Дар Бозиҳои XXIII зимистонаи олимпӣ, ки дар шаҳри Пхёнчхани Кореяи Ҷанубӣ ҷараён доранд, дар ёздаҳ рӯзи мусобиқот варзишгарони 27 кишвар бо медалҳо мукофотонида шуданд.
Мунтахаби Норвегия, ки то рӯзи 22-юми феврал 33 медал (13 тилло, 11 нуқра, 9 биринҷӣ) гирифтааст, дар ҳисоби умумидастаӣ ҳам аз рӯи сифати медалҳо ва ҳам аз рӯи шумораи умумии медалҳо мақоми аввалро касб намудааст.
Олмон, ки 24 медал (12 тилло, 7 нуқра, 5 биринҷӣ) дорад, дар мақоми дувум мебошад. Канада бо 21 медал (9 тилло, 5 нуқра, 7 биринҷӣ) дар ҷойи севум, Ҳолланд бо 16 медал (6 тилло, 6 нуқра, 4 биринҷӣ) дар ҷойи чорум ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) бо 16 медал (6 тилло, 4 нуқра, 6 биринҷӣ) дар ҷойи панҷум қарор доранд.
Аз кишварҳои собиқи шӯравӣ дар Олимпиадаи зимистона дар Пхёнчхан варзишгарони Беларус бо 2 медал (1 тилло ва 1 нуқра) ҷойи 15-ум, Украина бо 1 медали тилло ҷойи 18-ум, Русия бо 13 медал (4 нуқра ва 9 биринҷӣ) ҷойи 20-ум, Латвия ва Қазоқистон бо як медали биринҷӣ ҷойи 25-умро ишғол кардаанд.
Ҳисоби медалҳо
Кишвар |
Тилло |
Нуқра |
Биринҷӣ |
Ҳамагӣ |
Дар Бозиҳои XXIII зимистонаи олимпӣ рӯзи панҷшанбе, 22-юми феврал, варзишгарон барои 10 маҷмуи медалҳо мубориза мебаранд:
Сноуборд. Занон. Биг-эйр. Финал
Фристайл. Мардон. Ски-хафпайп
Ҳоккей. Занон. Финал. Канада — ИМА
Лижаронии кӯҳӣ. Мардон. Слалом.
Лижаронии кӯҳӣ. Занон. Суперкомбинатсия. Слалом
Дуҳарбаи лижаронӣ. Мусобиқоти дастаӣ. HS-140 + эстафетаи 4х5 км
Шорт-трек. Мардон. 500 м. Финал
Биатлон. Занон. Эстафетаи 4х6 км
Шорт-трек. Занон. 1000 м. Финал
Шорт-трек. Мардон. Эстафетаи 5000 м. Финал