Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паҳлавонони тоҷикро ба Ҷоми ҷаҳонии самбо роҳ надоданд


Маҳрум шуданд роҳ надодан
Маҳрум шуданд роҳ надодан

Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) ба далели қарздорӣ ё напардохтани ҳаққулузвият, дархости Тоҷикистонро барои ширкати варзишгарони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии самбо “Ёдбуди Анатолий Харлампиев”, ки рӯзҳои 23-24-уми март дар Маскав баргузор мешавад, напазируфтааст.

Дар як номаи расмии FIAS ба унвони Федератсияи самбои Тоҷикистон зикр шудааст, ки созмони миллӣ се сол боз ҳаққулузвиятро напардохтааст. Бинобар ин, то замони супурдани қарзҳои федератсия, ба варзишгарони Тоҷикистон иҷоза дода намешавад дар ҳамагуна мусобиқоти байналмилалӣ, ки таҳти сарпарастии FIAS доир мегардад, иштирок намоянд.

Мусобиқаи байналмилалии «Ёдбуди Анатолий Харлампиев», ки ҳанӯз аз замони шӯравӣ, аз соли 1980 гузаронида мешавад, аз соли 2009 яке аз даврҳои муҳимтарини Ҷоми ҷаҳон - Суперҷом ё Ҷоми олии ҷаҳонии самбо ба шумор мерафт.

Хайрулло Назриев, раиси Федератсияи самбои Тоҷикистон, бо тасдиқи ин хабар рӯзи 21-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "мо тасмим гирифтем, ки рӯзҳои наздиктарин ҳаққи узвиятро пардохт намоем. Варзишгарони мо ба ҷуз Ҷоми ҷаҳонии самбо “Ёдбуди Анатолий Харлампиев”, дигар дар ҳамаи мусобиқоти муҳими имсола иштирок хоҳанд кард."

Хайрулло Назриев афзуд, ки рӯзи 16-уми март дар як ҷаласаи машваратӣ, ки таҳти раёсати муовини сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим барпо гардид, масъалаи сарпарастии федератсияҳо ва дастаҳои мунтахаб баррасӣ шуд. Оқои Назриев умедворӣ кард, ки дар ниҳоят Федератсияи самбо низ сарпараст пайдо мекунад.

Муҳаммадшариф Сулаймонов, мураббии варзидаи самбо, рӯзи чоршанбе зимни суҳбат бо Радиои Озодӣ аз он изҳори нигаронӣ кард, ки ин дафъа шогирдонаш наметавонанд дар Ҷоми ҷаҳонии самбо дар Маскав иштирок намоянд.

Ӯ афзуд, паҳлавони маъруфи тоҷик Хушқадам Хусравов, ки дар Ҷоми ҷаҳонии самбо «Ёдбуди Анатолий Харлампиев» соли 2015 медали тилло ва боз дар ин мусобиқа се бори дигар (2013, 2014 ва 2016) дар вазни 62 кило медалҳои биринҷӣ гирифтааст, наметавонад ба Маскав равад.

Муҳаммадшариф Сулаймонов, мураббии варзидаи самбо.
Муҳаммадшариф Сулаймонов, мураббии варзидаи самбо.

Ба гуфтаи Муҳаммадшариф Сулаймонов, шогирди дигараш Мубориз Мунавваров низ аз ҳаққи ширкат дар мусобиқаи имсола бенасиб монд ва агар мақомоти Федератсияи самбои Тоҷикистон саривақт ҳаққи узвиятро месупурданд, варзишгарони номдори кишвар метавонистанд дар Ҷоми ҷаҳон иштирок карда, имсол ҳам ба Тоҷикистон медалҳо биёранд.

Мусобиқаи байналмилалии «Ёдбуди Анатолий Харлампиев», ки ҳанӯз аз замони шӯравӣ, аз соли 1980 гузаронида мешавад, аз соли 2009 яке аз даврҳои муҳимтарини Ҷоми ҷаҳон - Суперҷом ё Ҷоми олии ҷаҳонии самбо ба шумор мерафт.

Беҳрӯзи Хоҷазода.
Беҳрӯзи Хоҷазода.

Сар аз соли 2015 ин мусобиқа расман ягона Ҷоми ҷаҳонии самбо маҳсуб мешавад, ки бо иштироки паҳлавонони зӯртарини ҷаҳон барпо мегардад. Дар мусобиқаи имсола, ки дар 9 вазн миёни мардону занон дар риштаи самбои варзишӣ ва дар намуди самбои размӣ байни мардон баргузор мешавад, ширкати беш аз 300 гуштигир аз наздики 30 кишвар дар назар аст.

Бояд гуфт, ки паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳон ба хотираи Анатолий Харлампиев, яке аз поягузорони самбо, ҷоизаҳои зиёд ба даст овардаанд. Се нафари онҳо - Далер Музофиров (соли 2008), Акмалиддин Каримов (соли 2014) ва Хушқадам Хусравов (соли 2015) бо медалҳои тилло мукофотонида шудаанд.

Дарвоқеъ, ба паҳлавони тоҷик Беҳрӯзи Хоҷазода пас аз 42 соли пирӯзии Саидмуъмин Раҳимов дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар вазни зери 100 кило дар Мински Беларус муяссар шуд, ки медали тиллоро ба даст орад. Ӯ моҳи ноябри соли гузашта дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар шаҳри Сочии Русия дар вазни зери 74 кило ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт.

XS
SM
MD
LG