Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати мақоми СММ ба эҷоди ҷомеаи боз дар Тоҷикистон


Эндрю Гилмор

Эндрю Гилмор, ёвари дабири кулли Созмони Милал оид ба ҳуқуқи башар, гуфт, ҳукуматҳо дар зиндагии шаҳрвандони худ нақши муҳим мебозанд, "аммо хирад набояд танҳо монополияи ҳукумат бошад". Зимни суханронӣ дар поёни сафари дурӯзааш ба Тоҷикистон Гилмор аз мақомоти кишвар хост, барои боз шудани фазои ҷомеаи маданӣ шароит фароҳам оваранд.

Ӯ ин андешаро рад кард, ки гӯё ормони ҳимоят аз ҳуқуқи инсон танҳо як арзиши “ғарбӣ” аст.

Гилмор рӯзҳои 14-15-уми май дар Душанбе бо намояндагони мақомоти баландпояи Тоҷикистон, аз ҷумла, муовини вазири умури хориҷӣ, муовини вазири адлия ва муовини додситони кулл гуфтугӯ ва вазъи ҳуқуқи башарро баррасӣ кард. Мулоқоти ӯ бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳам донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бе даъвати матбуот сурат гирифт.

"Бе ҷомеаи фаъоли маданӣ намешавад"

Дар изҳороти рӯзи 16-уми май пас бозгашт ба Ню-Йорк Эндрю Гилмор таъкид кард, ҳомиёни ҳуқуқ, журналистон, вакилони дифоъ ва дигар нафарон бояд имкон дошта бошанд, ки "вазифаҳои касбии худро бидуни тарс додан, санҷишҳои нолозим ва тарси таъқиби додгоҳӣ" анҷом бидиҳанд. Гилмор, инчунин, аз мақомоти Тоҷикистон тақозо кард, ки кори ҳуқуқшиносони мустақил ба хотири тавсеаи дастрасӣ ба адолат тақвият дода шавад.

Мулоқоти Гилмор бо намояндагони Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон
Мулоқоти Гилмор бо намояндагони Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон

Ӯ гуфт, "тавре дар бисёр кишварҳои дигар дида мешавад, бидуни ҷомеаи фаъоли маданӣ ва вуҷуди озодиҳои бунёдӣ амнияту рушд пойдор буда наметавонад". Дар шароите ки ҳамоно гузоришҳо аз вуҷуди шиканҷа ба даст мерасад, Гилмор аз пешравӣ дар қонунгузории Тоҷикистон дар ин замина истиқбол кард. Ӯ гуфт, Дафтари ҳуқуқи инсони СММ дар Осиёи Марказӣ метавонад барои эҷоди механизми ҷилавгирикунанда аз ин таҷрибаи, ба қавли ӯ, "ғайриқонунӣ, ғайриахлоқӣ ва беасар" мусоидат кунад.

"Фишору ҳамла хашмро меафзояд"

Дар миёни масоили мушаххаси мавриди таваҷҷӯҳи Эндрю Гилмор, табъизи занону ҷавонон, маъюбон, инчунин, аъзои ҷомеаи ақаллиятҳои ҷинсӣ номбар шудаанд. Ёвари ноиби дабири куллли СММ ба таври вижа аз сабтиноми маҷбурии аъзои ҷомеаи ақаллиятҳои ҷинсӣ изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, "ин ҳолат метавонад боиси озори бештари ин гурӯҳ шавад."

Тавре дар бисёр кишварҳои дигар дида мешавад, бидуни ҷомеаи фаъоли маданӣ ва вуҷуди озодиҳои бунёдӣ амнияту рушд пойдор буда наметавонад"

Дар ҷараёни мулоқот бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дар Душанбе субҳи 15-уми май Гилмор ин андешаро комилан рад кард, ки эҳтиром ба ҳуқуқи инсон наметавонад ҳамзамон бо таъмини амният риоя шавад. Баръакс, ӯ бо ёдоварӣ аз мисолҳои мухталиф дар саросари ҷаҳон гуфт, "фишору ҳамла ба намояндагони ҷомеаҳо боис ба эҷоди хашм, ифротгароӣ, хушунат ва бесуботӣ мешавад".

"Ҳимоят аз ҳуқуқи инсон танҳо арзиши "ғарбӣ" нест"

Ӯ, инчунин, ин андешаро рад кард, ки гӯё ормони ҳимоят аз ҳуқуқи инсон танҳо як арзиши “ғарбӣ” аст. Ин нуктаро ӯ дар ҷараёни ҷаласае бо донишҷӯёни тоҷик баён кард, ки зимнан, ба 70-солагии қабули Эъломияи ҳуқуқи башар бахшида шудааст. Гилмор хитоб ба ҷавонон гуфт, ҳамаи 30 моддаи ин эъломия ҷавобгӯи хосту ормонҳои онҳо мебошад.

“Имсол 70-солагии қабули ин санад таҷлил мешавад ва ман аз Шумо даъват мекунам, ки барои ҳимояти ҳуқуқи худ ва ҳуқуқи дигарон баланд шавед”.

Дар як сӯҳбаташ бо Радиои Озодӣ аз Ню-Йорк сухангӯи дафтари СММ дар умури ҳуқуқи башар Фред Кирунгӣ гуфт, ҳадафи аслии Гилмор аз сафар ба Тоҷикистон ошноӣ бо вазъи ҳуқуқи башар ва матраҳ кардани масоили мавриди нигаронӣ дар ин бахш аст. Фред Кирунгӣ гуфт, "дар баробари баррасии масоили марбут ба озодии баён, ҳаққи озоди ташкили таҷаммӯъ, фаъолияти бе маҳдудияти расонаҳои интернетӣ, Гилмор ҳамчунин аз мақомоти тоҷик даъват хоҳад кард, ки дар амри мубориза бо терроризм мурооти ҳуқуқи башарро фаромӯш накунанд".

Посухи ҳукумати Тоҷикистон

Сафари масъули ҳуқуқи башари СММ ба Душанбе дар марҳилае сурат мегирад, ки вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон дар арзёбиҳои солҳои охири СММ ва созмонҳои байналмилалии дигар интиқод мешавад. Масоили мавриди интиқоди ташкилоти мисли Human Rights Watch, Amnesty International ва дигарҳо – шиканҷаву бадрафторӣ нисбат ба боздоштшудаҳо, масъалаи зиндониҳои сиёсӣ ва набуди дастрасӣ ба додгоҳҳои шаффофу одилона мебошанд.

Ҳукумати Тоҷикистон пайваста гуфтааст, ки ҳуқуқи башарро риоя мекунад ва дар зиндонҳои кишвар ҳеҷ маҳбуси сиёсӣ нигаҳдорӣ намешавад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG