Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паралимпиадаи зимистонаи соли 2018 ба поён расид


Дар маросими ботантана пӯшидашавии Бозиҳои XII зимистонаи паралимпӣ, ки 18-уми март дар варзишгоҳи “Олимпӣ”-и шаҳри Пхёнчхани Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуд, президенти Кумитаи байналмилалии паралимпӣ Эндрю Парсонс Паралимпиадаи соли 2018-ро пӯшида эълон кард.

Бозиҳои XII зимистонаи паралимпӣ, ки дар Пхёнчхани Кореяи Ҷанубӣ 9-уми март шуруъ шуд, рӯзи якшанбеи 18-уми март ба поён расид. Дар Бозиҳо беш аз 670 варзишгари маълул аз 49 кишвар барои 80 маҷмуи медалҳо дар 6 намуд - биатлон, лижаронии кӯҳӣ, пойгаи лижаронӣ, сноуборд, кёрлинг ва слеҷ-ҳоккей – рақобат карданд.

Тоҷикистонро дар Паралимпиадаи Пхёнчхан танҳо як варзишгар - Сиёвуш Илёсов – намояндагӣ кард.

Дар мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳо варзишгарони 26 кишвар соҳибони медалҳо гардиданд, аз он ҷумла намояндагони 21 кишвар нишонҳои тилло ба даст оварданд.

Мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА), ки 36 медал (13 тилло, 15 нуқра ва 8 биринҷӣ) гирифт, дар ҳисоби ғайрирасмии умумидастаӣ ҳам аз рӯи сифати медалҳо ва ҳам аз рӯи шумораи умумии медалҳо мақоми аввалро соҳиб шуд.

Варзишгарони паралимпии бетараф, ки аз Русия буданд, бо 24 медал (8 тилло, 10 нуқра ва 6 биринҷӣ) мақоми дувумро азони худ карданд. Канада бо касби 28 медал (8 тилло, 4 нуқра ва 16 биринҷӣ) мақоми севумро ишғол намуд.

Сиёвуш Илёсов.
Сиёвуш Илёсов.

Бояд гуфт, ки Гурҷистон, Кореяи Шимолӣ ва Тоҷикистон барои аввалин бор дар Бозиҳои зимистонаи паралимпӣ ширкат варзиданд.

Ёдовар мешавем, Тоҷикистонро дар Паралимпиадаи Пхёнчхан танҳо як варзишгар - Сиёвуш Илёсов – намояндагӣ кард. Ӯ ҳамроҳи мураббиаш Илҳомиддин Абдуллоев дар пойгаи лижаронӣ байни мардон ба масофаи 1,5 километр (Sprint Classic, Visually Impfired) дар даври интихобӣ бо варзишгарони маълул аз Шведсия, Канада, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Олмон, Норвегия, Украина, Финляндия, Фаронса, Беларус, Полша, Қазоқистон, Ҷопон, Булғористон ва Кореяи Ҷанубӣ рақобат намуд. Варзишгари маълули тоҷик дар байни 20 нафар, ки ба марра расиданд, бо натиҷаи 9:31.34 дар ҷойи охирин қарор гирифт.

Дар пойгаи лижаронӣ ба масофаи 1,5 километр миёни мардон Бриан Мкеевер аз Канада бо натиҷаи 4:03.2 ғолиб шуда, ба унвони қаҳрамони Бозиҳо даст ёфт.

Ҳисоби медалҳо

Ҷ

Кишвар

Тилло

Нуқра

Биринҷӣ

Ҳамагӣ

1

ИМА

13

15

8

36

2

Варзишгарони бетараф

8

10

6

24

3

Канада

8

4

16

28

4

Фаронса

7

8

5

20

5

Олмон

7

8

4

19

6

Украина

7

7

8

22

7

Словакия

6

4

1

11

8

Беларус

4

4

4

12

9

Ҷопон

3

4

3

10

10

Нидерланд

3

3

1

7

11

Швейтсария

3

0

0

3

12

Италия

2

2

1

5

13

Британияи Кабир

1

4

2

7

14

Норвегия

1

3

4

8

15

Австралия

1

0

3

4

16

Финляндия

1

0

2

3

16

Кореяи Ҷанубӣ

1

0

2

3

16

Зеландияи Нав

1

0

2

3

19

Хорватия

1

0

1

2

20

Чин

1

0

0

1

20

Қазоқистон

1

0

0

1

22

Австрия

0

2

5

7

23

Испания

0

1

1

2

24

Шведсия

0

1

0

1

25

Белгия

0

0

1

1

25

Полша

0

0

1

1

Бозиҳои XIII зимистонаи паралимпӣ соли 2022 дар Пекин (Чин) барпо мегардад.

XS
SM
MD
LG