Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба мансабдорон тавсия шуд, ки ба саёҳат раванд


Қалъи Ҳисор.
Қалъи Ҳисор.

Мансабдорони тоҷик тавсия гирифтаанд, ҳангоми рухсатии меҳнатӣ дар дохили Тоҷикистон ба саёҳат раванд ва аз маконҳои таърихӣ дидан кунанд. Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон дар ин замина ба вазорату корхонаҳои кишвар 20 хатсайр пешниҳод кардааст, то кормандон аз рӯи он ҳангоми рухсати ба саёҳат раванд. Ин тасмим дар пасманзари эълони соли рушди сайёҳӣ гирифта шудааст, ки онро Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар эълон кард.

Як корманди милиса, ки рутбаи майор дорад, бидуни зикри номаш гуфт, ки тавсияи вазорат хуб аст, вале на ҳамаи кормандони милиса имкони молӣ барои саёҳат доранд

Абдукарим Қурбонзода, як масъули Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон рӯзи 6-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, "бо мақсади рушди сайёҳии дохилӣ мо дар якҷоягӣ бо ширкатҳои сайёҳӣ аз якчанд мавзеъҳои сайёҳӣ боздид кардем ва бештар аз 20 хатсайри сайёҳӣ таҳия намудем. Ин хатсайрҳо ҳамачун тур-пакет ба вазорату идораҳо ва муассисаву идораҳо фиристода шуданд."

Зимнан, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, аллакай ба кормандони милиса тавсия додаанд, ки дар як сол як бор аз мавзеҳои таърихии дохили Тоҷикистон дидан кунад. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, умедворанд, ки саёҳат ба маконҳои таърихӣ ба мисли тавсияи рафтан ба театр аз ҷониби кормандони милиса иҷро мешавад. Ӯ гуфт, ин як бахши дарсҳои фарҳангӣ ва тарбиявӣ барои кормандони милиса ба ҳисоб меравад.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.
Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.

"Соли гузашта кормандони милиса тавсияи рафтан ба театрро хуб иҷро карданд. Ҳадафи тавсия ба кормандон, ки дар вақтҳои холӣ, рӯзҳои истироҳат ва ё рухсатии меҳнатӣ аз ҷойҳои таърихӣ дидан кунанд, боло бардоштани маънавиёт, огоҳӣ аз таърихи гузашта ва ошно шудан ба соҳаи сайёҳию муносибати хуб бо сайёҳон аст",-гуфт ӯ. Ин масъули Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, аз тарафи дигар ҷалби кормандони милиса ба саёҳат саҳме дар рушди сайёҳии дохилӣ ҳаст.

Як милиса: "Шароит надорам"

Як корманди милиса, ки рутбаи майор дорад, рӯзи 6-уми апрел бидуни зикри номаш гуфт, ки тавсияи вазорат хуб аст, вале на ҳамаи кормандони милиса имкони молӣ барои саёҳат доранд.

“Барои аз Душанбе то Хуҷанд ё Кӯлоб ба саёҳат рафтан ба камаш ҳазор-ду ҳазор сомонӣ лозим аст. Шояд барои кормандоне, ки аз полковник боло рутба доранд ва маошашон андаке болотар аст, имкони рафтан ба саёҳатро дошта бошанд, вале шахсан ман чунин имконият надорам.”

"Туризми зиёратӣ" дар Тоҷикистон

Назрулло Тоирбек, коршиноси соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, дар миёни сокинон “туризми зиёратӣ” аз қабл вуҷуд дошт, вале он дар шакле, ки ҳаст ба давлат манфиати кам меорад. Ӯ гуфт, сокинони кишвар бештар ба зиёрати мазору мақбараи шахсиятҳои олами ислом мераванд, вале дар чунин маконҳо то ҳанӯз шароити дуруст таҳия нашудааст, то ҳам сайёҳ ва ҳам давлат аз он суд бардорад.

Ӯ гуфт: "Дар мо аз ҳама намуди саёҳати дохилӣ ҳамин туризми зиёратӣ маъруф аст. Лекин шароити дуруст барои ҷалби бештар дар назди мақбараву мазорҳое, ки сокинон таваҷҷӯҳи зиёд доранд, нест. Масалан, сокинон ба зиёрати мазори ҳазрати Бурхи Валӣ дар Сангвор таваҷҷӯҳ доранд, вале то он ҷо рафтан роҳҳо дуруст нест ва шароити хуб барои чанд шаб мондан надорад. Агар дар назди чунин мазору мақбараҳо меҳмонхонаҳои арзон, ошхонаҳо сохта шавад, фоида дуҷониба мешавад”.

Майли кам ба сайҳати дохилӣ

Ширкатҳои сайёҳӣ мегӯянд, аз ҳисоби сокинони кишвар барои саёҳат дар дохили кишвар тақрибан ҳеҷ муштарие надоранд. Руслан Ҳамроҳқулов, раҳбари як ширкати сайёҳӣ дар Тоҷикистон рӯзи 6-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, сокинон ба ширкати онҳо танҳо барои маълумот гирифтан тамос мегиранд, вале зоҳиран шароити молӣ имкон намедиҳад тариқи ширкатҳо саёҳат кунанд.

“Ҳозир аз солҳои пеш дида сокинон ба саёҳат таваҷҷӯҳи зиёдтар пайдо кардаанд. Ба ширкати мо занг мезананд, ки барои Искандаркул рафтан чанд пул лозим аст. Мо мефаҳмем, ки онҳо маълумот гирифтан мехоҳанд. Вақте маълумот мегиранд ва мефаҳманд, ки чӣ қадар тақрибан сарф мешавад, худашон бе кӯмаки раҳбаладон мераванд”-гуфт ӯ.

Сарозер шудани сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон

Соли 2018 дар Тоҷикистон соли сайёҳӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ унвон шудааст. Вазорату идораҳо вазифадор шудаанд, ки барои рушди сайёҳӣ саҳм гузоранд. Арзёбиҳои созмонҳои байналмилалӣ ва дохилӣ нишон медиҳад, ки таваҷҷӯҳи сайёҳон барои саёҳат ба Тоҷикистон дар солҳои ахир афзоииш меёбад. Бо дарназардошти ин, соли гузашта кумитаи вижа барои назорат ин соҳа таъсис ёфт.

"Соли сайёҳӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ" дар ҳоле эълон шуд, ки Амрико Тоҷикистонро ба феҳрасти кишварҳои амн барои сайёҳӣ шомил кардааст. Департаменти давлатии Амрико Тоҷикистонро ба қатори кишварҳои раддаи аввал шомил кард, ки дар он амнияти шаҳрвандонаш таъмин шудаанд. Кумитаи рушди сайёҳӣ мегӯяд , соли гузашта шаҳрвандони 146 кишвар аз Тоҷикистон дидан карданд. Дар маҷмӯъ шумораи сайёҳон дар соли 2017 ба беш аз 430 ҳазор нафар расидааст.

XS
SM
MD
LG