Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Серж Саргсян нахуствазири Арманистон интихоб шуд


Арманистон. Тазоҳургарон яке аз кӯчаҳои Ереванро масдуд карданд
Арманистон. Тазоҳургарон яке аз кӯчаҳои Ереванро масдуд карданд

Сарфи назар аз эътирозҳои хиёбонӣ ва даъвати "инқилоби махмалин" дар Ереван, қонунгузорони Арманистон президенти пешин Серж Сагсянро нахуствазир интихоб карданд. Мухолифин мегӯянд, ки "инқилоб" барои нигаҳдории демократия дар кишвар зарур аст. Бозгашти Саргсян ба қудрат ҳашт рӯз баъди хотима ёфтани муҳлати президенташ сурат гирифт.

Серж Саргсян дар пасманзари тазоҳурот ва боздошти эътирозгарон нахуствазир шуд. Рӯзи 17 апрел пулис дастикам 30 иштирокдори намоишҳои эътирозиро боздошт кард.

Ташкилкунандаи эътироз - раҳбари ҳизби "Созиши шаҳрванӣ" Никол Пашинян аз оғози "нофармонии комил" хабар дод ва талаби катбии раҳбари пулис барои хатми тазоҳуротро пора кард.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Боздошти даҳҳо эътирозгар дар Арманистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:24 0:00

​Иштирокдорони намоишҳои эътирозӣ Саргсянро ба тасарруфи қудрат дар кишвар муттаҳам мекунанд. Саргсян соли аз 2007 то 2008 нахуствазир ва аз соли 2008 то 2018 президенти Арманистон буд. Баъди ислоҳи Қонуни асосӣ Арманистон ба сохти идораи порлумонӣ мегузарад. Идораи давлат акнун бо нахуствазир хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG