Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мехоҳам ҳама баробар бошанд: чи мансабдор, чи сокини оддӣ” ВИДЕО


Яке аз назардиҳандаҳо дар хиёбони марказии пойтахт

Бархе аз сокинони шаҳри Душанбе дар суҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ояндаи Тоҷикистонро чӣ гуна дидан мехоҳанд. Онҳо, дар маҷмуъ, орзу доранд, ки дар кишвар ҷойҳои корӣ ташкил шуда, муҳоҷирон ба назди хонаводаҳои худ баргарданд ва фасоди молӣ аз байн бурда шавад.

  • Теъдоди корхонаҳо дар кишвар зиёд шавад ва ҷавонон бо машғулияти доимӣ таъмин шаванд. Мардум ба муҳоҷирати меҳнатӣ нараванд. Ояндаи Тоҷикистонро чунин дидан мехоҳам;
  • Муҳоҷирон дар кишварҳои дигар кор накунанд. Ба ватани худ баргарданд. Дар инҷо кор кунанд ва ватанро ободу зебо намоянд;
  • Албатта, озодӣ ҳам асту маҳкумият низ ҳаст. Аммо мехоҳам, ки ҳамаи одамон озод бошанд;
  • Ҳар як духтар худро озод ҳис кунад. Бачаҳо ба сару либоси мо дахолат накунанд. Гапи "безеб" нагӯянд. Ҳар кас худро озод эҳсос кунад;
  • Орзу дорам, ки дар оянда Тоҷикистон аз фасоди молӣ пок мешавад.
  • Баробарҳуқуқӣ шавад. Камбағал аз мансабдор фарқ накунад. Мехоҳам, ҳам мансабдор ва ҳам мардуми одӣ дар назди қонун як хел ҷавобгӯ бошанд. Агар чунин шавад, Тоҷикистон бештар тараққӣ хоҳад кард;
  • Мехоҳам, дар Тоҷикистон донишгоҳҳо зиёд шавад;
  • Баъзе тоҷикон дар берун аз кишвар кор мекунанд, то хонаводаҳои худро дар ватан бихӯронанд. Ин бисёр ғамангез аст. Орзу дорам, ба зудӣ ин вазъ иваз шавад. Бародарону наздикони мо ба ватан омада, дар биноҳои навбунёд зиндагӣ кунанд.

Навори видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

"Мехоҳам ҳама баробар бошанд, чӣ мансабдор, чи сокини оддӣ”
лутфан мунтазир бошед

No media source currently available

0:00 0:01:45 0:00

Шумо Тоҷикистонро чӣ гуна дидан мехоҳед? Назару пешниҳодҳои худро дар зери ин матлаб нависед.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG