, ба дарвозаи мизбонон ворид карданд. Вазиргелдӣ Илёсов дар дақиқаи 49-ум ҳисобро боз намуд. Баъди се дақиқа голи дувуми “Аҳал”-ро Сулаймон Муҳадов ба ҳадаф расонд. Зимнан, Сулаймон писари собиқ бозигари дастаи машҳури “Помир”-и Душанбе Чориёр Муҳадов мебошад.

Дар дақиқаи 54-уми бозӣ сардовар Нивон Робеш Гаминӣ аз Шри-Ланка ҳимоятгари “Хуҷанд” Хуршед Бекназаровро барои он ки рақибашро бо по зад аз майдон хориҷ намуд. Инчунин дар ҷараёни бозӣ ду бозигари “Хуҷанд” ва як нафар аз “Аҳал” кортҳои зард гирифтанд. Дар дақиқаи 77-ум меҳмонон аз ҷаримаи 11-метрӣ истифода карда натавонистанд. Тӯби аз пеналтӣ задаи ҳамлагар Мурод Аннаевро дарвозабони “Хуҷанд” Алексей Матросов баргардонд.

​Бояд гуфт, ки ба дастаи «Хуҷанд» барои роҳ ёфтан ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқот дар бозии ҷавобӣ бо “Аҳал” танҳо ғалаба бо фарқияти ду тӯб зарур буд. Зероки бозии аввали плей-оффи Ҷоми AFC-2018 миёни дастаҳои «Аҳал» ва «Хуҷанд», ки 13-уми феврал дар варзишгоҳи «Спорт Туплимӣ»-и Балканобод доир шуда буд, бо пирӯзии футболбозони туркман бо ҳисоби 1:0 ба анҷом расидааст. Тӯбро аз пеналтӣ Мурод Аннаев ба ҳадаф расонда буд.

Ин бозиро гурӯҳи ҳакамон бо раҳбарии сардовар Нивон Робеш Гаминӣ аз Шри-Ланка доварӣ карданд. Солеҳ Муҳаммад Абдулло Ҳасан Ал-Марзукӣ аз Имороти Муттаҳидаи Араб нозири доварон ва Субраманиан Маникам аз Малайзия комиссари бозӣ буданд.

Бо тасмими роҳбарияти бошгоҳи футболи “Хуҷанд” тамошои бозии ҷавобии плей-оффи Ҷоми AFC-2018 муқобили «Аҳал» барои мухлисон ройгон буд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар мулоқоташ бо аъзои дастаи «Хуҷанд» пеш аз бозии ҷавобии плей-оффи Ҷоми AFC бо «Аҳал» ваъда дода буд, ки дар мавриди пирӯзӣ ба дастаи “Хуҷанд” ҷоизаи молӣ ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ тақдим менамояд. Вале “Хуҷанд” аз ин ҷоиза бенасиб монд.

Рустам Хоҷаев, сармураббии дастаи “Хуҷанд”
Рустам Хоҷаев, сармураббии дастаи “Хуҷанд”

Рустам Хоҷаев, сармураббии дастаи “Хуҷанд”, пеш аз бозии ҷавобӣ дар як нишасти хабарӣ гуфта буд, ки дар бозӣ муқобили «Аҳал» пирӯзӣ ба даст меоранд ва мекӯшанд, ки мухлисонашонро ноумед накунанд. Вале ҳазорҳо ҳаводорони даста, ки дар варзишгоҳ ба ҳайси “бозигари шумораи 12” ширкат доштанд, аз бохти “Хуҷанд” нигарон шуданд.

Ва аммо Равшан Муродов, сармураббии тими “Аҳал”, аз он изҳори хурсандӣ намуд, ки даста вазифаашро бо сарбаландӣ иҷро намуд ва ба марҳилаи гурӯҳӣ роҳ ёфт.

Ба ин тартиб, аз рӯи натиҷагирии ду бозӣ “Аҳал” бо ҳисоби умумии 3:0 пирӯз шуда, ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2018 роҳхат гирифт. “Аҳал” дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои қаҳрамони кишварҳои худ - «Истиқлол»-и Тоҷикистон, «Алтин Асир»-и Туркманистон ва «Олой»-и Қирғизистон - рақобат мекунад.

Ба ҳайати “Хуҷанд” дар бозии ҷавобии плей-оффи Ҷоми AFC-2018 бо «Аҳал» чаҳор легионер - дарвозабон Алексей Матросов (Эстония), нимҳимоятгарон Сергей Чеботарёв (Украина), Фурқатҷон Ҳасанбоев (Узбакистон) ва ҳамлагар Агблей Ҷонс (Гана) – дохил буданд.

Ҳайати комили «Хуҷанд» дар бозиҳои плей-оффи Ҷоми AFC-2018 муқобили «Аҳал»:

Дарвозабонҳо: Алексей Матросов (Эстония), Дилшод Додобоев;

Ҳимоятгарон: Соҳибҷон Ҳакимов, Фирдавс Чақалов, Хуршед Бекназаров, Манучеҳр Аҳмадов, Далерҷон Тухтасунов;

Нимҳимоятгарон: Сергей Чеботарёв (Украина), Фурқатҷон Ҳасанбоев (Узбакистон), Абдусамад Ҳоҷибаев, Эҳсон Бобоев, Кароматулло Саидов, Ҳикматулло Расулов, Дилшодҷон Каримов, Амирҷон Раҳимов;

Ҳамлагарон: Агблей Ҷонс (Гана), Дилшод Бозоров, Ҷаҳонгир Эргашев.

Сармураббӣ: Рустам Хоҷаев.

Ҷоми AFC-2018

Плей-офф. Бозии ҷавобӣ

«Хуҷанд» (Тоҷикистон) – «Аҳал» (Туркманистон) – 0:2

Голҳо: Вазиргелдӣ Илёсов, 49 (0:1). Сулаймон Муҳадов, 52 (0:2).

Аз пеналтӣ тӯбро ба ҳадаф нарасонд: Мурод Аннаев («Аҳал»), 77 – дарвозабон тӯбро баргардонд.

«Хуҷанд» (Тоҷикистон): Алексей Матросов, Фирдавс Чақалов, Хуршед Бекназаров, Далерҷон Тухтасунов, Манучеҳр Аҳмадов, Эҳсон Бобоев, Абдусамад Ҳоҷибоев, Ҳикматулло Расулов (Фурқатҷон Ҳасанбоев, 64), Сергей Чеботарёв (Агблей Ҷонс, 60), Ҷаҳонгир Эргашев, Дилшод Бозоров (Амирҷон Раҳимов, 83).

«Аҳал» (Туркманистон): Ботир Бобоев, Гуйчмурод Аннақулиев, Қурбонгулӣ Аширов, Мурод Аннаев, Сулаймон Муҳадов, Гуванҷ Абилов, Сулаймон Оразов, Дидор Ҳоҷиев, Бегенҷ Оқмамедов, Вазиргелдӣ Илёсов, Хошгелдӣ Хоҷовов.

Огоҳонида шуданд: Фирдавс Чақалов, Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»), Вазиргелдӣ Илёсов («Аҳал»).

Аз майдон хориҷ шуд: Хуршед Бекназаров («Хуҷанд»), 54 — барои рақибашро бо по задан.

Бозигари беҳтарини дидор: Сулаймон Муҳадов («Аҳал»).

Сардовар: Нивон Робеш Гаминӣ (Шри-Ланка).

Нозири доварон: Солеҳ Муҳаммад Ал-Марзукӣ (Имороти Муттаҳидаи Араб).

Комиссари бозӣ: Ҷек Субра (Малайзия).

20 феврал. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 25 000 тамошогар.

Бозии аввал – 0:1.

XS
SM
MD
LG