Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин мусовии “Истиқлол” пас аз чаҳор пирӯзӣ


“Истиқлол”-и Душанбе, ки баъди чаҳор ғалабаи паиҳам дар мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ дар даври шашум бозиро дар меҳмонӣ муқобили тими «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳисоби 0:0 анҷом дод, аз ду имтиёз маҳрум шуд.

Боз ду бозии даври шашум рӯзи якшанбеи 22-юми апрел доир гардид. ССКА «Помир»-и Душанбе дар бозии хонагиаш аз тими «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби бузурги 0:3 шикаст хӯрд. Голҳои Доробҷон Эргашев, Хайрулло Азизов ва Амирҷон Сафаров ба «Регар-ТадАЗ» се имтиёз оварданд.

«Хатлон»-и Бохтар бар дастаи меҳмон - «Барқчӣ»-и Ҳисор – бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Голи ягонаро Наврӯз Рустамов дар дақиқаи 64-уми бозӣ аз ҷаримаи 11-метрӣ ба ҳадаф расонд. Зимнан, ин голи чаҳоруми ӯ дар мусобиқаи имсола ба шумор меравад ва Рустамов дар рӯйхати нишонзанҳои беҳтарин дар мақоми аввал аст.

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон “Истиқлол” бо 13 имтиёз дар ҷойи аввал, “Хуҷанд” бо 10 имтиёз дар ҷойи дувум ва ССКА “Помир” бо 9 имтиёз дар ҷойи севум қарор доранд.

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон. Лигаи олӣ.

Даври 6-ум

«Панҷшер» – «Истиқлол» – 0:0

Сардовар: Абурашид Муродов (Турсунзода).

18 апрел. Балхӣ. Варзишгоҳи ба номи Уктам Маматов. 4000 тамошобин.

ССКА «Помир» – «Регар-ТадАЗ» – 0:3

Голҳо: Доробҷон Эргашев, 32 (0:1). Хайрулло Азизов, 66 (0:2). Амирҷон Сафаров, 80 (0:3).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

22 апрел. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 400 тамошобин.

«Хатлон» – «Барқчӣ» – 1:0

Гол: Наврӯз Рустамов, 64 – аз пеналтӣ.

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

22 апрел. Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ. 800 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

5

4

1

0

8-2

13

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

5

3

1

1

8-6

10

3

ССКА «Помир» (Душанбе)

6

2

3

1

7-8

9

4

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

6

2

2

2

9-6

8

5

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

5

1

3

1

4-5

6

6

«Хатлон» (Бохтар)

6

2

1

3

6-8

7

7

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

6

1

2

3

5-7

5

8

«Барқчӣ» (Ҳисор)

5

0

1

4

0-5

1

Нишонзанҳо: Наврӯз Рустамов («Хатлон») – 4 тӯб, Шериддин Бобоев («Истиқлол») – 3 тӯб.

XS
SM
MD
LG