Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пурсиш аз мардум: Гӯши насиҳатшунав дорем? ВИДЕО


Яке аз назардиҳандаҳо дар хиёбони марказии шаҳри Душанбе
Яке аз назардиҳандаҳо дар хиёбони марказии шаҳри Душанбе

Ин дафъа хабарнигорони Радиои Озодӣ аз баъзе роҳгузарони Душанбе пурсиданд, ки ба назари онҳо ҷавонони тоҷик то куҷо ба насиҳату машварати калонсолон гӯш медиҳанд. Посухҳо чунин буд:

  • Ҷавонҳои мо, дар ҳақиқат, ба насиҳати аз худ калон гӯш медиҳанд. Шояд қисми ками онҳо ба шунидани насиҳат хуш надошта бошанд, аммо аксарият маслиҳати бузургсолонро меписанданд
  • То ҷое, ки маъқул ҳаст, қабул мекунанд. Ман муаллима ҳастам ва шогирдонро гап мезанам, насиҳат мекунам. Баъзеяш гӯш мекунанд. Бахусус, онҳое, ки дар хонавода тарбияи хуб гирифтаанд
  • Ҷавонҳои ҳозира худашон доно, гапро гӯш намекунанд. Агар тарбияи волидон набошад, бисёр вазинн аст
  • Агар ба насиҳати дигарон гӯш кунӣ, бояд зиндагии дигаронро дар худ таҷруба кунӣ. Ба фикри ман, беҳтар аст, ба ақидаи дигарон гӯш диҳиву кори донистаи худро кунӣ
  • Бештар ба гапи дӯстони худ гӯш мекунанд. Ба гапи калонҳо аҳамият намедиҳанд. Банди бозиву телефон ҳастанд
  • На ҳама вақт гӯш мекунанд. Баъзан шогирдонро насиҳат мекунам. Бархеяш гӯш мекунад, бархеи дигар аслан аҳамият намедиҳад. Намедонам, сабабаш чист
  • На ҳамааш гӯш мекунад. Ба назарам, то шаст дарсади ҷавонҳо насиҳатро мепазиранд.

Навори видеоиро дар инҷо бибинед:

Ҷавонҳои тоҷик ба насиҳати аз худ калон гӯш медиҳанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:48 0:00

Шумо дар ин бора чӣ назар доред? Андешаи худро дар зери матлаб бинависед.

XS
SM
MD
LG